Яке аз ҷамоатҳои бонуфузи ноҳияи Муъминобод дар солҳои сиюми асри ХХ Деҳбаланд ба шумор мерафт. Нахустин раиси онро «раиси Ҳалим» мегуфтанд. ӯ аз ҷиҳати дониш, заковат, кордонӣ, ташкилотчигӣ аз ҳамтоёни худ як сару гардан боло меистод. Вақте туман ба ноҳия табдил ёфт, бештари роҳбарони идораҳо, муассисаҳои давлатиро аз шаҳрҳои калони Россия, аз шумори русу украин, осетину тотарҳо мефиристоданд.
Аз ҷумла, дар вазифаи сардори шуъбаи корҳои дохилӣ як марди бадҳайбати рус бо номи Нейчик кор мекард. Беҳад шаҳватпараст буд ва амалҳои разилонаи худро рӯйирост анҷом медод. Боре раиси Ҳалим низ шоҳиди ин ҳолат гардида буду аз қаҳру ғазаб намедонист чӣ кор кунад. Охир, ин барои мардуми тоҷик ҷойи поймолкунии ору номусу шараф ба ҳисоб мерафт.
Рӯзе дар деҳаи Қулулу бузкашии калон мешавад. Қарибиҳои соли нав. Ҳама ҷо пури барф. Човандозони зиёде аз ҳар гӯшаву канор ба ин маърака омада буданд. Нейчики асппарвари занбоз ҳам тамошо дошт. Раиси Ҳалим аз човандозони машҳур, ба мисли акаи Мирзошариф, Маҳмуд, Раҳмони тихорочиҳо, Юсуфи чаргичӣ, Сафаралии дараи ҳавашӣ ҳисоб меёфт. Дар яке аз аспдавониҳо раис аз пеши сардори идораи милиса гузашта, бо Нейчик рӯ ба рӯ меояд. Ин гуна ҷойи муносибро ёфта, раис чунон ӯро қамчинборон мекунад, ки аз болои асп афтода, беҳуш мешавад. Пас аз ин воқеа раис гурехта, ба Афғонистон меравад. Каме дертар Нейчики фасодро шармандавор аз Муъминобод пеш мекунанд.
Раис се сол пас дарёи Панҷро гузашта меояд ва якчанд сол дар ҷангалзорҳои Сибир ҳукми ҷазоро бо дарахтбурӣ мегузаронад. Пас аз он боз 6 соли дигар дар ҳайати баталиони коргарӣ буд. Дар ин миён писари калониаш Ҳакимро ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ даъват карданд. Ҳаким ба майдони ҷанг рафту дигар аз ӯ хату хабар нашуд ва раис аз пайи кори деҳқонию пешбурди зиндагӣ андармон. Соли 1945 (моҳи июн) вақти тутпаз бо коре раиси Ҳалим ба шаҳри Душанбе рафта, соатҳои 8-9-и бегоҳ ба чойхонаи «Рохат» медарояд. Мебинад, ки болои кате як ҷанговари ордену медалдор сари як пиёла чой нишастаасту 6-7 нафар калонсолону миёнсолон бо ӯ суҳбат доранд. Раис наздиктар рафта, ба суҳбати онҳо гӯш медиҳад. Ва дар навбати худ мепурсад, ки аз куҷо мешавед. Ҷанговари ордену медалдор ҷавоб медиҳад, ки аз Кӯлоб. Боз пурсид, ки аз куҷои Кӯлоб. Ҷавоб шунид, ки аз Муъминобод. «Писарам, ҳамин мӯйи саратро камтар боло бардор»,-мегӯяд раис ва дар пешонии ӯ захми дар давраи наврасӣ пайдошудаи писарашро дида, аз ҳуш меравад. Ин ҳамин писараш Ҳаким будааст, ки раис 12 сол боз ӯро надида буд. Субҳи рӯзи дигар падару писар ба деҳаи Қурғаки Муъмнобод, ба хонаашон меоянд. Раис барои писараш базми калон ва сабқати гӯштингирӣ меорояд.
…Ҳаким ҳам ояндаи зиндагиашро ба касби омӯзгорӣ пайваст. Муаллими биология шуд. Дар таълимгоҳи деҳаҳои Фурузобаю Шаймирӣ кор карда, дар деҳаи Душанбе (мактаби №12) фаъолияти омӯзгориашро ҷамъбаст намуд. Яъне, қариб 50 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Аз нуҳ фарзандаш 2 нафарашон пешаи падарро интихоб карданд.
Акнун муаллим Ҳаким дигар маҳфилорои таълимгоҳҳо гардида буд. Дар сари сина 14 ордену медал дошт. Бо мардум, толибилмон вохӯриҳо мегузаронид, аз корномаи ҷангиаш дар озодкунии шаҳрҳои Москва, Кривой Рог, Харков, Минск, Витебск, давлатҳои Полша, Австрия ва аз барафрохтани парчами Ғалаба дар болои Рейхстаги Берлин қиссаҳо мегуфт. Дар тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон саҳми шоиста мегузошт.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор