Мусоҳиба бо Тӯтихон Девоншоева – омӯзгори калони кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
– Муаллими азиз, баъзеҳо бар ин назаранд, ки дар тарбия ва омӯзиши кӯдак оила бештар аз кӯдакистон масъулият дорад ва иддае дигар ин масъулиятро баръакс, ба кӯдакистон ҳавола мекунанд. Чун мутахассис дар ин хусус чӣ андеша дорад?
– Тарбия маҳз аз муҳити хона оғоз мешавад. Яъне, тифл аз рӯзи таваллуд то синни фарогирӣ ба кӯдакистон аллакай бо фаҳмишу дарки умумии мавзуъҳои тарбия ва муносибат бо атрофиён ошност. Хишти аввали тарбия, ҷаҳонбинӣ ва идроки кӯдак дар оила гузошта мешаваду дар кӯдакистону мактаб ва баъдан донишгоҳу ҷомеа тақвият меёбад. Волидон дар интихоби муассисаҳои томактабӣ озоданд, аммо ба андешаи инҷониб, муассисаҳои томактабӣ дар тарбияву таълими насли нав нақши бориз доранд. Агар то замони қадам ниҳодан ба кӯдакистон кӯдак дар хусуси одобу рафтор танҳо дар доираи оила тасаввуроти маҳдуд дошта бошад, пас аз он ин фаҳмиш дар боғча тадриҷан бо дарназардошти ҳолат ва хусусиятҳои психологиву идроки синнусолии кӯдак тақвият меёбад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо, волидони тарбиятгирандагон ҳама ҷонибдори кӯдакистонанд. Онҳо мехоҳанд, ки тифлашон дар кӯдакистон забондон ва босавод ба воя бирасад. Мо ду сабаби аслии дур мондани кӯдаконро аз кӯдакистон бештар мушоҳида мекунем: якум, набудани имконият ё мавқеи ҷойгиршавии кӯдакистон дар маҳалли зисти оила ва дуюм, имкони маҳдуди худи кӯдак бо сабаби бемориҳои гуногун. Бояд зикр намуд, ки кӯдак дар марҳалаи аввали фарогириаш дар кӯдакистон давраи мутобиқшавиро аз сар мегузаронад. Ин давраро баъзеҳо осону сабук, бархе мушкилтар паси сар мекунанд. Ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба системаи асаб, муҳиту муносибатҳо дар оила, муносибати кормандони боғча ва шароити он вобаста аст. Дуруст аст, ки қисме аз кӯдакон ҳангоми рӯзҳои аввали ба кӯдакистон омадан бемор мешаванд, лекин ин маънои онро надорад, ки мураббиён ба кӯдак муносибати дуруст надошта бошанд, балки организми ин тифл ба муҳити нав оҳиста-оҳиста мутобиқ мегардад.
Муассисаҳои томактабӣ кӯдаконро дар руҳияи устувории ирода, рафтори нек ва қобилияти дарки эҳсоси мақсаду хоҳиш, забонёбӣ бо ҳамсолон ва эҳтироми калонсолон тарбия менамоянд. Дар тарбиятгирандагони кӯдакистон қобилияти муошират кардан, худидоракунӣ ва мустақилият пайдо мешавад, ки ин хислатҳо дар оянда боиси инкишофи дуруст ва пешрафти онҳо дар ҷомеа мегарданд. Маҳорати муошират кардан бо кӯдакони дигар таҷрибаи аввалини иҷтимоӣ маҳсуб шуда, ба воситаи он кӯдак фикри худро иброз дошта, ба фикри ҳамсолон гӯш доданро меомӯзад.
– Синни асосии ба муассисаи томактабӣ фаро гирифтани кӯдак кадом аст ва барои осону зуд мутобиқшавии кӯдакон ба кӯдакистон чӣ бояд кард?
– Давраи мувофиқ барои фаро гирифтани кӯдак бо таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сесолагӣ аст. Аз нигоҳи тиббиву психологӣ ин айём давраи мувофиқ ба ҳисоб меравад. Дар ин синну сол кӯдак зудтар ба шароиту муҳити муассиса одат мекунад ва дар ӯ хоҳиши дубора баргаштан ба ин муҳит пайдо мешавад. То сесолагӣ кӯдакон дар муҳити оила буданро авлотар медонанд. Дар айёми навзодиву туфулият дар оғӯши волидон қарор доштан ва омӯзиши муоширату муносибат бо падару модар, хоҳару бародар, бибиву бобо ба манфиати ӯст.
Агар кӯдак ба модараш дилбастагии қавӣ дошта бошад, ин амри маъмулист ва айни гузаронидани давраи мутобиқшавӣ дар кӯдакистон ба ӯ назорату нигоҳубин ва дастгирии махсуси мураббиён лозим аст. Вақте кӯдакро аз синну соли муқарраршуда пештар ба боғча меоранд, тез-тез бемор, гирёнчаку асабонӣ мешавад, дар вуҷудаш тарсу ҳарос пайдо мегардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони сесола бо хоҳиши худ ба кӯдакистон омада, нисбат ба онҳое, ки хурдсоланд, давраи мутобиқшавиро зудтару беҳтар паси сар менамоянд.
Аз баъзе мушкилиҳои психологие, ки дар рӯзҳои аввали омадани кӯдак дар кӯдакистон пайдо мешавад, набояд ҳаросон шуд. Дар ин марҳалаи ҳаёт мураббиёни зираку кордон зуд волидон ва кӯдакро метавонанд аз ин ҳолат берун оранд. Барқарор намудани муносибати оромонаву дӯстона бо кӯдак муҳим аст. Зарур аст, ки кормандони боғча, мураббӣ, духтур, равоншинос ҳолати руҳии кӯдакро зуд ташхис намоянд, то тифли солимро аз носолим фарқ карда тавонанд.
Меъёри давраи мутобиқшавӣ барои кӯдакони 3-4-сола аз 7 то 10 рӯз, барои кӯдакони 4-5-сола 3 ҳафта, барои кӯдакони 5-6-сола 1 моҳро дарбар мегирад.
– Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола қисмате аз кӯдакон бо сабабҳои гуногун аз тарбияву омӯзиш дар кӯдакистонҳо дур мемонанд. Ва гӯё маҳз бо сабаби бе омодагӣ ба мактаб қадам ниҳодан ин кӯдакон ба гурӯҳи кӯдакони сустхону заиф шомил мегарданд. Барои рафъи мушкили мазкур чӣ чораҳо андешида мешаванд?
— Масъалаи муҳимтарини илми психология дар замони муосир мусоидат ба рушду ташаккули омӯзиши маърифатии кӯдак, дар баробари рӯйдодҳо ва усули азхудкунии силсилаи донишҳо ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки давраи омӯзиш, рушд ва азхудкунии кӯдакони синни томактабӣ мураккабу тӯлонист. Ин айём кӯдак ҷараёни тамоми давраи томактабиро фаро мегирад, ки дар зимн, ба рафтор, одоб, мустақилӣ, сифати дониш, маҳорат, малака ва хӯву хислати ӯ таъсири амиқ мерасонад.
Баъзе падару модарон дараҷаи омодагии фарзандро ба мактаб дар муҳити хона дуруст муайян карда наметавонанд. Эшон бар ин назаранд, ки гӯё бо ҳуруфу рақамҳо шинос будани кӯдакон ва шеъру афсонадониашон нишондиҳандаи хуби омодагӣ ба мактаб аст. Аммо масъала то ин ҳад одӣ нест, ки пиндоштаанд. Волидон бояд ба самтҳои дигари инкишофи кӯдакон, амсоли нутқи шифоҳӣ, хотир, диққат, тафаккур, тахайюл ва серҳаракатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, албатта, дар мадди назар қарор дошта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозиву амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои зиёде баҳри рафъи мушкили кам ё зиёди кӯдакистонҳо дар маҳалҳо ва ё рафъи масъалаи набудани ҷой ва шароити қабули бештари атфол ба муассисаҳои томактабӣ як андоза ба ҳалли он наздик аст.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21-уми январи соли 2015, №783 «Дар бораи фарогирии кӯдакони синни 7-сола ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар моҳи август», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи омода намудани кӯдакони синни 6-7-соларо ба таҳсил дар синфи 1» бо давраи таълимии якмоҳа роҳандозӣ намуд, ки он маҳз барои кӯдакони аз кӯдакистон дурмондаю имконоти маҳдуди мактабҳо равона шудааст. Аз соли 2018 то имрӯз ҳамасола аз моҳи август то сентябр кӯдакон барои таҳсил дар синфи 1 дар гурӯҳи омодагии пешазмактабии назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактаб тайёр карда мешаванд. Ҳамчунин, таҷриба нишон дод, ки омӯзиши барвақтӣ дар Маркази инкишофи кӯдак мувофиқи мақсад аст. Омӯзгорони марказ давраи омӯзиширо тавассути бозиҳои ҷолибу таълимии дидактикӣ ба роҳ мондаанд. Чунки дар ин синну сол бозӣ як роҳи аслии ташаккулдиҳандаи афкору фаҳмиши кӯдак ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии бозиҳои дидактикӣ дар он зоҳир мегардад, ки гузариши кӯдаконро ба давраи таълимию омӯзишӣ оҳиставу бамаром таъмин менамояд.
– Барои пешбурди фаъолияти бавусъати зинаи таҳсилоти томактабӣ кадом барномаи давлатӣ амалӣ карда мешавад?
– Барои пешбурди соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул шудааст, ки он тӯли панҷ сол аст амалӣ мегардад. Иҷрои ин барнома таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ҷараёни амалишавии он, ки ба рушд ва рӯйи кор овардани мутахассисони босаводу кордони соҳаи томактабӣ мусоидат мекунад, соле ду маротиба дар ҷаласаҳои Шурои миллии таҳсилот ва ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар амри амалисозии санаду барномаҳои соҳавӣ, мутахассисони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф низ корҳои зиёдеро ба сомон расониданду мерасонанд.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб
Шаҳноз БОБОМУРОДОВА,
«Омӯзгор»