Эътирофи ҷаҳонии илми тоҷик

Омӯзиши мероси илмии ниёгон танҳо арҷгузорӣ ба гузашта нест, балки василаи рушди маънавӣ ва такомули фикрию фарҳангии ҷомеа мебошад. Барои миллате, ки таърихи бузург дорад, ин раванд василаи эҳёи арзишҳои маънавӣ, рушди шуури фардӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин, таъмини пойдории фарҳангӣ мебошад.

Яке аз бузургоне, ки шуҳрату мақоми дар саросари ҷаҳон рӯзафзунгашта дорад, Умари Хайём аст. Ҳарчанд ки дар ҷомеаи мо Умари Хайём бештар ҳамчун рубоисарои нодир шинохта шудааст, дар асл файласуфи амиқандеш, риёзидони нотакрор ва астрономи барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, зарур донистем, ки нақши ӯро дар рушди илм ва маърифати ҷомеа ба таври дақиқ мушаххас намоем.

Тақвими Хайём – дақиқтарин тақвими ҷаҳон

Яке аз дастовардҳои таърихии Умари Хайём таҳияи тақвими нав дар асоси ислоҳи иштибоҳоти тақвими мавҷуда буд. Ислоҳи тақвим бо пешниҳоди вазири донишманди Салҷуқиён Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсӣ, ки бо номи Низомулмулк маъруф аст ва бо супориши Султон Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ сурат гирифтааст. Зеро дар он замон аз сабаби чандин аср ислоҳ надаровардан ба тақвим байни тақвими истифодашаванда ба ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла, ҳаракати Офтоб фарқи ҷиддӣ пайдо шуда буд.

Бо фармони султон гурӯҳе аз мунаҷҷимону риёзидонони барҷаста ҷамъ меоянд, ки мувофиқи навиштаи худи Умари Хайём «ҳукамои аср аз Хуросон биоварданд ва ҳар олате, ки расадро ба кор ояд, бисохтанд, аз девору зот-ул-ҳалаққу монанди ин ва Наврӯзро ба Фарвардин бурданд…». Мувофиқи маълумоти гуногун, ба ин гурӯҳ таҳти роҳбарии Хайём олимоне мисли Абдураҳмони Хозинӣ, Абулаббос Фазл ибни Муҳаммади Лӯкарӣ, Абдулмузаффари Исфизорӣ, Маймун ибни Наҷиби Воситӣ ва Аҳмад Маъруфи Байҳақӣ дохил мешуданд. Аммо баъзе муҳаққиқон ҳамроҳ будани Хозиниро ба ин гурӯҳ тасдиқ накардаанд.

Барои ҳисоби дурусти вақт ва таъдили тақвим мушоҳидаҳои дақиқи ҳаракати Офтоб дар пасманзари бурҷҳо ва муайян намудани нуқтаи эътидоли баҳорӣ зарур буд. Бинобар ин, донишмандони мазкур бо роҳбарии Умари Хайём расадхонаи Исфаҳонро таъсис доданд, ки аз соли 1074 то соли 1092 фаъолият карда, бо марги Султон Маликшоҳ аз фаъолият бозмондааст. Баъд аз панҷ соли мушоҳида, олимон тақвими наверо ба султон пешниҳод карданд, ки аз рӯзи ҷумъа, 9 Рамазони соли 471 (дар баъзе сарчашмаҳо 10 Рамазон)-и ҳиҷрии қамарӣ, ки баробар ба 15 марти соли 1079 мелодии юлианӣ (21 марти соли 1079 мелодии григорианӣ) оғоз ёфт. Фарқияти муҳимми ин тақвим аз тақвимҳои дигар он буд, ки оғози сол ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ (яъне, аз лаҳзаи омадани маркази Офтоб ба нуқтаи эътидол) пайваст буда, моҳҳои дигар мувофиқи гузариши Офтоб аз як бурҷ ба бурҷи дигари астрологӣ ҳисоб карда мешуданд.

Тақвими Хайём ва ҳамкоронаш ба хотири султон бо номи тақвим ё гоҳшумории Ҷалолӣ, Маликӣ ё Маликшоҳӣ машҳур гардид. Мувофиқи сарчашмаҳои гуногун, аз даври 33-сола бо 8 соли кабиса иборат аст. Дар он моҳҳои нимаи аввали сол аз 31 рӯз, нимаи боқимондаи моҳҳо аз 30 рӯз ва моҳи охир дар соли оддӣ аз 29 рӯз иборат аст. Ба ҷуз ин гуна ҳисобу китоб, муҳаққиқон шакли дигари пайдарҳамии солҳои кабисаро низ овардаанд.

Дақиқияти тақвими Ҷалолӣ дар 5 ҳазор сол танҳо як рӯз иштибоҳ мешавад, ҳол он ки чунин иштибоҳ дар тақвими григорианӣ дар 33 сол як маротиба рух медиҳад.

Номи моҳҳои тақвими Хайём ва мутобиқати он бо номи моҳҳои григорианӣ дар ҷадвали зер оварда мешавад. Бояд ба назар гирифт, ки рӯзҳои оғози моҳҳо метавонанд вобаста ба соли кабиса ё одӣ як рӯз тағйир ёбанд.

Фарвардин – 21 март — 20 апрел
Урдубиҳишт – 21 апрел — 21 май
Хурдод – 22 май — 21 июн
Тир – 22 июн — 22 июл
Мурдод – 23 июл — 23 август
Шаҳривар – 24 август — 23 сентябр
Меҳр – 24 сентябр — 23 октябр
Обон – 24 октябр — 22 ноябр
Озар – 23 ноябр — 21 декабр
Дай – 22 декабр — 20 январ
Баҳман – 21 январ — 19 феврал
Исфанд – 20 феврал — 20 март

Зиҷи Маликшоҳӣ – координатаҳои 100 ситораи равшан

Дар асрҳои миёна, бахусус, дар давраи тиллоии тамаддуни исломӣ ситорашиносон барои иҷрои вазифаҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва динӣ маҷмуаҳои махсуси ҷадвалҳои астрономӣ – зиҷҳоро таҳия мекарданд. Истилоҳи «зиҷ» аз калимаи форсии қадим «зиҳ» (ресмон) гирифта шуда, маҷмуаи ҷадвалҳоест, ки мавқеи ҷирмҳои осмонӣ – Офтоб, Моҳ, сайёраҳо ва ситораҳои собитро дар замонҳои гуногун нишон дода, ба он дастурҳои дақиқу муфассал барои истифодаи онҳо илова мегарданд.

Яке аз аввалин зиҷҳо, ки дар ҷаҳони исломӣ маъруфият пайдо кард, «Зиҷ ал-Синдҳинд» буд, ки дар асри VIII бо роҳбарии Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ таҳия шуда, тарҷума ва такмили ҷадвалҳои астрономии ҳиндиро дар бар мегирифт.

Зарурати таҳияи чунин ҷадвалҳо дар он буд, ки ҷомеаи исломӣ барои иҷрои дурусти вазифаҳои динӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисобҳои дақиқи вақт ва пешгӯии рӯйдодҳои астрономӣ эҳтиёҷ дошт. Масалан, муайян кардани вақти намоз, самти қибла ва оғози моҳи Рамазон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми иҷтимоиву динӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки танҳо бо доштани ҳисобҳои дақиқи мавқеи ҷирмҳои осмонӣ имконпазир мешуданд. Дар баробари ин, зиҷҳо воситаи муҳимми илмӣ ба шумор мерафтанд ва дар рушди астрономия нақши калидӣ доштанд. Дар байни зиҷҳои мавҷуда зиҷҳои таҳиякардаи олимони тоҷик мавқеи хосса доранд, ки дар таърихи астрономия нақши муҳимме бозидаанд.

Бо истифода аз ин зиҷҳо, ситорашиносон ба бисёре аз кашфиёти назаррас дар астрономия даст ёфтанд, ки баъдтар дар Аврупо ҳамчун асоси рушди илмӣ истифода шуданд. Ҳамин тариқ, зиҷҳо на танҳо воситаи ҳисобҳои техникӣ буданд, балки арзиши бузурги илмиву фарҳангӣ низ доштанд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши таърих ва моҳияти зиҷҳо барои дарки саҳми бузурги ситорашиносони тоҷик дар пешрафти тамаддуни башарӣ аҳаммияти калон дорад.

Яке аз зиҷҳои машҳури асримиёнагӣ «Зиҷи Маликшоҳӣ» аст, ки бо роҳбарии Умари Хайём дар расадхонаи Исфаҳон таҳия гардида буд, ки аз он то замони мо танҳо ҷадвали 100 ситораи собити равшантарин боқӣ мондааст. Ин ҷадвал барои оғози соли аввали даврони Маликшоҳӣ (1079) омода шуда, дар он номи 100 ситораи дурахшонтарин, координатаҳои эклиптикӣ ва бузургиҳои онҳо оварда шуда, дар дастхати муаллифаш номаълуми асри XII бо номи «Дастур-ул-мунаҷҷимин», ки дар наздикиҳои қалъаи Аламут тартиб ёфта буданд ва ҳоло дар Китобхонаи миллии Париж таҳти №5968 нигоҳ дошта мешавад, боқӣ мондааст.

Умри абадии Хайём дар ҷирмҳои кайҳонӣ

Хидмати Умари Хайёмро дар соҳаи астрономия ба назар гирифта, Иттиҳоди байналмилалии астрономон соли 1970 танӯраеро дар сатҳи Моҳ ба шарафи ӯ номгузорӣ карданд.

Танӯраи Умари Хайём бо қутри тақрибан 69 километр ва умқи тақ­рибан 2,8 километр дар канори шимолу ғарбии танӯраи калонтарин Почобут ҷойгир аст. Илова бар ин, лаби шимолу ғарбиашро танӯраи нисбатан ҷавонтар – Зигмонди пӯ­шондааст. Дар наздикиҳои танӯраи Хайём танӯраҳои Каннисаро ва Эллисон ҷой доранд. Маркази ин танӯра дар координатаҳои селенографии 58°13′ арзи шимолӣ ва 102°13′ тӯли ғарбӣ қарор дорад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин танӯра тақрибан 4 млрд сол пештар пайдо шудааст. Ҳарчанд танӯраи Умари Хайём дар қисмати нонамоёни Моҳ ҷойгир аст, вале аз сабаби ларзиши Моҳ дар баъзе ҳолат онро дар канори доси Моҳ мушоҳида кардан мумкин аст.

Танӯраи Умари Хайём дар сатҳи Моҳ ягона объекте дар кайҳон нест, ки ба шарафи Хайём номгузорӣ шуда бошад. Сайёраи хурд (астероид)-е низ номи Хайёмро дорад. Астероиди Умари Хайём 8-уми сентябри соли 1980 дар Расадхонаи Қрим аз тарафи Людмила Василевна Журавлёва кашф шуда, бо қарори Иттиҳоди байнал­милалии астро­номҳо 31 майи соли 1988 ба шарафи Хайём «3095 Omar­khayyam» ном­гузорӣ шудааст.

Астероиди Умари Хайём бо рақамҳои 1974 VC; 1979 OS4; 1980 RT2 низ ишора мешавад, қутраш тақрибан 24-30 км буда, дар масофаи миёнаи 3,496 воҳиди астрономӣ аз Офтоб қарор дошта, дар муддати 6,5 сол як маротиба дар атрофи Офтоб давр мезанад. Қобили зикр аст, ки дар шарҳи расмии Маркази сайёраҳои хурд (Minor Planet Center, MPC) ягона марказе аст, ки ҳаққи номгузории сайёраҳои хурдро дорад. Умари Хайём чун олими тоҷик ва баъдан форс навишта шудааст. Ҳангоми навишти номи бузургони дигари мо одатан танҳо форс ё эронӣ менависанду тамом.

Дудли Google ва арҷгузори технологӣ

Дудл (аз англ. doodle) – тасвири тағйирёфтаи логотипи ширкати бузурги Google аст, ки ба рӯйдодҳои муҳим, шахсиятҳои барҷаста ё ид­ҳои фарҳангӣ иртибот мегирад. Ин тасвирҳо метавонанд ором, аниматсионӣ ё интерактивӣ бошанд ва дар саҳифаи асосии ҷустуҷӯи Google намоиш дода мешаванд. Ҳадафи дудлҳо ҷалби таваҷҷуҳи корбарон ба рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мебошад.

Google то имрӯз ду маротиба ба шарафи Умари Хайём дудл таҳия кардааст:

* 18 майи соли 2012 – ба муносибати 964-умин солгарди таваллуди Умари Хайём. Ин дудл шахсияти Хайёмро ҳамчун риёзидон, файласуф ва шоир таҷассум мекард.

* 18 майи соли 2019 – ба муносибати 971-умин солгарди таваллуди ӯ. Дар ин дудл, ки дар 32 кишвари ҷаҳон намоиш дода шуд, Умари Хайём бо китобе дар даст тасвир ёфтааст, ки ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ӯ – шеър, риёзиёт, фалсафа ва астрономия ишора мекунад.

Ин дудлҳо на танҳо ифодагари эҳтиром ба шахсияти Умари Хайём, балки барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шинос кардани мероси ғании илмӣ ва адабиаш хидмат мекунанд. Тавассути ин дудлҳо Google саҳми Умари Хайёмро дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ эътироф ва муаррифӣ намудааст.

Ризои БАҲРОМЗОД,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физика-математика