Омӯзиши математика дар амал

Муносибати босалоҳият дар таълими математика тақозо менамояд, ки хонандагон ба қадри имкон малакаҳои амалиро азхуд кунанд.

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ бо мисолҳо ба хонандагон нишон додан зарур аст, ки онҳо татбиқи донишҳои хешро дарк менамоянд. Дар дарсҳои математика адад ва ченак барои хонандагон муфид хоҳад буд.

Адад ва ченакро, пеш аз ҳама, барои васеъ кардани доираи фаҳмиш ва муайян намудани дониши хонандагон оид ба меҳнат истифода кардан лозим аст. Махсусан, дар ин ҷода, ҳавлии назди муассисаи таълимӣ имконият фароҳам меорад. Мисол, чен кардани ҳавлии назди муассисаи таълимӣ, муайян кардани миқдори тухмӣ ва нуриҳои барои кишт зарур, чен кардани масофаи байни растаниҳо ва сабзиши онҳо, ҳисоб кардани ҳосил (ҳамагӣ чӣ қадар ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст ва ба як гектар чанд сентнер рост меояд), сифати нуриҳои ба замин андохташуда ва ғайра.

Адад ва ченак дар дарсҳои меҳнат татбиқи васеъ ёфта метавонанд. Ҳар як ашё бояд аз рӯйи андозаи маълум ба таври ҷиддӣ тайёр карда шавад. Вақти зиёдатиеро, ки хонандагони алоҳида ба кори маълум сарф кардаанд, муқоиса кардан манфиатбор мебошад. Хонандагонро мувофиқ ба донишашон ба тартиб додани хароҷоти мавод ва асбоби дарси меҳнат, ҳисоб кардани маводи сарфкардашуда ҷалб кардан бамаврид аст. Дар масъалаҳои арифметикӣ меҳнати бачаҳо дар оила, махсусан, меҳнати фоиданоки ҷамъиятии онҳоро васеъ инъикос намудан муҳим мебошад. Мавзуъҳои намунавии ин гуна масъалаҳоро нишон медиҳем. Миқдори дарахтон ё ки ниҳолҳое, ки боғбон шинондааст, миқдори растаниҳои шифобахш, тухми алаф ва дарахтон, оҳан­пора ва ғайра, ки бачаҳо ҷамъ кардаанд. Дар ҳалли масъалаҳо бояд меҳнати дар корхонаҳои саноатӣ, фабрика, хоҷагии деҳқонӣ иҷро­кардаи бачагон нишон дода шавад. Мавзуъҳои ин гуна масъалаҳоро аз ҳаёти хоҷагии қишлоқ интихоб мекунем. Ҳисоб кардани миқдори хӯроки чорво, ки хоҷагии деҳқонӣ бояд дар як сол тайёр кунад. Ба ҳисоби миёна муайян кардани ҳосили зироатҳои ғалладона ё сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, муқоиса кардани ҳосили миёнаи зироатҳои ғалладона ё сабзавоти дар якчанд сол рӯёнидашуда, миқдори рӯзҳои меҳнати деҳқонон ва ҳисоб кардани миқдори маҳсулот ва маблағе, ки деҳқонон барои рӯзи меҳнаташон гирифтаанд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар бораи афзалияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва фабрикаҳое, ки ба ҷойҳои истиқомати хонандагон наздик аст, бачаҳо баъзе маълумоти умумӣ ба даст оварда метавонанд. Хонандагон дар вақти экскурсияҳои таълимӣ бо фаъолияти онҳо шинос мешаванд. Бинобар ин, ба таҷрибаи хонандагон такя карда, масъалаҳоро интихоб кардан ба мақсад мувофиқ аст. Масъалаҳое, ки дар онҳо нақши технологияи нав ҷойгоҳи махсус доранд, зарур мебошад. Масалан, аз орд пӯхтани нон, аз лаблабу омода кардани қанд, ҳосил намудани пашми тозакардашуда ва аз он бофтани газвор, дӯхтани либос ва ғайра. Бо вуҷуди ин, дар хотир доштан зарур аст, ки дар таълими ибтидоӣ дар математика масъалаҳое гирифта мешаванд, ки онҳо ба бачаҳо фаҳмо бошанд. Ин омил муносибати хонандагонро ба машғулиятҳои математикӣ тағйир дода, ба дарсазхудкунии онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Таҳминахон МУНАВВАРОВА,

омӯзгори математикаи литсейи ба номи Умари Хайёми шаҳри Душанбе