Муаррифӣ
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дорои ҳашт факултет буда, тибқи феҳристи ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳои таҳсилоти олӣ бо 45 кафедраи тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ, таҳсили донишҷӯён ва шунавандагон фаъолияти таълимии худро амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, факултетҳои энергетикӣ, механикӣ ва технологӣ, технологияи химиявӣ ва металлургия, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот, нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, иқтисодиёти соҳаҳо ва идора. Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе ва як литсейи техникӣ низ зертобеи ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ мебошад. Бояд гуфт, таълим дар донишгоҳ ба таври рӯзона ва фосилавӣ сурат гирифта, дар умум, 9272 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Фазои мусоид
Донишгоҳ дар се минтақаи пойтахт – бинои асосӣ дар шафати бинои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, маҳаллаҳои «Ҳаёти нав» ва маҳаллаи мавсум ба «Политехникум» фаъолият мекунад. Мо аввал ба бинои асосӣ ҳанӯз як соат пеш аз шуруи дарсҳо ҳозир шудем. Фурсатро ғанимат дониста, тақрибан 30 дақиқа ба тамошои саҳни бино, роҳраву гулгаштҳо, долонҳои бино, ки бо шиору овезаҳои талқинкунандаи омӯзиши илму дониш, гуфтори бузургон дар васфи моҳияти илмомӯзӣ ва тартибу интизом оро дода шуда буд, машғул гардидем. Дар қафои бино моро ҳолати дигаре интизор буд. Ҳама ҷо аллакай тозаю озода ба назар расида, гулҳои садбарги сурху сафеду зард назаррабоӣ намуда, ба машом бӯйи хушро мерасонд. Дар даҳ-дувоздаҳ нишастгоҳи дар шаклҳои гуногун сохташуда, ки дар ҷо-ҷои майдончаи дамгирӣ, зери дарахтони соядору ороишӣ гузошта шуда буданд, аллакай баъзе донишҷӯён дар даст китобу дафтар ба мутолиа машғул буданд.
Дар ошёнаи якуми бинои асосӣ ду факултет: технологияи химиявӣ ва металлургия ва факултети неругоҳи барқӣ ва ду кафедра-кафедраи электротаъминкунӣ ва кафедраи неругоҳи электрикӣ ҷойгир аст. Дар даромадгоҳ ва дохили бинои ин ҷо низ бо шиору овезаҳои даъваткунанда, намунаи намои либосҳои тавсиявӣ барои устодону донишҷӯён, ду оинаи барқад ва расмҳои намунаи корҳои устодону шогирдон дар дохили оина нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҳамин ҷо бо як нафар хатмкунанда Муҳсин Набиев суҳбати сарироҳӣ намудем. Муҳсин гуфт, ки вай имрӯз имтиҳони давлатӣ месупорад ва дар оянда азм дорад, ки дар НБО-и «Роғун» ба кор дарояд.
Ворид шудани донишҷӯён ба донишгоҳ идома дошт. Деканҳои факултетҳо ва дигар шахсони масъул аз масъалаҳои рӯз, вазъи таълиму тарбия, одобу ахлоқи шогирдон байни ҳам суҳбаткунон ба дарс омадани онҳоро назорат мекарданд.
Дар ҳузури роҳбари муассиса
Бо иҷозати ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода ба кабинеташ ворид гардидем. Вай аз хусуси раванди корҳо дар донишгоҳ, тайёрӣ ба имтиҳонҳои давлатӣ, давомоти донишҷӯёну вохӯрӣ бо шарикони ҳамкор, воридоти технологияи ҳозиразамон ба донишгоҳ, иштироки устодону шогирдон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фаъолияти устодон дар соҳаи илму таълифоти дастурҳои методӣ иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки то якуми январи соли ҷорӣ теъдоди донишҷӯён дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 6277 нафар ғоибона 1790 нафар – ҷамъ 8067 нафарро ташкил дод. Дар соли 2024 бошад, аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 12 китоби дарсӣ, 103 дастури методӣ, бист монография нашр гардидааст. Аз сӯйи устодони донишгоҳ 42 мақолаи илмӣ дар нашрияҳои тақризии Web of Science ва Scopus нашр карда шуданд.
Боздид аз ду факултети донишгоҳ
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ба факултетҳои дар минтақаи «Ҳаёти нав» будаи донишгоҳ роҳ пеш гирифтем.
Нахуст бо муовини ректор оид ба тарбия Бунафша Аҳмадзода, сардори раёсати таълим Ҷамшед Раҳимзода, декани факултети сохтмон ва меъморӣ Алиҷон Яқубов ва декани факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Далер Абдурасулов вохӯрдем. Бо мусоидати сардори раёсати таълим Ҷ. Раҳимзода ҷараёни дарсҳо ва кор дар озмоишгоҳҳоро мушоҳида кардем. Дар дарси математикаи олии гурӯҳи русии курси якум ширкат варзидем. Дар синф ҳамаи донишҷӯён, ки 31 нафарро ташкил додаанд, бино ба иттилои роҳбари гурӯҳ, ширкат доштанд. Ин маълумот зимни қайди давомоти донишҷӯён, ки устоди дарсдиҳанда, номзади илми физика-математика Маҳмадӣ Садриддинов ба анҷом расонид, тасдиқи худро ёфт. Омӯзгор М. Садриддинов бо лаҳни ба худ хос, муомилаи хуш, бо истифода аз чанд дастурамали дигар, ки ба таври намуна дурустии ҳалли мисолу масъалаҳоро мефаҳмонд, фикри худро тасдиқ мекард. Маълум, ки устоди фанни математика таҷрибаи калони педагогӣ дорад. Бо розигии омӯзгор ҷавоби чанд масъалаеро аз донишҷӯён пурсон шудем. Онҳо зуд аз пайи иҷрои кор шуда, посухи саривақтӣ гуфтанд.
Дарси забони русӣ дар курсҳои якум низ бо шавқу завқ ҷараён гирифт. Маълум шуд, ки аз 23 нафар панҷ нафар иштирок надоранд ва аз ин шумора ду нафари онҳо бо сабаби беморӣ дар машғулиятҳо иштирок карда натавонистаанд. Омӯзгори забони русӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Юсуфова, ки таҷрибаи 34-солаи корӣ дорад, ба донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси фанҳои дақиқ дарс мегузашт. Дарси мазкур низ диққатҷалбкунанда ва бо истифодаи аёният ва бештар ба тарзи саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Маълум, ки донишҷӯён мавзуъро хуб дарк кардаву мехоҳанд онро боз ҳам мукаммал гардонанд.
Ба таври лаҳзавӣ дар дарсҳои таърихи муосири тоҷик (омӯзгор номзади илми таърих, дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, гурӯҳи русӣ Эраҷ Шарофзода) аз рӯйи ихтисоси меъморӣ ва дизайни муҳити меъморӣ, дар дарси зергурӯҳи озмоишии омӯзгор Бахтовар Раҳмонов низ ширкат намуда, ба хулосае омадем, ки шароити хуби корӣ ба донишҷӯёну омӯзгорон имкон додааст, ки дарсҳоро хеле самараноку пурмуҳтаво барпо намоянд. Дар маҷмуъ, тибқи маълумоти оморӣ имрӯз дар донишгоҳ 108 озмоишгоҳ мавҷуд аст.
Пайванди илму амал
Дар озмоишгоҳи ташхисии обҳои партов, номзади илми техникӣ, омӯзгори кафедраи системаи таъмини об, газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ Миргул Марамов бо донишҷӯи курси 3-и ихтисоси системаи таъмини об, обпартовҳо (ҳамзамон, лаборанти озмоишгоҳ) Шаҳром Холмуродзода обҳои партовро таҳқиқ мекарданд. М. Марамов иттилоъ дод, бо таҷҳизоте, ки маъмурияти донишгоҳ барои озмоишгоҳ дастрас намудааст, мо бо шогирдон то 15 намуди нишондодҳои обҳои партовро аз нигоҳи химиявӣ, физикавӣ ва микробиологӣ дар муддати хеле кӯтоҳ муайян карда метавонем. Ин ба мо имконият медиҳад, ки ҳар чи бештар дониши назариявии шогирдонро дар амалия таҷзия намуда, пас аз хатми донишгоҳ онҳоро ҳамун мутахассисони дар соҳаи худ ба таври мукаммал обутобёфта ба истеҳсолот гуселонем.
Мудири озмоишгоҳ-палигони кафедраи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ Идрис Ашӯров собиқаи умумии 12-солаи омӯзгорӣ дорад. Дар донишгоҳ бошад, аз соли 2022 фаъолият дорад. Ӯ аввал моро бо чанд намунаи ашёи сохтмонии биноҳои серошёна ошно намуд. Вай дар бораи хусусияти ин ашёҳо, дар бораи сифат ва зичии моддаҳои таркиби масолеҳ ва монанди ин маълумот дод. Баъд ба таъбири «Мушт – намунаи хирвор» дар майдони берун – палигони озмоишгоҳ ба бинои дуқабатаи ба таври намуна сохтаашон шинос кард. Шакли бино хеле хуштарҳу замонавӣ буда, синҷи беболор аст. Чунонки И. Ашӯров зикр намуд, чунин тарҳи бино барои озмоиш аст ва дар натиҷаи гузариш аз тадқиқоти мутахассисони кордон дар оянда ба ҳамин шакл сохтани биноҳои истиқомативу маъмурӣ хеле мусоид мебошад.
Устохонаи «Лубан» дар донишгоҳ, дар асоси имзои созишнома ва ҳамкориҳо байни Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаи маориф ташкил гардидааст. Он ба хотири ихтироъкори чинӣ-Лубан, ки 2500 сол пеш аз ин зиндагӣ кардааст, эъмор шудаст. Дар ин бора ба мо мудири кафедраи системаҳои таъмини об, газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ, номзади илми техникӣ, дотсент Парвиз Хоҷаев иттилоъ дод. Ин устохонаи калону барҳаво маҳз барои ду равия – системаи газу гармидиҳӣ ва геодезия ва харитасозӣ бунёд шудааст. Омӯзгор П. Хоҷаев зикр кард, ки дар ин толор, ки бо тамоми намунаҳои таҷҳизоти гармидиҳиву геодезӣ ва харитасозӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, дар баробари дарсҳои озмоишӣ, дарсҳои лексионии «энергияи сабз» низ баргузор мегарданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо маҳфили «Шабакаҳо» низ сурат мегирад, ки хоҳишмандони курсҳои 1-4 ширкат варзида, дониши назарии худро бо амалия мукаммал мегардонанд. Пас аз дарсу машғулиятҳо низ ин ҷо сердонишҷӯст, зеро тамоми шароит муҳайёст. Донишҷӯён бо навъу истифодаи қубурҳо, таъмири яхдон ва дигар асбобҳои маишии рӯзгор шинос мегарданд.
Дар равияи ихтисоси геодезӣ ва харитасозӣ бошад, бо иштироки 16 нафар дар зергурӯҳҳо машғули омӯзиш буданд. Чунонки иттилоъ дода шуд, дар ин равия озмоиши маҳсулоти сохтмонӣ ва конструксияи сохтмонӣ низ аз санҷиш гузаронида мешавад. Дар ин самт бо 11 корхонаи давлатӣ фаъолият ба роҳ монда шудааст. Ҳоло се сол боз бо Донишгоҳи шаҳрсозии шаҳри Тян Зин дар самти геодезия ва харитасозӣ, «энергияи сабз» ва системаи муҳандисии бино ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Дар зарфи се сол беш аз 30 нафар омӯзгор ва 12 нафар донишҷӯ (вобаста ба мубодилаи академии 2+2) як сол дар он ҷо таҳсил намудаанд.
Дастовардҳои донишгоҳ
— Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо мақсади андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати рушд, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, инкишоф додани илми тоҷик, тарбия кардани олимони ихтироъкор, ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти донишгоҳ, рушди иқтидори илмӣ, дар доираи байналмилалӣ, анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ, дар асоси сиёсати дарҳои кушода густариш додани муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Миёна, кишварҳои ИДМ, шарикони дигари анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва ИМА, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ як қатор чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст, – гуфт сардори раёсати таълими донишгоҳ Ҷ. Раҳимзода. – Маҳз дар соли гузашта мизбонӣ намудани чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, ба имзо расонидани як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ, иштирок дар кори форуму семинарҳо, мубодилаи ҳайати калони устодону донишҷӯён бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, ифтитоҳи марказу озмоишгоҳи нав ва иштирок дар як қатор лоиҳаҳои сайёр аз рӯйдодҳои муҳимми самти фаъолият ба ҳисоб мераванд. Дар давоми солҳои охир донишгоҳ бо шарикони хориҷии худ аз кишварҳои пешрафта, аз қабили Ҷумҳурии мардумии Чин, Корея, Лаҳистон, Туркия, Руминия, Испания, Олмон, Швейтсария, ИМА, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Нидерланд, Фаронса ва дигар муассисаҳои олии касбии пешқадам ҳамкорӣ менамояд.
Хулоса
Воқеан, вақте аз тарафи роҳбарияти муассиса, ҳайати профессорону устодони донишгоҳ доир ба азхудкунии фанҳо, ворид кардани технологияҳои нав, муҳайё намудани озмоишгоҳҳои замонавӣ бо тамоми таҷҳизот, таъмин намудани муассиса бо устодони варзидаву олимони саршинос, ҳамкорӣ бо муассисаҳои шинохтаи олии кишварҳои хориҷӣ, иштироки фаъолона дар конференсияву дигар ҳамоишҳои илмӣ ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии соҳавӣ шароит фароҳам овардаа мешавад, ин имкон медиҳад, ки донишгоҳ дар ҳама самтҳои фаъолият пешсаф ва намуна бошад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»