ё нигоҳе ба ҳунари шоирии устод Бозор Собир
Дар адабиёт ҳар кас ба андозаи дарёфти эҷодӣ нақш ва ҷойгоҳи ҳунарии худро муайяну мушаххас месозад. Дар ин саҳна Бозор Собир ҷойгоҳи хоси худашро дорад, фардияти инсонӣ ва ҳунариаш ба касе монанд нест. Ин фардиятро барои хонанда, пеш аз ҳама, мавзую дарунмоя ва ҷанбаи ҳунарии ашъораш менамоёнад. Агар саҳеҳтар биандешем, истифода аз мавзую мушкилоти зиндагӣ, ки ҳама метавонанд аз он кор гиранд, ҳанӯз наметавонад чеҳраи фардии шоир ё нависандаро мушаххас созад. Фақат тарзи тасвир ва усули ироаи мавзуъ метавонад намоёнгари фардияти инсонӣ ва ҳунарии шоир бошад, ба шарте ки ангезаи комили ҳунарӣ дошта бошад.
Нахустин омили ҳунарие, ки фардияти инсонӣ ва ҳунарии Бозор Собирро мушаххас месозад, ҳисси ҷустуҷӯ ва дарёфти васоити дастнахӯрда дар тасвири ин ё он мавзуъ мебошад. Омили дигар ҳисси пешгӯёнаи танида дар матни осораш аст, ки ҳангоми мутолиаи нахустин шеърҳояш дарк кардаем. Ин ҳисси ошиқона, ки аз осори шоирони пешқадами замонҳои мухталиф ба ирс расидааст, шояд яке аз далоиле бошад, ки шеъри Б. Собирро аз шеъри шоирони ҳамзамонаш мутафовит сохт ва мавриди таваҷҷуҳи омма қарор дод.
Бозор Собир дар шеъри солҳои ҳафтоду ҳаштоди тоҷикии асри гузашта як навпардоз ба тамомии маънӣ буда, шеъри ӯ ба изофаи ҳифзи дастовардҳои шеъри суннатгарои пешин тозакориҳои чашмрасе низ дошт.
Он чи ки шеъри ӯро дар миёни ҳамасронаш мумтоз намудааст, аҳаммияти вижаи тасвирҳои шоирона, сухани устувор, корбурди огоҳона ва ҳунармандонаи бадеӣ, баёни розҳои миллӣ, инсонӣ ва васф аст.
Дар рӯзгори ӯ тасвиргарӣ арҷ ва қурб пайдо карда, дарунмояи зиндагисоз ба шеър оҳанги нави имрӯзӣ бахшид. Мушоҳидаҳои шоирона розу ниёзи шоирро қарини эҳсос ва андешаи мардум сохт. Яке аз омилҳои дар шеъри Бозор Собир арзишманд шудани васф ва кам-кам ба ҳошия рафтани тасвир нуфузи мавзуъ ва мушкилоти замониву миллӣ дар андешаву орои шоир аст, ки бе зикр ва арзёбии онҳо сухани мо дар боби корномаи шоирии ӯ нотамом хоҳад буд.
Нахустин чизе, ки корнома ва таҷрибаи шеърии Бозор Собирро дар фарогирӣ ва коркарди дарунмояи шеър ба хонанда намуда ва ба дилу дидаи мардум нишастааст, руҳи миллии шеъри ӯст. Ба андешаи М. Шакурӣ, «шеъри асили худшиносӣ бо ҷусторҳои эҷодгарии Лоиқ ва Бозор Собир шуруъ шуда, то имрӯз дар рушди он Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Фарзона нақши вежа доранд». Аммо шеъри худшиносии Бозор Собир бо нигоҳи хос ва сухани образнок аз навиштаҳои дигарон тафовут дорад.
Огоҳии комил ва дилбастагии хирадмандона ба таърих, адабу фарҳанги гузаштаи миллат Бозорро во дошт, бо камоли озодагӣ ва ҷавонмардӣ гузаштаи пурифтихорро дар шеър ва ёдҳо зинда сохта, арзишҳои ҷовидонаи онро дар ҳифзи асолати таърихӣ, нажодӣ ва фарҳангии миллат ба кор гирад. Устод Бозор Собир бо таваҷҷуҳ ба асли асолати Ватан дар шеъраш рукнҳо ва намодҳои асосии ҳувияти тоҷикиро ба хонанда намо мебахшад.
Муҳимтарин масъалаи алоқаманд ба сарнавишти миллат дар шеъри ӯ ҳифз ва гиромидошти забон ва фарҳанги миллӣ мебошад, ки василаи зуҳури ифтихороти миллии ӯ дар ашъораш гардидааст. Дар ин гуна шеърҳои ӯ, ба ифодаи Аскар Ҳаким, «барангезиши лирикӣ» барои зуҳури силсилаи образҳои ғйричашмдошт, вале барҷою мувофиқ ва тару тоза ёрӣ карда, мазмунро амиқ ва тарзи ифодаю тасвирро аз ҷиҳати бадеӣ ғаниву гуногунранг сохтаанд. Масалан, дар шеъри «Бухоро» гузаштаи ин шаҳри қадимаи тоҷикон, ки замоне маркази адабу фарҳанг буд ва баъдҳо ба парешониҳо расид, шоирона ба тасвир омадааст. Пораи зайл арҷгузории шоирро ба муқаддасоти миллӣ собит сохта, ангезаи лирикӣ дар шаклгирии андешаи шоир нақши асосӣ дорад:
Дар ақсои ҷаҳон тухми бузургонат
Ба монанди зару симат парешон шуд,
Ба монанди зару симат ба беқадрӣ
Агар роҳе чу роҳи Каҳкашонат буд,
Ба мисли риштае печида гӯё рафт дар пойи ҷаҳонгардон,
Агар шустанд аз байни ту боронҳо
Раҳеро чун раҳи мӯрон,
Раҳеро бодҳо руфтанд аз байни тую дунё.
Устод Бозор дар матни воқеиятҳои замони таърихӣ шеъри «Забони модарӣ»-ро гуфт, ки дар таъкид ва таъйиди робитаи забон ва ҳувияти миллӣ мебошад. Дар ин замина, агар шеъри «Теғи Сино» ва бисёре аз ашъори ба шахсиятҳои таърихӣ бахшидаи шоир зиндадори ифтихорот ва ҳувияти миллӣ бошанд, шеърҳои «Муҷассамаи Айнӣ» ва «Китоби «Тоҷикон» пайвандгари гузаштаи пурифтихор бо имрӯзи тоҷикон буда, ҳисси худшиносии миллиро тақвият мебахшанд.
Дигар аз вижагиҳои мавзуии шеъри Бозор Собирро ашъори ба табиат бахшидааш муайян менамояд. Ба ифодаи Элизабет, «шеъре, ки аз табиат бигӯяд, дар ҳамаи аъсор мавриди назари шоирон будааст, агар чӣ навъи он ба ихтилофи завқи ҳар давра ва ҳассосияти шоирон мутафовит будааст». Дар шеъри тоҷикӣ-форсӣ низ чунин ҳолат дар фосилаи замонҳо ба мушоҳида расад ҳам, дар шеъри муосир васфи табиат равишҳои тоза пайдо кард, ки ба ҷустуҷӯҳои мудавоми шоирони муосир, аз ҷумла, Бозор Собир алоқаманд аст. Тасвири табиат бо фасоҳат ва балоғати худ дар таҷрибаи шеърии Бозор аз бисёр ҷиҳат ҷолиби диққат аст.
Бозор Собир аз зумраи шоиронест, ки ба василаи ин навъи шеър тавонист нуҳуфтагиҳои даруни инсонро дар тасвири табиат кашф кунад. Ба ифодаи дигар, устод Бозор дар ин гуна шеърҳо «дар варои пардаи табиат» фақат бар унсурҳои моддии ҳастӣ наандешида, балки чизе нафсонӣ, отифӣ, иҷтимоӣ дар тасвирҳои табиат ва манзаранигорӣ афзудааст. Аз ин ҷиҳат, хусусияти муҳимми ин гуна ашъори Бозорро бояд ба завқи лирикӣ ва ҳассосияти шоирии ӯ рабт дод. Ба ин тартиб, аз аввалин қадамҳо тааммулаш дар бораи табиат дигаргунӣ пазируфта, пайрави эҳсос ва табъи ӯ мегардад. Ба ин далел, табиат дар ашъори ӯ ба ду тарз тасвир ва тавсиф мешавад. Нахуст, аз назари тавсифҳои холис, ки метавон онро васф ба хотири васф хонд, вале ин гуна шеърҳои ӯ низ ҷанбаи амиқи даруннигарӣ доранд.
Тарзи дигари нигариши ӯ ин аст, шоир ба ҷуз васфе, ки аз табиат мекунад, дар заминаҳои ғайр аз табиат, яъне, дар доираи бисёре аз тасвирҳои инсон ва ҳаёти ӯ, боз ҳам аз табиат ва унсурҳои он ёрӣ мегирад. Ба ин далел, Аскар Ҳаким гуфтааст, ки «табиат қариб дар ҳамаи шеърҳои шоир ҳаст. Аслан, моҳияти масъала дар каму зиёд будани табиат нест, балки дар чигунагии зуҳур кардани он, дар чигунагии таассуроти шоир аз он аст. Барои Бозор Собир табиат муҳитест, ки дар он инсон бо ҳиссиёти нозук, шавқу ҳаяҷони ҳамешагӣ, зебопарастӣ, одамият ба камол мерасад, табиат муҳити табиии камолоти инсон аст».
Баҳорон бори дигар меравам ҳамроҳи кӯдакҳо
Барои чӯҷаҳои кабки хушрафтор.
Таги ҳар буттаро бо даст мекобам,
Сари ҳар сангро оҳиста мемолам
Зи шавқу шодии тифлонаам саршор.
Муъмин Қаноат боре гуфта буд: «Дар қарни бист дар адабиёти тоҷик ва ҳатто форсизабонон шоире дар тасвир мисли Бозор Собир пайдо кардан мушкил аст. Шеъри тасвирии Бозор Собир шеъри пок аст, соф аст, шеъри бисёр диданӣ ва наққошӣ аст». Воқеан ҳам, дар кадом мавзуе, ки устод Бозор шеър гуфта бошад, ҳарфи ӯ тасвирӣ ва шоирона буда, аз рамзҳо ва розҳо кор гирифтааст, ки мавзуи баҳси алоҳидааст.
Хуллас, Бозор Собир номест, ки ҳудуди чанд даҳа дар адабиёти тоҷик шунида мешавад, мухотаб доштаву дорад. Мухотабонаш низ гурӯҳҳои синну соли мухталиф, аз навҷавон гирифта, то ҷавону миёнсол ва пирро дар бар мегиранд. Ҳам суннатгароён аз шеъраш истиқбол кардаанд ва ҳам навхоҳону навоварон, ҳам донишгоҳиён ситоишаш намудаанд, ҳам мардуми кӯчаву бозор шеърҳояшро замзама мекунанд. Дар арсаҳои мухталиф аз шеъри навҷавон гирифта, то ғазалу шеъри нимоӣ ва рубоиву дубайтиҳояш вирди забонҳост. Таснифоту таронаҳояш тавассути мардум шунида ва пазируфта шудаанд. Ӯ аз миёни мо барои ҳамеша рафт. Чунин рафтанаш аламангез буду ҳаст, вале осор ва навҷӯиҳову тозакориҳояш дар шеъру шоирӣ, бемонандии хилқати инсонӣ ва ҳувияти шоирии ӯ ба ҳамқаторони ҳунариаш боиси тасаллии чун мо, ҳаводоронаш, буду ҳаст ва хоҳад монд.
Сайрам БАҚОЗОДА,
устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ