Дар ҳама давру замон зиёиён ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, ҳомии фарҳангу забон, нигаҳбони арзишҳои миллӣ ва намояндаи андешаи солим шинохта шудаанд. Дар шароити муосир, ки ҷомеа бо даҳҳо мушкилоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ рӯ ба рӯст, нақши зиёӣ беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти хос касб намудааст. Аммо зиёӣ кист?
Оғоз
Мафҳуми «зиёӣ» (интеллигент) дар фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва илми сиёсат аз равзанаҳои мухталиф баҳогузорӣ мешавад. Ин мафҳум, ки реша дар забони лотинӣ дорад, аз замони навин ба ин сӯ ҳамчун рамзи ақлу маърифат, масъулияти иҷтимоӣ ва ҳувияти миллӣ пазируфта шудааст. Дар фазои пасошуравии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, зиёӣ шахсест, ки на танҳо соҳиби дониш аст, балки масъули ташаккули фикр, ташвиқу тарғиби забон, эҳёи фарҳанг, таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.
Бо пешрафти технология, густариш ёфтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ, дар назди зиёиён вазифаҳои нав қарор гирифтанд. Акнун зиёӣ на танҳо шахсияти фарҳангӣ, балки фаъоли ҷомеа, муаррифи ахлоқӣ ва дидгоҳҳои миллӣ аст. Дар ин мақола мо кӯшиш мекунем, ки ба саволи «Зиёӣ кист?» посух диҳем ва рисолати зиёиро дар заминаҳои асосии фаъолияти ӯ, яъне, зиёӣ-забоншинос, зиёӣ-адабиётшинос, зиёӣ-шоир ва нависанда, зиёӣ-рӯзноманигор, зиёӣ-олим, зиёӣ-омӯзгор, зиёӣ – ҳомии ақл ва зидди ҷаҳолат шарҳ диҳем.
Зиёӣ-забоншинос
Забон на танҳо василаи иртибот, балки пояи асосии ҳастии миллат ва худшиносии миллист. Ҳифз, инкишоф ва татбиқи илмии забони миллӣ рисолати аввалиндараҷаи зиёиёни забоншинос мебошад. Зиёӣ-забоншинос шахсест, ки бо дониши забонӣ, тафаккури миллӣ ва масъулияти иҷтимоӣ барои таҳкими ҷойгоҳи забони тоҷикӣ талош меварзад.
Дар Тоҷикистон нақши чунин шахсиятҳо, чун академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шарофиддин Рустамов, Мукаррама Қосимова, Додоҷон Тоҷиев, Толиб Хаскашев, Баҳриддин Камолиддинов ва дигарон дар рушди грамматика, фарҳангҳои забонӣ, таҳқиқи маншаи вожаҳо, таҳияи луғатномаҳои соҳаҳои гуногун барҷаста мебошад. Онҳо забони тоҷикиро ба зинаи илмӣ бардошта, дар татбиқи он дар маориф, қонунгузорӣ ва расонаҳо саҳми сазовор гузоштаанд.
Зиёии забоншинос на танҳо таҳқиқ анҷом медиҳад, балки забонро зинда нигоҳ медорад, онро ба наслҳо меомӯзонад ва муқобили таҳриф ё заъфи забонӣ мубориза мебарад. Вай ҳамчун посдори забони модарӣ бар зидди нофаҳмиву таҳқирҳо, сели калимаҳои бегона ва бесаводӣ истодагарӣ мекунад.
Имрӯз ба назар мерасад, ки бо рушди интернет ва ба миён омадани шабакаҳои иҷтимоӣ (бахусус, фейсбук, ки аксар ҳолат барои мардум майдони баҳс ин платформа аст), барои бархе забони меъёр ҳамон забони интернет-фейсбук аст. Агар баҳс атрофи ин ё он вожа равад, ҳатман ба фейсбук сар мехалонанд. Ҳатто забони бархе аз нашрияҳо низ ба «забони кӯча» табдил шуда истодааст. Пас пеши роҳи ин ва дигар омилҳое, ки боиси аз байн рафтани забони ноби тоҷикӣ мегардад, ҳарчи зудтар бояд гирифта шавад. Ва ин рисолати виҷдонии зиёиён аст.
Зиёӣ-адабиётшинос
Адабиёт инъикосгари ахлоқ, фарҳанг ва таърихи миллат аст. Воқеан, ҳар миллате, ки адабиёти худро амиқу ҳаматарафа намедонад ва арзёбӣ намекунад, аз шинохти худ маҳрум мемонад. Дар ин миён зиёӣ-адабиётшинос касест, ки на танҳо осори гузаштагонро меомӯзад, балки ин осорро ба ҷомеаи муосир таҳлилу муаррифӣ мекунад.
Мероси бузурги шоирону нависандагони тоҷик, аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Айниву Лоиқ ганҷинаи маънавии миллатанд. Ин мероси пурғановат на танҳо ба тоҷикон, балки ба башарият мансубанд, аммо бе таҳқиқи амиқ, бе муаррифӣ ва бидуни шарҳу тафсир ин ганҷи маънавӣ дар гӯшаи таърих пинҳон мемонанд. Замоне зиёиён-адабиётшиносон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Аълохон Афсаҳзод, Воҳид Асрорӣ, Худоӣ Шарифзода ва дигарон ин рисолатро бар дӯш гирифта буданд. Онҳо сабку услуб, мазмун ва таъсири иҷтимоии осори классикон ва нависандагони муосирро омӯхта, дар китобҳо, мақолаҳо, барномаҳои таълимӣ ва маърӯзаҳои худ муаррифӣ кардаанд. Зиёӣ-адабиётшинос муҳаррики пайванди наслҳост. Ӯ пули маънавӣ миёни гузашта ва имрӯз маҳсуб меёбад.
Имрӯз чӣ? Зиёӣ-адабиётшинос бояд муаррифгар ва посдори осори гаронбаҳои шоиру нависандагони классик ва муосири тоҷику форс бошад. Ҳамзамон, барои шинохт ва муаррифии насли нави ин гурӯҳи зиёиён бояд Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваста дар шаҳру навоҳии кишвар силсилавохӯриҳоро роҳандозӣ намояд. Агар ин омил, аз як ҷиҳат, барои зиёиёни эҷодкор дар дарёфти мавзуъҳои нав мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, барои тарбияи ҷомеа ва ҳатто пур кардани фазои холии мардуми деҳот мусоидат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, мардум зиёиёни кишварро мешиносанд. Ёдам меояд, замоне бо ибтикори Вазорати маориф ва илм дар шаҳру навоҳии кишвар вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорон баргузор шуда буд. Чун банда дар ин вохӯриҳо дар вилояти Суғд масъул будам, бевосита шоҳиди он шудам, ки суҳбатҳои рӯ ба рӯ чӣ таъсире дошт: ҳам ба муаллифон ва ҳам ба омӯзгорон. Омӯзгорон муаллифонро аз наздик медиданд ва муаллифон бевосита мешуниданд, ки омӯзгори имрӯз аз китоби ӯ чӣ чизе гирифтан мехоҳад. Ва натиҷа ин шуд, ки танҳо аз як вилоят барои беҳтар кардани мазмуну муҳтавои китоби дарсӣ беш аз 80 саҳифа таклифу пешниҳод дастраси муаллифони китобҳои дарсӣ гардида буд.
Зиёӣ-шоир ва нависанда
Эҷоди адабӣ василаи тавонои таъсиррасонӣ ба шуури омма аст. Зиёӣ-шоир ва нависанда касест, ки аз воситаи адабӣ барои бедор кардани андеша, тарбияи ахлоқ ва баланд бардоштани худшиносии аҳли ҷомеа, хусусан, насли наврас ва ҷавонон истифода мебарад. Эҷодиёти ӯ танҳо зебоии сухан нест. Он фарёди дилсӯзона барои ташаккулу такомули маънавият, даъвати инсондӯстӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ мебошад.
Мисоли равшани зиёиёни эҷодкор устодон Садриддин Айнӣ, ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ӯрун Кӯҳзод, Саттор Турсун, Сорбон, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Сайф Раҳим Афардӣ, Абдулҳамид Самад, Гулназар Келдӣ, Фарзона ва дигаронанд. Осори ин бузургон аз муҳтавои баланди иҷтимоӣ бархӯрдор буда, дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии наслҳои тоҷик нақши муассир доранд.
Шоирон шеър менависанд, вале зиёии шоир шеъреро менависад, ки ба бедорию худогоҳии шуури миллӣ таъсир гузорад. Нависандагон асари насрӣ менависанд, вале зиёии нависанда асаре менависад, ки тарбияву ахлоқи аҳли ҷомеаро тавъам бо руҳияи миллӣ ва инсонпарварӣ ба анҷом расонад. Ӯ қаҳрамон меофарад, вале қаҳрамони ӯ миллатро ба сӯйи нуру равшанӣ ва ормонҳои миллӣ мебарад.
Тайи чанд соли охир осори шоиру нависандагон Айнию Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонию Абдусалом Деҳотӣ ва Мирсаид Миршакар вирди забони хурду бузург буд. Хусусан, шеърҳои Мирсаид Миршакар:
Ман калон мешавам,
Қаҳрамон мешавам,
Бар диёри худам,
Посбон мешавам
аз хурдӣ дар шуури кӯдак эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ, пос доштани ҳар зарра хоки Ватан, дар умум, патриотизму ватандӯстиро бедор мекард. Ё шеъри:
… Ана мебинед, ҷорӯб дар дастам.
Бо ин ҷорӯбам, хона мерӯбам.
ба наврасдухтари тоҷик ғайрату шуҷоат мебахшид ва ӯро ба меҳнатдӯстӣ тарғиб мекард. Имрӯз чӣ? Яъне, имрӯз ҳам бояд зиёӣ-шоир ва нависанда офарандаи асарҳое бошад, ки шеъраш шиоргунаю созандаю ибратомӯз ва насраш тарбиятгари инсон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва дӯст доштани арзишҳои миллӣ бошад.
Зиёӣ-рӯзноманигор
Дар асри иттилоот, ки ҳамарӯза иттилооти фаровону бешумор паҳн мешавад, садои ҳақиқатро аз сели дурӯғ ҷудо кардан душвор аст. Дар чунин вазъ нақши зиёии рӯзноманигор, ки бо таҳқиқ, бо далел, бо ахлоқи шоиста ва виҷдони рӯзноманигорӣ сухан мегӯяд, муҳимму муассир ва калидӣ мебошад.
Зиёӣ-рӯзноманигор муаллифи осори публитсистиест, ки бо таълифоти худ ҷомеаро огоҳ мекунад, бо таҳлили амиқу фарогир роҳ нишон медиҳад ва бо мавқеаш ақлҳоро равшан месозад. Мақолаҳои ӯ дар матбуот, барномаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун манбаи эътимод ва таконбахш бар афкори ҷомеа шинохта мешаванд.
Ҳолатҳои хоси фаъолияти зиёии рӯзноманигорро метавон дар кору фаъолиятҳои чунин ашхос, чун Шариф Ҳамдампур, Абдулқодири Раҳим, Неъматулло Мирсаидов, Умед Бобохонов, Бахтиёр ҳамдамов, Суҳроби Зиё ва дигарон дид. Онҳо дар матбуот дар хусуси масоили муҳимми ҷомеа, аз худшиносии миллӣ то таҳлили равандҳои сиёсиву иқтисодӣ мавқеи равшан ва созанда доранд.
Зиёӣ-рӯзноманигор бояд ҳақиқатшиносу адолатҷӯ ва сипари маънавӣ дар муборизаҳои иттилоотӣ бошад.
Зиёӣ-олим
Илм бе зиёӣ як абзори холист, вале зиёии олим ба илм маъно мебахшад. Зиёии олим на танҳо донишманд аст, балки донишашро ба суду манфиати ҷомеа истифода мекунад. Вай ба саволҳову мушкилоти ҷомеа на танҳо бо мантиқ, балки бо эҳсоси масъулият ҷавоб медиҳад.
Аз зумраи зиёиёни олим метавон профессорон ва академикони маъруферо ном бурд, ки дар илмҳои физика, забоншиносӣ, таърих, сиёсатшиносӣ, кибернетика ва ғайра тадқиқот анҷом медиҳанд. Дар шароити Тоҷикистон, олимони зиёӣ дар самти таҳқиқи масъалаҳои худшиносӣ, таърихи миллат, рушди илми муосир ва мутобиқу ҳамоҳанг намудани дастовардҳои илмӣ бо эҳтиёҷоти ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд, ки мисоли равшани ин аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Зиёии олим дар ҷараёни сиёсати илмӣ, таҳияи стратегияҳои рушди миллӣ ва барномаҳои таълимӣ иштирок мекунад. Ӯ афкори оммаро бо далелҳои равшан ба вуҷуд меорад ва муқобили хурофоту ҷаҳолат садо баланд мекунад.
Зиёӣ-омӯзгор
Аз ҳама муҳим, зиёӣ бояд омӯзгор бошад, ҳатто агар пешаи ӯ омӯзгорӣ ҳам набошад, зеро зиёӣ шахсест, ки медонад ва дарк мекунад, ки бояд дониши худро ба дигарон биомӯзонад. Вай таҷриба, маънавият, ҳикмат ва донишро ба наслҳо интиқол медиҳад.
Муаллимони зиёӣ дар тамоми соҳаҳо фаъолият мекунанд: аз синфҳои ибтидоӣ то донишгоҳҳо. Онҳо тарбиятгари афкор ва ахлоқ ҳастанд. Ҳар хонандае, ки аз чунин муаллим тарбия мегирад, ҳамчун як фарди худшинос, ватандӯст ва донишманд ба воя мерасад. Воқеан ҳам, замоне зиёии асил маҳз омӯзгорон буданд: маслиҳатгар, роҳнишондеҳ, гули сари сабад дар маъракаҳо, мушкилкушои тамоми афроди дармонда.
Шахсиятҳои таърихӣ, чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Қандил Ҷӯраев, Воҳид Асрорӣ, Ҳабибулло Искандаров ва омӯзгорони муосири кишвар намунаи равшани зиёии омӯзгор ҳастанд. Онҳо муҳити таълимро ба муҳити фарҳанг табдил додаанд. Бо ин ҳама таваҷҷуҳу талошҳое, ки Пешвои миллат нисбат ба омӯзгор доранд, дур нест, ки замони наздик боз омӯзгор мақому мартабаи худро дар ҷомеа дармеёбад ва садри мафилу маъракаҳо мегардад.
Зиёӣ – ҳомии ақл ва зидди ҷаҳолат
Яке аз ҷанбаҳои муҳим ва таърихии рисолат ва фаъолияти зиёӣ, мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат аст. Дар шароите, ки ҷомеа то андозае аз кашфиёту ақоиди илмӣ дур монда, ба афкори асримиёнагӣ ва ҷаҳонбинии хурофотӣ гирифтор аст, зиёӣ бояд бо тамоми неруи маърифатӣ ва донишу фаҳмиши интеллектуалии худ ба муқобили он бархезад. Мубориза бо хурофот танҳо амали интиқодӣ нест. Ин як ҳаракати фарҳангӣ ва маърифатист, ки рисолати зиёиро мукаммал месозад.
Хурофот ҳамчун монеаи рушди фикрӣ, илмӣ ва ахлоқии ҷомеа мафҳуме нест, ки танҳо бо гуфта ё навишта рафъ шавад. Танҳо тавассути ташаккули тафаккури интиқодӣ, тавзеҳи илмии масъалаҳо ва тарбияи инсон дар руҳияи дарки воқеияти замон ва равандҳои ҷаҳонӣ он решакан карда хоҳад шуд. Ин корро танҳо зиёӣ анҷом дода метавонад.
Дар таърихи адабиёт ва маорифи тоҷик ин ҷанбаи муборизаро дар осори Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Акбар Турсон ва дигар зиёиёни муосир дидан мумкин аст. Онҳо бо назму наср, бо мақола ва баромадҳои худ инсонро ба шинохти ҳақиқати комил ва даст кашидан аз хурофоти динӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ даъват кардаанд.
Зиёии муосир низ бояд бо истифода аз платформаҳои гуногун, аз китобу мақола то шабакаҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ақлонӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва андешаи озодро тарғиб кунад. Вай бояд паёми асосии худ – «Маърифат – муқобили ҷаҳолат!»-ро бо далел, фаҳмо ва бо калому шеваи арҷгузорӣ ба инсон интиқол диҳад.
Зиёие, ки ба муқобили хурофот намебарояд, зиёии воқеӣ нест, чун вазифаи ӯ равшан кардани зеҳнҳост.
Анҷом
Ба саволи «Зиёӣ кист?» чунин посух метавон гуфт: зиёӣ шахсест, ки бо илму ирфон, бо ахлоқ ва мафкура, бо амалу эътиқод зиндагӣ мекунад ва бо фикру қалам, бо хидмат ва виҷдон ба миллат хидмат мекунад. Зиёӣ на ном аст, на унвон. Зиёӣ рисолат аст. Рисолати маърифат, ҳифзи забон, бедорсозии миллат, навсозии фарҳанг ва рушд бахшидани ҷомеа.
Дар асри XXI, ки инсоният бо буҳронҳои маънавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва бесуботии арзишҳо рӯ ба рӯст, зиёӣ ҳамчун сутуни устувори миллат бояд бо масъулияту ирода, бо андешаву қалам ва бо садоқат ба миллат пешсаф бошад. Ҷомеае, ки зиёии асил дорад, бомаърифату пешрафта аст ва миллате, ки зиёиаш соҳибтафаккур аст, он миллат пойдору устувор мемонад.
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология