Шоири маҳбуби миллат

20 май — зодрӯзи устод Лоиқ

Устод Лоиқ яке аз тавонотарин шоирони тоҷик эътироф шудааст.

Шеъри ӯ ифодагари ҳиссиёти волои ҳар як фард буда, дар ҳама маҳфилҳо садо медиҳад. Аз шеъри ин шоири маҳбуб бӯйи шеъри Рӯдакию Камоли Хуҷандӣ, садои панду андарзи Саъдию Ҷалолиддини Балхӣ, накҳати гулбоғи шеърҳои ишқии Ҳофизу Бедилу Деҳлавӣ, нумуи фикрҳои озодандешонаи Умари Хайём ва дигар ситорагони осмони беғубори адабиёти классикии тоҷик меояд. Аҳли таҳқиқ шеъри Лоиқро давоми шеъри устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ донистаанд. Садсолаҳост, ки аз умқи қарнҳо шеъри устод Рӯдакӣ садо медиҳад ва дар тарбияи маънавию ахлоқии инсоният саҳм мегузорад. Шеъри Лоиқ Шералӣ низ садсолаҳо дар осмони адабиёти тоҷик танин­адоз хоҳад монд. Дар ин маврид худи шоир мегӯяд:

Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,
Интиҳои ман ҳамин як марг нест…
Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман – ҷаҳони беканор.

Шеъри устод Лоиқ гуногунҷабҳа ва доманадор буда, бадеияти баландеро дорост. Ин аст, ки шеърҳои ӯ ба осонӣ ба оҳанг даромада, аз тарафи булбулони чаманистони санъати тоҷик садо медиҳанд ва дар дилу дидаи мардум ҷо мешаванд. Қариб ҳама ҳофизони касбӣ аз эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ сурудҳо месароянд ва ҳама оҳангсозони мумтоз бар шеърҳои ӯ оҳанг бастаанд. Масалан, барномаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Афзалшо Шодиевро бе шеърҳои устод Лоиқ тасаввур кардан номумкин аст. Ҳофизи хушсадо Нигина Амонқулова бо сурудани ашъори устод Лоиқ Шералӣ дар дилу дидаи мардум ҷой гардидаасту Ҳофизи халқии Тоҷикистон Мас­тона Эргашова бо шеърҳои ӯ дарвозаи санъатро кушода, маҳбуби халқ гардидааст.

Чунонки шоир гуфтааст: «Мо ҳама фарзанди айёми худем…» Устод шеърҳояшро созгор ба руҳияи замони худ офаридааст. Ба хонандаи шеъраш панд медиҳад, ки дар кадом давру замоне зиндагӣ намоӣ, бояд ба он давру замон созгору шукргузор бошӣ:

Мо ҳама фарзанди айёми худем,
Шодмонем андар оғӯши замон.
Ончунон хушном бояд зистан,
То мабодо кас фаромӯши замон.

Шоири маҳбуб ба давру замон худ эҳтиром гузошта, шеърҳои дилнишин менавишт. Ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, аз боду ҳавои кӯҳсорон, аз навои обшорон, аз расму оини ниёгон, аз ишқи поки ҷавонон, аз меҳмоннавозию меҳнатқаринии халқ ва ҳаёти осудаи давру замонааш илҳом мегирифт.

Ҳангоми дар ҳаёт будани шоир ҳабдаҳ номгӯй маҷмуаҳои ашъори ӯ ба табъ расидааст. Ҳанӯз маҷмуаи нахустини шоир бо номи «Барги сабз» ӯро ҳамчун шоири умедбахш маъруф гардонидааст. Охирин маҷмуаи ашъораш бо номи «Фарёди бефарёдрас» соли 1997 ба табъ расидааст. Ин асарро «дардномаи миллат» гӯем, хато намекунем, зеро он дарду алами воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро дар бар мегирад. Фарзанди фарзонаи миллат аз он фараҳманд аст, ки ниҳоят ҷанги дохилӣ ба анҷом расиду сулҳу ваҳдат тантана кард:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ дар дарёи мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад…

Ман низ аз ҳаводорони шеъри устод Лоиқам ва пайваста шеъри ӯро мутолиа мекунам. Дар раванди дарсҳои худ дар қатори панду андарзҳои адибони адабиёти пурмуҳтавоямон, аз ашъори пуршӯри ин устоди тавонои назм васеъ истифода менамоям. Чанд сол пеш бардошт­ҳоямро аз шеъри шоир бо номи «Фардои Душанбе» дар шакли мақолае дар рӯзномаи «Омӯзгор» чоп намуда будам.

Ободию шукуфоми на танҳо Душанбе, балки кулли Тоҷикистон умеду орзуи чандинсолаи халқи тамаддунпарвари тоҷик буд, ки имрӯз тавассути ғамхориҳои пайвас­таи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшидааст. Мутаассифона, устод Лоиқ Шералӣ бармаҳал аз байни мо рафт, рушди бесобиқаи имрӯзаи Душанбе – шаҳри ишқу ҷавонӣ, шаҳри умеду орзуҳояшро надид…

Шаҳри ман, шаҳри ҷавонию баҳор,
Шаҳри ишқу орзуҳои дилам.
Дар ту сар шуд, дар ту хоҳад шуд тамом
Ошиқиҳо,ҷустуҷӯҳои дилам.

Устод Лоиқ бо шеъри баланду дилписандаш ҳамеша бо мост. Фарзандони маҳбубу тавонои Ватан умри ҷовидон доранд.

Сурайё АСЛОНОВА,
омӯзгори гимназияи №1-и шаҳри Душанбе