Корнамоиҳои қаҳрамонон дар ҷанг

9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи аксар мамлакатҳои ҷаҳон ва тамоми инсоният мебошад. Мардуми сайёра ҳеҷ гоҳ чунин ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро, ки 1418 рӯз давом карда бошад, аз cap нагузаронидааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз ҷиҳати миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи инсоният буд. Дар он 72 кишвари хурду калон ширкат варзид. Миқёси амалиёти низомӣ дар он васеъ шуда, ҳудуди 40 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт. Шумораи одамони сафарбаршуда ба ҷанг бештар аз 110 миллион нафарро ташкил дод. Дар натиҷаи ин ҷанг бисёр мамлакатҳо хароб гардиданд, зиёда аз 60 миллион нафар одам ҳалок шуда, садҳо миллион нафар одамони мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг афтода буданд, ба сахтиву азобҳои тоқатнопазир дучор омаданд. Ба гуфтаи коршиносон, хисороти умумӣ аз ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил дод. Пас аз гузашти 80 сол аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзиш ва шаҳомати корномаи қаҳрамонони беназири ин ҷанг боз ҳам равшантар мегардад.

Субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо қувваи зиёди ҳарбӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум кард. Дар ҳайати ин лашкар қӯшунҳои Венгрия, Италия, Руминия ва Финландия ҳам буданд. Дар як вақт Германияи фашистӣ дар масофаи зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ зада даромад. Қув­ваҳои ҳарбии душман он вақт аз 5,5 миллион аскар, 3712 танк, 4950 самолёти ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномёт иборат буд. Германия ба он умед дошт, ки ҷанги ногаҳонӣ ва барқосо Иттиҳоди Шуравиро пароканда ва шикасти ҳарбии онро метезонад, вале ба нияти худ нарасид. Баръакс, ҳуҷуми аҳдшиканона Артиши Сурхи Шуравиро ҷасуртару дӯстии халқҳоро қавитар гардонида, ягонагии қӯшуну халқ, ҷабҳаю ақибгоҳро мустаҳкамтар кард. Ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва Артиши Сурх дар тамоми хатти набардҳо аз баҳри Балтика то баҳри Сиёҳ аз дақиқаҳои аввал ба дифои Ватан бархостанд.

Халқи тоҷик низ имтиҳону озмоишҳои сангин ва фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронидааст, бинобар ин, Иди Ғалаба як пораи сарнавишт, як саҳфаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли корномаи падарону бобоёнамон дар арсаи мудҳиштарин ҷанг дар таърихи ҷаҳон мебошад. Рӯзҳои аввали ҷанг аз Тоҷикистон ба комиссариатҳои ҳарбӣ зиёда аз 10 ҳазор ариза ворид гардид, ки дар байни онҳо 30 нафар зан ҳам буд. Дар солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 миллионнафарии вақти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳа­зор нафарро ташкил дода, беш аз 92 ҳазор нафар аскар ва фармондеҳи Артиши Сурх аз ҳисоби шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, ки он 34,5 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталионҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 57 нафар ҳамватани мо бо унвони олии ифтихории Ватан — Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ — сиёсӣ ва талаботи ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз ва 88-уму 99-уми бригадаҳои тирандоз ташил ёфт.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанговарони тоҷик дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти Олмони фашистӣ-шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, 23-юми июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Германияи фашистӣ бо мақсади дар зудтарин фурсат ишғол кардани хоки Шуравӣ 2-юми октябри соли 1941 шаҳри Москваро муҳосира намуд. Дар назди ҷанговарон вазифаи муқаддас истода буд, ки шаҳри Москваро ҳимоя намоянд. Дар чунин вазъияти душвор моҳи ноябри соли 1941 дивизияи 20-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон ба ҳимояи Москва рафт, ки онро полковник А. Ставенков роҳбарӣ мекард. Ҳамин тавр, то охири муҳорибаи Москва фиристодагони Тоҷикистон қаҳрамониҳои зиёде нишон дода, зиёда аз 150 нафарашон бо ордену медалҳо сазовор гаштанд.

Муҳорибаи Сталинград калонтарин муҳорибаи тақдирсоз дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб рафта, 200 шабонарӯз давом кардааст. Олмон ба Сталинград 237 дивизияи худро ра­вона карда, даҳҳо ҳазор бомбаву мина ба сари ин шаҳр фаромад ва аксари муассисаҳои таълимию иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматии мардумро харобу валангор кард. Дивизияи 61-уми кӯҳгарди Тоҷикистон низ дар баробари дигар аскарони Шуравӣ ба ҳимояи Сталинград рафта, ба дасти ҷанговарони тоҷикистонӣ дар ин муҳориба 3500 нафар аскар, 8 самолёт, зиёда аз 40 танк, 46 тӯп, 40 пулемёт, 300 автомашинаи душман несту нобуд карда шуд. Барои ҷасорат нишон додан дар ин муҳориба 527 нафар аскари Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд.

Пӯшида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Дар ҳамин муҳориба 5-7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаев ба батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд. Собиқ колхозчӣ Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба 8-10-июли соли 1943 баландии беномро ҳимоя карда, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷруҳ шуда бошад ҳам, майдони ҷангро тарк накардааст. Барои ин корнамоӣ бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадр карда шуд.

Дар муҳориба баҳри озодкунии Лит­ва Сафар Амиршоев бо тӯпи худ танк­ҳои навини фашистонро нест намуд, вале худаш ҳалок гардид. 25 сентябри соли 1944 барои чунин корнамоиаш ӯро бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз намуданд. Инчунин, ба Эргаш Шарифов ва Амиралӣ Саидбеков, ки дар сарзамини Чехословакия мардонагӣ нишон доданд, ин унвонро соҳиб шуданд.

Хулоса, натиҷаи чунин шуҷоату мардонагии тамоми мардумони Шура­вӣ буд, ки урдуи гитлерӣ 8-уми майи соли 1945 мағлубияти худро қабул карда, рӯзи 9-май ҳамчун Иди Ғалаба бар фашизм дар саҳифаи таърихи башар бо ҳарфҳои заррин сабт гашт.

Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ ба қисмҳои ҳарбӣ низ содиқона ёрӣ мерасонданд. Ба шароити ниҳоят вазнини корӣ, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯйи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озуқа, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизоти гуногуни таъ­йиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёи зарурӣ барои таъминоти Артиши Шуравӣ фиристода мешуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристоданд.

Дар ин ҷанг зиёда аз 32 ҳазор бонувони тоҷику тоҷикистонӣ ҳамчун снайперчӣ, автоматчӣ, тирандоз, телеграфчӣ, телефончӣ ва шумораи зиёди ҳамшираҳои шафқат ва лётчик ҷангида, шуҷоату каҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Занону духтарони диловари ҷумҳурӣ на танҳо дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград, Курск, Ленинград. Одесса, Киев иштирок намуданд, балки барои озод намудани як қатор мамлакатҳои Аврупо низ ҷасурона ҷангиданд.

Кӯҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ карда, соли 2024 112-сола шуд. Сокини шаҳри Душанбе Ҳалим Ҳайдаров соли 2024 105-сола ва Азиз Қодиров аз Шаҳринав 102-сола шуданд. Аз ҳама зиёд собиқадорони ҶБВ дар вилояти Хатлон мондаанд — 10 нафар. Дар шаҳру вилоятҳои боқимонда шумораи собиқадорон чунинанд: Суғд — 6 нафар; Душанбе — 3; НТҶ – 5.

Қаҳрамониҳои мардуми тоҷикро давоми он солҳои мудҳиш аз саҳифаҳои таърих варақгардон карда, ба хулосае меоем, ки танҳо миллати сарҷамъ, бо ваҳдату меҳнатқарин ва шуҷоъ метавонад Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯзаи моро ба ҳама ғалабаву комёбиҳо ва дастовардҳо шарафёб гардад.

Амоншо Палавонов,

муаллими калони кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми педагогӣ