Дар инкишофу пешрафти насли нав кӯдакистон нақши муҳим мебозад. Дастрасӣ ба таҳсилоти томактабии босифат на танҳо кафили муваффақияти кӯдакон дар мактаб, балки қадами ҷиддиест барои ноил гардидан ба рушду пешрафти бештар дар оянда.
Бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз шарту шароити муассисаҳои томактабии ноҳияи Рӯдакӣ аз фаъолияти як қатор кӯдакистонҳо дидан намудем.
Тибқи иттилои сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Нуралӣ Ализода дар ноҳия 13 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ва 3 хусусӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо 2788 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 688 нафар кӯдак зиёд мебошад.
Ширхоргоҳ-кӯдакистони №3
Муассиса аз як бинои дуошёна иборат мебошад. Бинои ширхоргоҳ-кӯдакистон соли 1983 бунёд ёфта, соли 2022 аз ҷониби гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири пурра бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудааст.
Тибқи иттилои мудири муассиса Моҳрухсор Давлатова, дар ширхоргоҳ-кӯдакистон айни замон 367 нафар кӯдак аз 1-солаву 6-моҳа то 7-сола дар 6 гурӯҳи синну солашон гуногун ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мавсуф сабаби аз меъёр зиёд будани теъдоди таълимгирандагонро дар муассиса, яъне, аз 50 то 60 нафар дар як гурӯҳ, дар идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистони навтаъсиси №9 ва ба ин ҷо интиқол дода шудани қисме аз таълимгирандагони он арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки мушкилии мазкур пас аз мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони №9 бартараф хоҳад шуд.
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №3 – «Парасту» 29 нафар коргар фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 6 нафарашон мураббия мебошанд. Мураббиён 4 нафар дорои маълумоти олии касбӣ ва 2 нафар дорои маълумоти миёнаи махсуси касбианд.
Дохили бинои кӯдакистон ободу зебо буда, дар ошёнаи якум гурӯҳҳои хурдтаракон ва дар ошёнаи дуюм гурӯҳҳои миёна ва калон ҷой дода шудаанд. Барои ҳар гурӯҳи синнусолии кӯдакон синфхона, ҳуҷраи хоб ва ҷойи махсуси либосивазкунӣ ҷудо шудааст.
Дар долонҳои гурӯҳҳо ҷевончаҳои либосовезӣ ва дар ҳуҷраи хоб катҳои дуқабатаи якхела бо тартиб гузошта шудаанд.
Дар гурӯҳи синну соли миёна мувофиқи ҷадвал мураббия Гулнисо Бадалова машғулияти «Тасаввуроти оддитарини математикӣ» баргузор намуд. Сифхона бо мизу курсичаҳои барои синну соли кӯдакон мувофиқ, ҷевонҳои китобу бозича ва тахтаи магнитӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар гурӯҳ 64 кӯдак ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, 6 нафар дар машғулият ҳузур надоштанд. Нақшаи корӣ мавҷуд буда, машғулият тибқи он ба қисматҳо ҷудо карда шуд. Мавзуъ: «Ҷо ба ҷо кардани тартиби рақамҳо — аз рақами 1 то 5». Машғулият 25 дақиқа давом кард ва кӯдакон дар рафти он фаъолияти хуб нишон доданд. Мураббия дар машғулият аз асбобҳои аёнии гуногун ва барномаи «Рангинкамон»-у дастури методии «Математикаи шавқовар» истифода намуд.
– Аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба раёсати маорифи ноҳия дастурҳои методӣ барои гузаронидани машғулиятҳо дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дастрас гардид, ки онро ба мураббиёни кӯдакистонҳо тақсим кардем. Ҳамчунин, бо ибтикори лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» 78 нафар мураббии муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд. Ҳамаи онҳо низ бо дастурҳои методӣ ва маводи иловагӣ таъмин гардиданд, – иброз дошт мудири бахши муассисаҳои томактабии раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳбуба Раҳимова.
Яке аз омилҳои асосии рушди кӯдак истеъмоли ғизои солим мебошад. Зимни боздиди кӯдакистонҳои ноҳия айён гашт, ки омили мазкур ин ҷо дар амал татбиқ мешавад. Анвои хӯрока аз сабзавоту маҳсулоти шириву гӯштӣ ва донагӣ ҳамарӯза тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мегарданд.
– Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия дар як рӯз барои як нафар кӯдак 2 сомонию 80 дирам аз ҳисоби буҷаи ноҳия ва 2 сомонию 90 дирам аз ҳисоби маблағҳои махсус барои маводи ғизоӣ масраф карда мешавад. Ҳар субҳ аз маҳсулоти ширӣ, нисфирӯзӣ ду намуд таом аз сабзавоту маҳсулоти донагӣ ва гӯштӣ, бегоҳ бошад, ягон ғизои сабук ба кӯдакон дода мешавад, – гуфт дар идомаи суҳбат М.Раҳимова.
Ширхоргоҳ-кӯдакистони №4
Ба ширхоргоҳ-кӯдакистон бо намояндаи раёсати ноҳия Маҳбуба Раҳимова ҳангоме расидем, ки ҳама ба шаҳри Душанбе, тибқи нақша, ба тамошои барномаҳои сирк рафта буданд. Танҳо дар якчанд гурӯҳ кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун ба сирк нарафта буданд, ҳузур доштанду халос. Мудири кӯдакистон Фирӯза Гулова иброз дошт, ки ширхоргоҳ-кӯдакистон соли 1974 барои 175 кӯдак сохта ба истифода дода шудааст. Он аз як бинои дуошёна иборат буда, айни замон 150 нафар кӯдак дар 6 гурӯҳи синнусолӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
– Бинои муассисаро ҳамасола таъмири ҷузъӣ менамудем. Хушбахтона, мувофиқи нақша дар доираи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» кӯдакистон соли ҷорӣ ба пуррагӣ таъмир мегардад. Аз ҳисоби маблағҳои муассиса ва дастгирии волидайн бошад, дар берун айвончаҳои бозӣ хоҳем сохт, – қайд кард мудири ширхоргоҳ-кӯдакистон Ф. Гулова.
Дар ошхонаи муассиса, ки дар бинои иловагӣ ҷойгир буд, рӯйи печҳои хӯрокпазӣ дар дегҳои калон таом мепухт. Ошпаззанро ҳамроҳи ёрдамчӣ, ки ҳар ду дар тан хилъати сафеду дар сар рӯймол доштанд, саргарми кор дарёфтем. Мувофиқи таомномаи имрӯза барои кӯдакон саҳар гречкашир омода шуда, нисфирӯзӣ мастоба бо макаронпалав ва бегоҳ фаллаву қаймоқ пешниҳод мегардад. Ҳангоми боздид аз зарфҳои пуроби дар ошхона чидашуда аён гашт, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Чун об саҳар се соат (аз 6 то 9) ва бегоҳ аз 4 то 7 таъмин мегардад, кормандон кӯшиш мекунанд, ки сари вақт зарфҳоро пуроб ва мушкилиро бартараф намоянд.
Ширхоргоҳ-кӯдакистони №15
Ширхоргоҳ-кӯдакистон дар дохили бинои МТМУ №15 ҷойгир аст. Мактаби мазкур соли 1974 бунёд ва соли 2007 дар дохили он кӯдакистон ташкил гардид. Соли 2021 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия заминаи моддии муассисаҳо алоҳида гардид. Ширхоргоҳ-кӯдакистон тибқи нақша барои 120 кӯдак пешбинӣ шуд. Аммо бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва зиёд будани талабот айни замон дар он 140 нафар кӯдак дар чаҳор гурӯҳи синнусолӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Вақте аз роҳрави ҳавлии мактаб гузашта, ба дару деворҳои аз панҷара сохташудаи ширхоргоҳ-кӯдакистон наздик омадем, қисме аз кӯдаконро дар саҳни ҳавлӣ машғули бозиву давутоз дарёфтем. Наздашон андаке қарор гирифта, бо онҳо суолу ҷавоб кардем. Ҳама фаъолона ба саволҳо ҷавоб дода, шеърҳо қироат намуданд.
Дохили бино тозаву рӯшан буд. Дар долон назди дари ҳар гурӯҳ мизу курсичаҳои якхела бо тартиб гузошта шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар муассиса бо сабаби маҳдудияти масоҳату кам будани ҳуҷраҳо, дар умум, ба ҳар гурӯҳ ҳамагӣ як ҳуҷра барои хобу бозӣ ва машғулиятгузаронӣ ҷудо шудааст. Вориди гурӯҳи калон шудем. Дар гурӯҳ мувофиқи рӯйхат 40 нафар кӯдак буда, аз ин теъдод ду нафар бо сабаби беморӣ ҳузур надоштанд.
– Мувофиқи нақша имрӯз се машғулият: математика, русӣ ва англисӣ дорем. Айни замон муаллимаи забони англисиро интизорем, то кӯдаконро ба берун бароварда, бо табиату ашёи муҳити атроф ва тарзи талаффузи онҳо бо забони англисӣ ошно намояд. Ин яке аз роҳу усулҳоест, ки ба воситаи он кӯдакон зуд забонро аз худ мекунанд, – иброз дошт зимни суҳбат мураббии гурӯҳ Моҳинав Қурбонова.
Ба гурӯҳи дуюми хурд даромадем. Дар гурӯҳ 39 нафар кӯдак ҳузур доштанд. Тибқи нақшаи имрӯза машғулияти суруду мусиқӣ ва расмкашӣ ба поён расида, акнун лаҳзаи сайругашт буд.
– Бо сабабе ки дар берун кӯдакон зиёданд, гурӯҳро ба он ҷо набаровардам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки фориғ аз машғулиятҳо, тавассути телевизиор филми тасвирӣ тамошо карда, истироҳат намоянд. Мутаассифона, бо сабабҳои техникӣ барқ айни замон дар кӯдакистон хомӯш гашт, – бо ишора ба телевизори хурди замонавии дар девор насбшуда изҳор дошт мураббӣ Латофат Сайидшоева.
Дар назди деворҳои ҳуҷраи гурӯҳ катҳои дуқабатаи якхела ба шакли нимдоира гузошта шудаву кӯдакон дар байн саргарми бозӣ буданд. Тирезаҳои чӯбини дуқабата кушода буду садои кӯдакони дохили гӯрӯҳ бо доду мағали берун бо ҳам мепечид. Ба суоли «оё ин садоҳо дар рафти машғулият ба кӯдакони кӯдакистон ва ба хонандагони мактаб халал намерасонад?» мудири кӯдакистон Орифа Маҳмудова чунин посух дод:
– Барои таълиму тарбиягирандагон ва кормандони ҳар ду муассиса, албатта, душвор аст. Кӯшиш мекунем, кӯдаконро ором нигоҳ дорем, аммо ҳангоми бозӣ онҳо худро озодтар эҳсос карда, садо баланд менамоянд. Роҳбарияти ноҳия низ вазъро хуб дарк карда, қарор дод, дар заминҳои холии паси бино, дуртар аз мактаб кӯдакистони нав бунёд созанд. Ва тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони ин кӯдакистон соли ҷорӣ оғоз хоҳад ёфт.
Ба ғайр аз мушкилиҳои дар боло дарҷнамуда, дар рафти боздид аз кӯдакистони №15 маълум гашт, ки кӯдакони муассиса аз норасоии рахти хоб низ танқисӣ доранд, аммо мудири бахши муассисаҳои томактабии раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Раҳимова бо боварии қатъӣ гуфт, ки пас аз ба истифода додани бинои нав камбудии мазкур низ бартараф хоҳад шуд.
Сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Нуралӣ Ализода гуфт, дар соли 2024 кӯдакистонҳои нав бунёд ва бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд, ки ба ин васила, то андозие мушкилоти фарогирии кӯдакон бо зинаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бартараф шуд. Дар соли 2025 бошад, барои таъмир ва харидани таҷҳизоти зарурӣ дар кӯдакистонҳои ноҳия аз ҳисоби буҷа 12 миллиону 307 ҳазору 592 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
«Омӯзгор»