Роҳҳои ҷалби хонандагон ба идомаи таҳсил

Тавре маълум аст, таҳсил баъди хатми синфи 9 дар синфҳои 10-11 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳатмӣ эълон карда шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба он тағйирот ворид гардид. Дар Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст:

«Муассисаи таҳсилоти умумӣ раванди таҳсилро мувофиқи барномаҳои таълимӣ дар 3 зинаи таҳсилот амалӣ менамояд:

— зинаи якум – таҳсилоти ибтидоӣ;

— зинаи дуюм – таҳсилоти умумии асосӣ;

— зинаи сеюм – таҳсилоти миёнаи умумӣ».

Бояд қайд кард, ки ба роҳ мондани таълими ҳатмӣ дар синфҳои 10-11 махсусиятҳои худро дорад. Маълум аст, ки то ҷорӣ гардидани таълими ҳатмӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ то синфи 9 таҳсилро идома дода, баъдан соҳибихтиёру мустақил буданд. Ҳамакнун ҷалб намудани онҳо барои идомаи таҳсил, бо бедор намудани шавқу рағбат, тадбирандешиҳои гуногуни муассир аз ҷониби раҳбарияти таълимгоҳҳо натиҷаи мусбат хоҳад дод. Масъалаи роҳу шеваҳои ҷалб ва фаро гирифтани хонандагон ба таълими ҳатмӣ баъд аз синфи 9 омилҳои зиёдеро дар бар мегирад. Тавре мушовири директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм Ҳамза Наврӯзов изҳор намуд, солҳои қаблӣ низ таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот ба таври ихтиёрӣ роҳандозӣ мегардид. Мушкил дар он буд, ки қисми зиёди духтарон ва писарон бо ин баҳона аз идомаи таҳсил даст кашида, мактабро тарк мекарданд. Дар баробари ин, онҳое ба мактаб ҷалб мешуданд, ки хоҳишу майли таҳсил дар донишкадаю донишгоҳҳои олиро доштанд. Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки қаблан низ зарурат барои ҳатмӣ гардидани зинаи сеюми таҳсилот мавҷуд буд. Бо ҷорӣ гардидани таҳсили ҳатмии 11-сола нобаробарии гендерӣ аз байн меравад. Афзалияти дигари ҳатмӣ гардидани таълим дар зинаи сеюми таҳсилот дар он аст, ки имкони бештару густурдатарро барои таҳсил дар муассисаҳои олӣ фароҳам меорад. Мазмун, бо фаро гирифта шудан дар ин зинаи таҳсилот хатмкунандагон ба интихоби бештари касбу ихтисосҳо майлу таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Дар ҳамин замина, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аксар вақт ҷавонони мо бидуни доштани касбу ҳунари зарурӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд, ба танзим дароварда мешавад. Яъне, бе соҳиби касбу пешаи муайян будан ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар гардидани ҷавонон батадриҷ кам шуда, мушкилот дар ин самт коҳиш меёбад. Бартарию аҳаммияти дигари ҳатмӣ гардидани таълим дар зинаи сеюми таҳсилот дар он аст, ки ба таҳсил фаро гирифта шудани духтарон хусусияти оммавӣ пайдо мекунад. Ва муҳимтар аз ҳама, таълими ҳатмии 11-сола ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон мусоидат мекунад.

Ба андешаи Ҳ. Наврӯзов, дар ин масъала мушкилоти хеле зиёд мавҷуд аст, ки норасоии ҷойи нишаст, таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои дарсии дорои муҳтавою ғояи баланд бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дучанд гардидани масъулияти омӯзгор дар раванди таълим, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани робитаи волидон бо муассисаҳои таълимӣ ва ҳароина, ҳамгироии нуқтаи назар ва муносибати ҷомеа ба таълими ҳатмии 11-сола аз ин қабил ба шумор мераванд. Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдор марҳала ба марҳала ҷиҳати ба роҳ мондани раванди мазкур ва ноил гардидан ба ҳадафи асосӣ, ки аз байн бурдани масъалаи ҷалби хонандагон ба таълим, бахусус, духтарон мебошад, ба баланд бардоштани сифати таълим дар ин замина тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Доир ба ин масъала идораю зерсохторҳои вазорат, аз ҷумла, Маркази ҷумҳуриявии методию таълимӣ низ муваззаф гардидааст. Яъне, дар ин самт корҳои зиёде дар пешанд, зеро он масъалаи якрӯзаю дурӯза намебошад. Дар ин бобат омӯзиши ҷанбаҳои психологии муносибат бо хонандагони зинаи таҳсилоти зикршуда муҳим мебошад, зеро дар ин синну сол тағйироти зиёди руҳию равонӣ дар онҳо ба амал меояд.

Ба андешаи мутахассиси шуъбаи инноватсия ва психологияи таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Гулноза Қосимзода, дар синни 17-18 хонандагон бештар ба фикрҳои гуногун, ки онҳоро аз омӯзиш дур мекунад, побанд мешаванд. Аксари онҳо ба зоҳиргароӣ майл мекунанд, худро дар либосҳои зебою рангоранг дидан мехоҳанд, ба ороиши рӯю мӯй (асосан, духтарон) таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Мафтуну шайдои сарояндагон гардида, мусиқиҳои ба завқашон созгорро гӯш мекунанд. Орзую ҳавасҳои ҷавонӣ ба кӯйи муҳаббат мувоҷеҳ месозад онҳоро. Паҳлуи дигари масъала мушкилоти иқтисодӣ дар хонадони хонандагони ин зинаи таҳсилот мебошад. Таъминоти моддию маънавии онҳо амали саҳлу осон намебошад. Омили дигар, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани баъзе аз сарварони оилаҳо маҳсуб меёбад. Ва дигар сабаби асосии камтаваҷҷуҳи хонандагон дар ин синну сол ба таҳсил, ҳамоно шавқу иштиёқи онҳо ба телефони мобилӣ мебошад. Табиист, ки хонандагон аз телефони мобилӣ саҳнаҳои мухталиф, аз қабили куштору зӯроварӣ, муносибатҳои маҳрамонаи қаҳрамонони филмҳо, бозиҳои гуногун ва монанди инҳоро тамошо мекунанд. Дар ин вазъ камтарин шавқу таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва дарсазхудкунӣ дар онҳо аз байн меравад. Ба таъкиди Гулноза Қосимзода, волидон дар муҳити хона ва омӯзгорону раҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар ин давраи барои хонандагон нозуку ҳассос бояд эҳтиёткорона муносибат кунанд.

Дар самти роҳҳои ҷалб ва ба таълими ҳатмии 11-сола фаро гирифтани хонандагон ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки омӯзгорону устодон бояд маҳфилҳои фанниро ба таври шавқовару диққатҷалбкунанда ташкилу роҳандозӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ, амсоли вохӯрию мулоқот бо пешқадамони меҳнат, шахсони бонуфузу соҳибобрӯ, шоиру нависандагонро дар сатҳи баланд баргузор намоянд. Ҳамасола, қабл аз оғози имтиҳоноти хатмкунӣ дар ҷамъомад бо иштироки падару модарон яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба таълими ҳатмӣ фаро гирифта шудани хонандагон баъд аз хатми синфи 9 бояд бошад.

Ба таълими ҳатмӣ ҷалб намудани хонандагонро муовини директор оид ба таълим ва тарбияи Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Салоҳиддин Раҳмонов амали саривақтӣ ва судманд меҳисобад.

— Бо ҷорӣ гардидани таълими хонандагон ба таври ҳатмӣ дар синфҳои 10-11 ҳамагуна рафтору амалҳои ношоиста ва ҷиноӣ дар байни наврасон пешгирӣ ва тадриҷан аз байн бурда мешавад. Тайи солҳои охир аз ҷониби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ амалу кирдорҳои номатлуб ба вуқуъ пайвастанд, ки ба коста гардидани ахлоқи хонандагон оварда расондааст. Вақте ки хонанда баъди хатми синфи 9 бекор монд, маълум аст, ки аз назорати волидон дур хоҳад шуд. Сабаби асосии ба доми таблиғоти ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро гирифтор шудани наврасону ҷавонон, асосан, аз мактабу таҳсил берун мондани онҳо мебошад. Дигар ин ки ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил идома бахшида, хонандагон бештар ба таълиму тарбия ва азхуд кардани донишҳои замони муосир ноил мегарданд, — иброз медорад С. Раҳмонов.

Дар самти ҷалби хонандагон ба таълим дар синфҳои 10-11 тарғибот аз ҷониби омӯзгорону устодон, волидон ва аҳли ҷомеа ҷиддан ва ба таври густурда бояд ба роҳ монда шавад. Омӯзгори забони англисии литсейи зикршуда Довар Ризоев мегӯяд, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, камолоти маънавии хонандагон (озодона баён намудани фикру ақида, эҳсоси мустақилият ва ғайра) аллакай аз синфи 8 оғоз меёбад. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ фанни «Психологияи синнусолӣ»-ро аз синфи 8 ҷорӣ намуд. Ин ба он хотир аст, ки то синфи 8 хонандагон ба суханони омӯзгорон таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, ахлоқу одобашон хуб аст. Пас аз итмоми синфи 8 аллакай дар хислату характер, фаҳмишу ҷаҳонбинии онҳо тағйирот ба амал меояд. Онҳо, агар қисме зудранҷ гарданд, гурӯҳе зери эҳсосоти гуногун монда, дар сар ҳавасҳои ошиқона мепарваранд, ба тақлиди кӯр-кӯрона майл мекунанд, якраву ситезакор, тундхӯ мешаванд. Ҷорӣ намудани фанни «Психологияи синнусолӣ» заминаи муътамаде барои идомаи таҳсил дар синфҳои 10-11 хоҳад гардид. Масъалаи дигаре, ки ба бедор намудани шавқу майл ва таваҷҷуҳи хонандагон ба идомаи таҳсил такони ҷиддӣ мебахшад, додани саводу дониши кофӣ ва қонеъкунанда ба шогирдон мебошад.

Дар ин вазъ ба омӯзгорону устодон зарур аст, ки донишҳои илмию назариявии худро ба хонандагон омӯзонанд. Хонанда бояд аз дарси омӯзгор ва донишҳои ба ӯ омӯзонда қонеъ бошад. Дар акси ҳол, ин омил боиси коста гардидани нуфузу обрӯи омӯзгору муассисаи таълимӣ ва дилсард шудани шогирдон мегардад. Тавре дар суҳбат омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Имомназар Холназаров иброз дошт, барои ҷалби хонандагон ба идомаи таҳсил баъд аз синфи 9 ду омил ниҳоят муҳим ва калидӣ ҳисоб меёбад. Якум, бояд дар муассисаҳои таълимӣ бо ин мақсад тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Пеш аз ҳама, заминаҳои моддӣ-техникӣ мустаҳкам ва машғулиятҳо ба таври мутассил дар кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои бо маводи химиявию физикӣ муҷаҳҳаз гузаронда шаванд. Муассисаҳои таъ­лимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос ва ҳирфаӣ ба таври мукаммал таъмин гардондаву муносибати раҳбарияти таълимгоҳҳо ва омӯзгорон ба таълим куллан тағйир дода шавад.

— Мурод аз идомаи таҳсил дар синфҳои 10-11 агар аз як тараф, пешгирии беҳудагардӣ ва кирдорҳои ҷиноӣ дар байни хонандагон бошад, аз ҷониби дигар, аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаи худ дохил гардидани хатмкунандагон ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ба шумор меравад, — мегӯяд И. Холназаров.

Ба андешаи мо, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва беҳтар намудани савияи донишу саводнокии хонандагон корҳои зиёдеро бояд анҷом дод.

Пеш аз ҳама фаъолияти раҳбарони синфҳо, робитаи онҳо бо психологи таълимгоҳ ва волидону хонандагон ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад. Машғулиятҳои тарбиявӣ дар роҳи тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳӣ, эҳсоси волои ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, тарбияву ахлоқ бояд ба таври мушаххас тавзеҳ бахшидани мавзуъҳои интихобнамуда баргузор карда шаванд. Имрӯз неруи интеллектуалии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар аз 10-15 соли қабл аз ин хеле тафовут дорад.

Барои таҳсили хонандагон дар синфҳои 10-11 танҳо кӯшишу талош ва азму иродати дастҷамъона зарур асту халос. Дар ин роҳ набояд баҳонаеву монеа бошад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»