Муқаддима
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаву фаъоли ҷомеа дар рушди давлатдории миллӣ нақши бориз доранд. Аз ин рӯ, дар кишвар тамоми имконоту шароит барои омӯзишу фарогирии донишҳои муосир ва соҳибкасб шудани онҳо фароҳам оварда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолият қарор дода, пайваста тадбирҳои судманд ҷиҳати таҳсилу омӯзиш, соҳибкасб гардидан ва фаъолияти бавусъат дар тамоми соҳаҳои кишвар меандешанд.
Роҳнамову ҳидоятгари ҷавонон
17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини Пешвои миллат бо ҷавонон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд. Аз соли 1997 инҷониб 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ҳамасола Пешвои миллат дар ин сана ҷавонони кишварро табрик намуда, дастуру ҳидоятҳои созанда ироа мекунанд. Аз нахустин мулоқот бо ҷавонон маълум мегардад, ки Сарвари давлат дар раванди давлатдории навин ба ин неруи созанда ҳамеша такя менамоянд ва дар расидан ба марҳалаи нави рушд саҳми онҳоро боризу ҳалкунанда меҳисобанд. Паёму суханрониҳои Сарвари давлат ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва ташаккулбахши маънавии ҷавонон хидмат мекунанд. Маълум аст, ки Президенти кишвар ҳам дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ ва ҳам дар суханрониҳояшон дар Рӯзи ҷавонон ба он нукта ишора менамоянд, ки маҳз ба неруи ҷавонон метавон такя намуда, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешрафтҳо ноил гардид. Аз ин рӯ, суханони Пешвои миллатро дар масъалаи саҳму нақши ҷавонон дар рушду пешрафти кишвар метавон чунин баҳогузорӣ намуд:
Якум, дар суханрониҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад, ки маҳз ҷавононанд, ки бо неруи ҷисмониву маънавии хеш кишварро ҳамаҷониба дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Дуюм, ба таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир бояд кард, зеро бо фарогири донишҳои замонавӣ метавонанд ҳамчун неруи созанда дар пешрафти давлат саҳми муносиб гузоранд.
Сеюм, ба масъалаи ҳувияти миллӣ ва ифтихории ватандории ҷавонон диққати махсус дода мешавад, то ҳамчун хештаншиносу ватандӯст дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ талош намоянд.
Чорум, масъалаи соҳибкасб гардидани ҷавонон ҳамвора дар мадди назар қарор дорад. Зеро ҷавононе, ки соҳиби касбу ҳунари муносиб ҳастанд, дар шоҳроҳи зиндагӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ намегарданд ва ҳамеша дар комёбӣ ва гулгулшукуфии Ватан саҳм мегузоранд ва аз зиндагии шоиста бархурдор мегарданд.
Панҷум, ба тақвияти неруи зеҳнии ҷавонон диққати аввалиндараҷа дода мешавад, зеро дар замони муосир он кишварҳое ба пешрафтҳои чашмгир ноил мегарданд, ки дар онҳо ковишу ҷустуҷӯ ва пажуҳишҳои бунёдии илмӣ дар амал татбиқ карда шаванд.
Шашум, одобу ахлоқи ҳамидаи насли ҷавонон асоси пойдориву устувории давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад, ки ин нукта дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад. Дар ин замина, Сарвари давлат бамаврид зикр кардаанд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд».
Ба ин маънӣ, метавон масъалагузориҳои Сарвари давлатро дар Паёму суханрониҳо вобаста ба тарбияи шоистаи ҷавонон идома бахшид.
Низоми қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ
Барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти ҷавонон як қатор қонуну қарор, стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки дар онҳо ба таври дақиқу ҳамаҷониба фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷавонон дар ҷомеа нишон дода шудааст, ки он ҳама дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул шудааст, ки ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин менамоянд. Дар зимн, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон муқаррар шуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян гардидааст.
Дар Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Таҷрибаи даҳсолаҳои охир собит месозад, ки танҳо он кишварҳо ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд ва он ҷомеа рушди устуворро таъмин месозад, ки системаи маъмулии ақидаро нисбат ба насли ҷавон, нисбат ба системаи муносибати байниҳамдигарии наслҳо ва моҳияти он барои рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ такмил медиҳад. Аз ин рӯ, ба афзалияти стратегӣ он давлат ё ҷомеае ноил мегардад, ки аз неруи инсонӣ, дар навбати аввал неруи созандаи рушд, ки заминагузори он ҷавонон мебошанд, самаранок истифода барад». Дар консепсияи мазкур ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон мушаххас гардида, дар он перомуни нақши ҷавонон дар рушди кишвар, таъмини рақопатпазирӣ ва амнияти миллӣ, мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон, ба пешаву касбҳои зарурӣ фаро гирифтани ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти иҷтимоӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстӣ, заминаи илмию амалӣ ва сиёсати давлатӣ, натиҷаҳои қонеъкунанда вобаста ба татбиқи консепсия ва амсоли инҳо мушаххас гардидааст. Дар консепсияи мазкур ва дигар сандҳои муҳим паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон бозгӯ мешаванд, ки далели равшани дар меҳвар қарор доштан ҷавонон дар сиёсати давлатӣ мебошанд.
Фарогирӣ ба илму дониш ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа
Он ҷомеае ба пешрафту шукуфоӣ ноил мегардад, ки ҷавонони он соҳибмаълумот ва дорои донишу ҷаҳонбинии пешрафта бошанд. Ба ин мазмун, дар кишвар шароити мусоид барои фарогирии донишҳои муосир муҳайё гардидааст. Аз ҷумла, дар Конститутсия, қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаи рушди неруи зеҳнии ҷавонон ба таври дақиқ зикр шудааст. Зеро дар замони бархурди тамаддунҳо ва рушди ҳамаҷонибаи техникаву технологияи навин ба масъалаи тарбияи ҷавонон диққати аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Маҳз неруи ҷавони кишвар чун захираи тиллоии мамлакат дар роҳи татбиқи илм дар истеҳсолот ва ба ин васила, мусоидат кардан ба рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми босазо мегузоранд. Аз ин ҷост, ки фароҳам овардани имкону шароит ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон низ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин замина, дар замони истиқлол табирҳои судманд андешида шуда, теъдоди мактабҳои олӣ ва донишҷӯён бамаротиб зиёд гардид. Соли 1997 квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони лаёқатманду боистеъдод таъсис дода шуд ва имкон даст дод, ки беҳтаринҳо аз гӯшаву канори мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар баробари ин, муносибати байналмилалӣ дар самти таҳсилот вусъат ёфт ва ҳамасола теъдоди зиёде аз ҷавонони кишвар барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷии кишвар фиристода мешаванд. Инчунин, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» таъсис ёфт, ки қадами устувор барои тайёр намудани мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва барои иқтисодиёти кишвар муҳим омода карда мешавад.
Шоистаи таъкид аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию тадқиқотӣ шароити мусоид ба миён омадааст. Дар кишвар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки барои дастгирии ҷавонон дар самти ҳимояи рисолаҳои илмии бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Дар зимн, ба самтҳои афзалиятноки илмӣ диққати махсус зоҳир шуда, бештар он мавзуъҳое тадқиқ мегарданд, ки муҷиби пешрафти иқтисодиёти миллӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки бо дастури Пешвои миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф» қабул гардидааст, ки ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар алоқамандии қавӣ дорад.
Ҳамчунин, барои ҳавасмандгардонии олимони ҷавон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба беҳтарин муҳаққиқони ҷавон тақдим мегардад.
Ҷавонон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла, дар сохтмонҳои бузурги кишвар фаъолият мекунанд. Имрӯз дар бунёди роҳҳо, кандани нақбҳо ва НБО-ҳои кишвар бо дасту дили гарм кор менамоянд.
Хулоса
Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас буда, барои фаъолияти ин қувваи пешбарандаи ҷомеа дар ҳама бахшҳо заминаҳои ҳуқуқӣ ва имконоти фаровонро таъмин кардаанд. Дар баробари ин, тамоми шароити мусоиди таълим ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар барои омӯзиши донишҳои муосир муҳайё гардидааст, ки ин ҳама ҷавонони мамлакатро вазифадор менамояд, ки боз ҳам бештар биомӯзанд, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил бахшида, аз як ҷониб, ба рушди иқтисодиёт мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, дар арсаи ҷаҳонӣ кишварро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Ва мо-ҷавонони кишвар ин нуктаҳои ҳикматбори Пешвои миллатро бояд сармашқи фаъолияти хеш қарор бидиҳем: «…ҷавонони азиз – бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва азхуд кардани илмҳои замона идома дода, барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзед, зеро шумо меросбарони суннату анъанаҳои чандинҳазорсолаи халқамон ва давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокори он ҳастед. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва давлатдории навини тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд».
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»