Таҷриба дар физика: аз назария то амал

Физика илмест, ки ҷаҳони моро ифода мекунад – аз ҳаракати осонтарини як тӯб то неруи азими кайҳонӣ. Аммо фаҳмидани он танҳо аз китоб ва назария кофӣ нест. Таҷрибаҳо физикаро зинда мекунанд. Онҳо ба хонандагон имконият медиҳанд, ки бо чашмони худ равандҳои табииро бинанд, бо дасти худ асбобҳоро истифода баранд ва боақлона хулоса бароранд. Ҳар як таҷриба мисли як саёҳат ба дунёи кашфиёт аст, ки шавқу ҳавасро бедор мекунад, фикрронӣ ва таҳлилро рушд медиҳад.

Гузаронидани таҷрибаҳо на танҳо дониши назариявиро мустаҳкам мекунад, балки малакаҳои амалиро низ инкишоф медиҳад: чен кардан, муқоиса кардан, сабт ва таҳлили натиҷаҳо. Онҳо, ҳамчунин, кори даставӣ, масъулият ва маҳорати ҳалли масъалаҳоро ташвиқ мекунанд.

Таҷрибаи 1. Зичии моеъ

Бо як таҷрибаи одӣ мо нишон медиҳем, ки зичии моддаҳо чӣ гуна ба рафтори онҳо таъсир мекунад. Се моеи маъмул – об, равған ва асал ба мо имкон медиҳанд, ки ин падидаро бо чашми худ бубинем.

Маводи даркорӣ: Як зарфи шаффоф (истакон ё банка), об, равғани растанӣ, асал, 3 қатра ранг (ихтиёрӣ) барои ҳар моеъ, қошуқ.

Аввал обро ба зарф мерезем ва як қатра ранг илова мекунем (масалан, кабуд), то шинохтанаш осон шавад. Баъд равғани растаниро бо эҳтиёт ба болои об мерезем. Агар хоҳед, метавонед онро низ ранг кунед (масалан, ранги зард). Ниҳоят, асалро бо эҳтиёт болои равған мерезем.

Натиҷа:

Шумо хоҳед дид, ки моеъҳо ба се қабат ҷудо мешаванд: Поён – асал (зичии зиёд), миёна – об (зичии миёна), боло – равған (зичии кам).

Онҳо бо ҳам омехта намешаванд ва ҳар кадом дар ҷойи худ мемонанд.

Чаро ин тавр мешавад?

Ҳар модда зичии муайян дорад:

Асал – зичии тақрибан 1,41 г/см3

Об – зичии тақрибан 1 г/см3

Равған – зичии тақрибан 0.91 г/см3.

Моддаҳои сабуктар (бо зичии камтар) дар болои моддаҳои вазнинтар (бо зичии зиёдтар) қарор мегиранд. Ҳамин аст, ки мо равғанро дар боло, обро дар миёна ва асалро дар поён мебинем. Ин қабатҳо метавонанд муддати зиёд бе омехта шудан бимонанд – агар шумо онҳоро такон надиҳед!

Чӣ мефаҳмем?

Ин таҷриба ба мо нишон медиҳад, ки зичӣ танҳо як рақам нест, балки хусусияте аст, ки вазъи моддаро дар муҳит муайян мекунад. Аз ҳамин сабаб аст, ки баъзе моддаҳо болои якдигар «шино» мекунанд, дар ҳоле ки дигараш ба поён фурӯ меравад.

Дар табиат чӣ гуна аст?

Дар кӯлҳое, ки обҳои гарм ва хунук омехта мешаванд, ё дар баҳрҳое, ки оби дарё бо оби шӯр бармехӯрад, маҳз ҳамин принсипи зичӣ кори худро мекунад. Қабатҳо ҳосил мешаванд, ки ҳар кадом хосиятҳои худро доранд.

Таҷрибаи 2. Фишори ҳаво

Маводи даркорӣ: Як шамъча, табақча, каме об, як зарфи шишагӣ (масалан, банка).

Чӣ гуна таҷрибаро иҷро мекунем?

Шамъро дар маркази табақча мегузорем. Обро то сатҳи 1-2 см ба коса мерезем, то поёни шамъ дар об бошад. Шамъро фурӯзон мекунем. Зуд зарфи шишагиро чаппа карда, рӯйи шамъ мемонем, то ки онро иҳота кунад.

Чӣ ҳолат рух медиҳад ва чаро?

Шамъ сӯхта, пас аз чанд сония хомӯш мешавад. Аммо пас аз хомӯш шудани он, мо як воқеаи аҷибро мебинем: об аз коса ба даруни зарф кашида мешавад ва сатҳи он дар дохили зарф баланд мегардад. Ин раванд ба назар одӣ менамояд, вале дар асл, як намунаи равшани таъсири фишори ҳаво ва реаксияи сӯхтан аст. Шамъ бо оксигени ҳаво месӯзад. Дар зарф оксиген кам-кам сарф мешавад ва ҷараёни сӯхтан қатъ мегардад. Ҳангоми сӯхтан, ҳаво гарм мешавад ва буғи об (аз сӯхтани шамъ) ба вуҷуд меояд. Вақте ки шамъ хомӯш мешавад, ҳаво сард шуда, буғи об ба моеъ табдил меёбад. Ин боис мешавад, ки фишори дохили зарф паст гардад.

Фишори ҳаво (атмосфера) аз берун ба рӯйи об фишор меорад ва обро ба зарфи фишораш паст ворид мекунад.

Бо як шамъча, зарф ва каме об мо метавонем қонуни муҳимми табиатро дарк кунем. Барои ҳамин, дарсҳои физика бояд бештар бо чунин таҷрибаҳо пурмуҳтаво гарданд, то ки шавқи донишомӯзонро бедор намоянд.

Таҳияи И. Абдуллоев,

«Омӯзгор»