Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, дар тӯли таърих 14 ҳазор ҷанг ба амал омадаву бар асари онҳо 3 миллиард нафар одам ҷони худро аз даст додаанд. Зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷангҳо бамиёномада ҳадду ҳисоб надорад.
Ҳазорҳо шаҳру деҳоти обод харобу валангор гардида, ба хок яксон, мардуми бесарпарасту бесарпаноҳмонда сарсону саргардон шуданд. Чунин аст оқибати фоҷиаи шуму наҳсе, ки ҳатто аз шунидани номаш кас ба ҳарос меафтод.
Ҷангҳо аз рӯйи моҳияташон забткорона, истилогарона, миллӣ-озодихоҳӣ ва дохилӣ-шаҳрвандӣ мешаванд. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки миёни ҷангҳо танҳо ҷангҳои миллӣ-озодихоҳӣ хусусияти ватандӯстию адолатхоҳӣ ва истиқлолиятхоҳӣ доранд.
Агар ба умқи таърих назар афканем, мебинем, ки ду навъи дигари ҷангҳо, яъне, истилогарона ва дохилӣ-шаҳрвандиро гурӯҳҳои қудратталабу сарватхоҳ ва кинаварз сабаб гардидаву ба хотири амалӣ намудани манфиатҳои хеш ҳаёти орому осудаи халқҳоро халалдор намуда, ба сари онҳо бадбахтиҳои зиёде овардаанд.
Ҷанги истилогаронаеро, ки дар миёнаи садаи 20-ум Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёнаш Италия, Австрия ва Япония бо мақсади ғасби қаламрави кишварҳои дуру наздик ва ҳукмрони ҷаҳон шудан оғоз намуданд, дар таърих ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ном мебаранд. Он солҳои 1939-1945-ро дар бар ва 72 давлати дунёро фаро гирифта 110 миллион нафар аҳолӣ ба ин ҷанг сафарбар гардиданд. Аз онҳо 50-55 миллион нафарашон талаф ёфтанд, ки тақрибан 27 миллионашон шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми таркибии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба ҳисоб рафта, 22-юми июни соли 1941 аз ҳуҷуми аҳдшиканона ва ногаҳонии Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ оғоз ёфта, 8 майи соли 1945 дар Берлин бо имзои қарордод дар бораи бечунучаро таслим шудани Олмони фашистӣ ба анҷом расидааст. Фашистони истилогар то ба мамлакати собиқ Шуравӣ ҳамла оварданашон қариб тамоми кишварҳои Аврупоро истило намуда, даромад ва неруи кории онҳоро бо мақсади ҳарчи бештар қудратманд гардонидани такягоҳи иқтисодию низомии худ истифода бурданд.
Олмони гитлерӣ мақсад дошт, ки таввассути ҷанги барқосо дар як муддати кӯтоҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравиро торумор карда, марказҳои ҳаётан муҳимтарини ин кишварро ба даст дароварда, ғалабаи худро зуд таъмин намояд. Барои ба ин ҳадаф ноил шудан ҳайати сарфармондеҳии олии Олмони фашистӣ ба муқобили Иттиҳоди Шуравӣ дар оғози ҷанг қувваи калони ҳарбиеро ба миқдори 190 дивизияи дорои 5,5 миллион нафар аскару афсар, 3,7 ҳазор танк, 5 ҳазор тайёраи ҷангӣ ва зиёда аз 47 ҳазор тӯпу миномёт сафарбар намуд.
Аз рӯзҳои аввали оғози ҷанг дар баробари намояндагони дигар миллату халқиятҳои собиқ Шуравӣ намояндагони Тоҷикистон низ ба муборизаи зидди истилогарони фашистӣ бархоста, шарафу истиқлоли Ватани кабир — Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистиро ҳифз намуданд.
Ба фронт аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 60 ҳазор нафарашон дар набардгоҳҳо ҳалок гардидаанд.
Дар ҳамаи муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони тоҷикистонӣ ширкат намуда, ватандӯстӣ, далерию шуҷоат ва мардонагӣ нишон додаанд. Корномаи ҷангии Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон Сафар Амиршоев, Фатҳулло Аҳмадов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Тӯйчӣ Эрйигитов ва даҳҳову садҳои дигар пур аз саҳифаҳои қаҳрамонию диловарӣ ва ҷоннисорӣ барои Ватан аст, ки номи онҳоро дар саҳифаҳои таърих ҷовидонӣ нигоҳ доштааст.
Нимаи дуюми моҳи апрели соли 1945 Артиши Иттиҳоди Шуравӣ ба муҳосираи Берлин шуруъ намуд. Бо ҳамлаҳои қатъии ҷанговарони Шуравӣ муқовимати неруҳои фашистӣ бартараф гардида, 30 апрели соли 1945 аскарони шуравӣ — Кантария ва Егоров парчами сурхи ғалабаро дар гунбази Рейхстаг барафрохтанд.
Баъди торумор ва таслим шудани Олмони фашистӣ 9 майро мардуми Шуравӣ бо халқҳои Аврупои озодгардида чун Рӯзи Ғалаба ботантана қайд намуданд.
Ғалабаи бузурги Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳаммияти оламшумули таърихӣ дорад. Он ниятҳои зишт ва сиёҳеро, ки фашизм ба сари халқи мо ва дигар халқҳои рӯйи олам оварданӣ буд, барбод дод ва барои аз асорати фашистӣ наҷот ёфтан ёрӣ расонид.
Муҳиддин ЯТИМ,
омӯзгори МТМУ №31-и ноҳияи Файзобод