Мувофиқи моддаи 1-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ҳамаи шахсони то 18-сола кӯдак ҳисобида мешаванд. Инчунин, дар як қатор санадҳои дигар, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои кӯдак ҳифз карда шудаанд. Дар ин замина, фаромӯш набояд кард, ки кӯдак ҳуқуқи эҳтиром ва зиндагии шоистаро дорад. Ӯ ҳамеша зери ҳимояи давлат қарор дошта, эҳтиромаш аз ҷониби падару модар, аъзои оила, мактаб ва ҷомеа бояд риоя шавад.
Кӯдак дар оила
Кӯдак гуноҳ содир мекунад. Падару модар ё бибиву бобо завқ мебаранд ва ғарқи эҳсос мегӯянд: «Гурез, ман накардам» гӯй». Бехабар аз он ки дар як вақт ба кӯдак ҳам дурӯғгӯиро меомӯзанд, ҳам дуздӣ ё зӯровариро. Дар ин хусус як саҳнаи хуби телевизионӣ ҳам ҳаст: падар дар хона ба фарзанд насиҳат мекунад, ки дурӯғ нагӯй, аммо ҳамин ки ҳамсоя мепурсад, ба фарзанд мегӯяд, ки гӯй, ки падарам нест. Бача ҳайрон мемонад: гуфтори падар дуруст аст ё рафтораш?
Модар аз он ки фарзандаш дар сухангӯӣ озод нест ва фикрашро ба хубӣ баён карда наметавонад, нигарон аст. Ҳол он ки дар хона вақти ҳарф задан пайваста ӯро барои «нахӯди пеши қошуқ» буданаш танбеҳ медод ва ин натиҷаи ҳамон муносибат, ки бовариро аз ӯ дур намудааст.
Модар фарзандонро барои ба ҳам рост наомадан накуҳиш мекунад, аммо худ на ба хушдоман рост мегирад ва на ба хоҳарарӯсу ҳамсари бародаршавҳар.
Тарбияи кӯдак кори саҳл нест, он аз ҳар аъзои оила масъулият металабад. Агар мо хоҳем, ки фарзанд дурӯғ нагӯяд, дуздӣ накунад, ҷангҷӯ нашавад, бояд мунсифона амал кунем: дурӯғ нагӯем, кори носазо накунем, ҳарфи беҷо назанем. Дунёи кӯдак покиро тақозо мекунад.
Маҳз ҳамоҳанг кардани гуфтору пиндору рафтори калонсолон дар кӯдакон таъсир расонида, ҳисси боварӣ ва эҳтиромро ба онҳо меафзояд. Агар ба кӯдак ваъдаи чизе харидан ва ё ба куҷое бурдан кардед, ҳатман иҷро кунед, вагарна аз боварии кӯдакатон мебароед ва дар назари ӯ чун дурӯғгӯ намудор мегардед. Агар имкони иҷро кардани хоҳиши бачаро надошта бошед, ба ӯ фаҳмонед ва бовар кунонед, ки ваъдаро иҷро мекунед. Баъзеҳо ба кӯдак ва назари ӯ эҳтиром надоранд, монеи сухангӯиаш мешаванд. Бигзор, фикрашро гӯяд, агар пургӯйие дорад, бо эҳтиром ва сухани хуш ислоҳаш кунед. Дар акси ҳол, маҳорати сухангӯӣ ва шарҳу баёни мақсадро дар ӯ коҳиш медиҳед.
Кӯдак ҳам иззати нафс дорад, ӯро ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷо паст назанед. Ноумеду тарсу мешавад. Баръакс, ба кӯдак амалан ҷуръат бахшед. Як ифода аст: «ҳамкорӣ бо кӯдак», ки истифодаи он хеле муфид мебошад. Бо кӯдак ҳар рӯз вақт ҷудо кунем. Бо кӯдак якҷо китоб хонем, китобхонии ӯро гӯш кунем, мазмуни нақлро аз ӯ пурсем, ба ӯ афсона, чистон, тезгӯяк гӯем, аз рӯйи расм нақл карданро омӯзем. Фаҳмонем, ки ҳар маротибаи ба сайр баромадан ҳатман дар дафтари махсус мушоҳидаҳояшро нависад, гӯш кунем ва ба ӯ баҳо диҳем. Бо кӯдак якҷо телевизор тамошо кунем, барнома ё намоишеро, ки хосси синну соли ӯ бошад, аз тамошои филмҳои мултипликатсионӣ дилгир нашавем, баробари онҳо ба ваҷд оем, агар нахоҳем ҳам, нишон надиҳем. Бо кӯдак якҷо расм кашем, суруд хонем, варзиш ё меҳнат кунем. Ин ҳама воситаҳое ҳастанд, ки мақоми падар, модар, бибӣ, боборо дар назди кӯдакон боло мебаранд ва онҳо эътимоди бештар пайдо мекунанд.
Кӯдак дар мактаб
Дар муассисаҳои таълимӣ кӯдакон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи омӯзгорону устодон қарор доранд, зеро фаъолияти омӯзгорон, асосан, ба кӯдакон равона аст. Омӯзгорон бо тамоми ҳунар талош мекунанд, ки шогирдони хуб ба воя расонанд, тарбиядида, босавод. Мутаассифона, на ҳама омӯзгорон дар кори худ муваффақ шуда метавонанд. Чаро? Чунки аз ҷиҳати донишҳои педагогӣ ва психологӣ заъфият дар онҳо ҷо дорад. Барои ҳамин, омӯзгорон бояд касбияти воло дошта, ба қавле педагог бошад. Ба ғайр аз ин, омилҳои дигар ҳам ҳастанд. Масалан, теъдоди зиёди хонандагон дар синф, ҳамкорӣ надоштани падару модарон бо мактаб сарбории омӯзгорро зиёд мегардонанд. Ин омилҳо боис мешаванд, ки кӯдакон аз таваҷҷуҳи омӯзгор дур монанд. Ҳол он ки дар ҳолатҳои алоҳида кори инфиродӣ бо хонандагон ногузир аст. Омӯзгор имконияти ба дурустӣ шинохтани ҳамаи шогирдонро надорад. Падарам замони директори мактаб буданаш ҳамаи хонандагони мактабро ном ба ном медонист, аз сатҳи донишу ахлоқашон огаҳ буд. Алҳол шинохтани хонандагони синф аз ҷониби бархе аз омӯзгорон зери суол қарор дорад.
Бинобар ин, талабот ва имтиёзро барои дохилшавандаҳои макотиби олии омӯзгорӣ бояд бештар карда шавад. Давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён зарур аст, ки самаранок гузарад ва роҳнамои онҳо аз ҳисоби омӯзгорони собиқадору ботаҷриба ва мутахассисони кордон интихоб гарданд, то омӯзгорони ҷавон кӯшову болаёқат ба камол расанд.
Кӯдак дар ҷомеа
Бояд қайд кард, ки нақши ҷомеа дар ҳаёти кӯдакон таъсири бузург дорад, аз ин рӯ, ба ҳар амали онҳо набояд бетарафӣ зоҳир кард. Дар ин маврид, кумитаҳои маҳалла ба ҳар восита нақши созгор гузошта метавонанд. Масалан, кумитаҳои маҳалла дар ташкили суҳбатҳои умумӣ, инфиродӣ, вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа, ҳатто адибону олимон бояд масъулият дошта бошанд.
Хулоса, дар мавриди зарурати тарбияти кӯдак ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ӯ таъкиди Муҳаммад Ғазолиро бояд аз ёд набарорем: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд».
Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»