Дар соҳаи маориф дар ҳама давру замон шахсиятҳое заруранд, ки бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва ҷоннисорӣ дар роҳи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон талош намоянд. Дар ин самт фаъолияти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ибратбахш мебошад. Мавсуф ҳанӯз дар вохӯрии аввалини худ бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳи мазкур баъд аз таъин шуданаш ба мансаби ректори донишгоҳ бо азму иродаи қавӣ ва ҷиддият иброз дошт, ки ният дорад дар муассиса ислоҳоти куллиро амалӣ намояд. Аз ҷумла, таҳия ва қабули лоиҳаи Стратегияи рушди муассиса, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳо, академияҳо, намояндагиҳо, филиалҳо ва дигар зерсохторҳоро ба нақша гирифта буд.
Маҳз дар асоси чунин андешаҳои созанда ректор фаъолияти худро ба таври ҳадафманд ба роҳ монда, бо истифода аз тадбирҳои навоварона ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати таҳсилотро дар донишгоҳ пайгирона баланд бардошта, шароити мусоиди таълимиро фароҳам овард.
Дар як муддати кӯтоҳ бо роҳбарии ӯ на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар аксари минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, шаҳрҳои Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Данғара биноҳои замонавӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз бунёд гардиданд, ки дар онҳо шогирдон ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.
Қобили зикр аст, ки дар сохтори донишгоҳ як қатор институтҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ, дарёфти истеъдодҳо ва рушди касбият, литсейҳои сайёҳӣ, дӯзандагӣ, иҷтимоӣ-хизматрасонӣ, саноатӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд. Бешубҳа, ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти созанда ва талошҳои пайгиронаи ректори муассиса маҳсуб меёбанд.
Дар баробари анҷом додани корҳои созандагӣ ва ободонӣ, ректор дорои хислатҳои волои ҷавонмардӣ ва саховатмандӣ мебошад. Ӯ ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва сатҳи некуаҳволии ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо талош меварзад.
Тӯли солҳои сипаришуда У. Асрорзода борҳо ташаббусҳои ислоҳоти музди меҳнатро амалӣ намуда, дар рӯзҳои ҷашнӣ ва маросимҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ кард. Ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманд кумакҳои моддию пулӣ расонида шуда, донишҷӯёни ниёзманд ва аъзои дастаҳои олимпӣ ҳамеша дастгирӣ меёбанд.
Қисмати муҳимми фаъолияти иҷтимоии ректор ба масъалаи таъмини шуғл ва фароҳам овардани шароити кори муносиб барои мутахассисони ҷавон ва варзидаи соҳаҳои илму маориф равона шудааст. Дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда, айни замон дар донишгоҳ ва сохторҳои он зиёда аз 500 нафар мутахассиси ҷавони болаёқат фаъолият доранд. Бар асоси нақшаи дурнамо, ин шумора дар соли нави таҳсил бояд ба 1000 нафар расонида шавад.
Яке аз дастовардҳои шоистаи ректор мутобиқсозии мақоми ҳуқуқии донишгоҳ ба талаботи замони муосир мебошад. Дар натиҷаи талошҳои самарабахш ва бо дастгирии Роҳбарияти Олии кишвар донишгоҳ мақоми муассисаи таҳсилоти олии касбии байналмилалиро соҳиб гардид. Аз ин ҷост, ки донишгоҳ бо зиёда аз 200 донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои пешрафта робитаҳои фаъоли илмӣ-омӯзиширо ба роҳ мондааст ва аз таҷрибаҳои муосири ҷаҳонӣ дар самти таҳсилоти олӣ ба таври фарогир истифода мебарад. Дар натиҷаи ҳамкориҳо донишҷӯёни донишгоҳ имрӯз бо истифода аз имкониятҳои барномаи табодули академӣ дар кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Италия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар давлатҳо тибқи низоми ду ё седиплома таҳсил намуда истодаанд.
Ҳамзамон, бо мақсади табодули таҷриба, ба донишгоҳ омӯзгорони баландихтисоси кишварҳои хориҷӣ ба таври мунтазам ҷалб гардида, ба донишҷӯён фанҳои тахассусиро ҳам ба таври маҷозӣ ва ҳам ҳузурӣ меомӯзанд.
Бале, роҳбарӣ, пеш аз ҳама, масъулият, фидокорӣ, ҷоннисорӣ, азхудгузаштагӣ, ҷустуҷӯ, талоши пайваста, заҳмати шабонарӯзӣ, ҳиммату саховат, ҷавонмардӣ, меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва адолатро тақозо менамояд.
Ҳамзамон, Убайдулло Асрорзода ҷиҳати муҳайё сохтани шароити мусоиди таълим ва зиндагӣ барои донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бунёди биноҳои замонавии таълимӣ ва инфрасохторҳои илмию тадқиқотӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим ва шоёни таҳсини ректори хирадманд маҳсуб меёбад.
Агар ба фаъолияти бавусъати ӯ дар ин муддати кӯтоҳ назар андозем, равшан мегардад, ки муваффақиятҳои бадастомада аз доираи интизороти муқаррарии инсон берун буда, намунаи олии заҳмати пайгирона ва ҷаҳду талоши созанда мебошанд.
Дар вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30 майи соли 2024 баргузор гардид, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд».
Ректори донишгоҳ ин суханони арзишманди Сарвари давлатро ҳамчун роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, барои татбиқи самараноки онҳо як қатор ташаббусҳои муҳимро амалӣ намуд. Бо ибтикори ӯ, бо мақсади муаррифӣ ва баррасии дастовардҳои кишвар дар самти иқтисоди сабз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ форуми ҷумҳуриявии иқтисоддонҳои мамлакат баргузор гардид, ки дар он олимони варзидаи соҳаи иқтисоди кишвар фаъолона ширкат варзида, андеша ва пешниҳодҳои илмии худро иброз намуданд.
Инчунин, бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва рушди самтҳои афзалиятноки илмӣ бо ташаббуси ректор дар сохтори донишгоҳ Институти тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз таъсис дода шуд. Барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти пажуҳишии институти мазкур мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод ҷалб гардидаанд, ки дар самти таҳқиқи масоили муҳимми иқтисоди муосир фаъолияти назаррас доранд.
Яке аз хислатҳои барҷастаи ректор дар он ифода меёбад, ки ҳамеша ба зиндагӣ ва фаъолияти олимону устодони собиқадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро дастгириву қадршиносӣ менамояд.
Мо имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Убайдулло Асрорзода бо фаъолияти пурсамар дар рушду пешрафти соҳаи маориф ва тайёр намудани мутахассисони варзида саҳми арзишманд мегузорад. Мавсуф ба ҳайси улгу ва намунаи ибрат барои намояндагони насли ҷавони илми кишвар хидмат мекунад ва фаъолияти пурсамараш наслҳои ояндаро ба хештаншиносию ватандӯстӣ роҳнамоӣ менамояд.
И. ЗОИРЗОДА,
Ф. НОДИРОВ,
омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон