Аз ноҳияи Дарвоз, ки солҳои чилуми қарни гузашта он қадар минтақаи сераҳолӣ набуд, аз оғоз то интиҳои ин ҷанги хонумонсӯз қариб 500 нафар ба фронт рафтаанд. Бештар аз 280 нафари онҳо дар майдонҳои муҳориба ҳалок гардида, як қисмашон беному нишон шудаанд. Аз ҷумла, Абдулло Муриватов, бародари калонии устод Муъмин Қаноат, қаҳрамони қисмати «Мавҷҳои бародарӣ»-и достони «Мавҷҳои Днепр», ки дар озод намудани сарзамини Украина диловарона ҳалок гардидааст. Мутаассифона, макони мадфанаш то ҳанӯз маълум нест. Ба бахти баланди падару модарон ва хешу таборон чанде аз ҷанговарони дарвозӣ ба зодгоҳашон баргаштанд, лекин қариб ҳамаашон захмдор, тани дардманд ва доғе дар дил дошта, чанд нафарашон маъюбу маслуқ буданд.
Дар ҳақиқат, ҳар кадоми онҳо саргузашти аҷибе доранд, ки ибратомӯзанд. Аз ин миён қиссаи рӯзгори яке аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Толиб Хингов хеле шуниданӣ ва аҷиб аст. Ӯ ду маротиба бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) ариза навишта, ба ҷабҳаи мубориза рафтааст.
Толиб Хингов соли 1918 дар деҳаи баландкӯҳи Ғож ба дунё омада буд. Баъди гирифтани маълумоти ибтидоӣ чанд муддат мудирии мактаби ибтидоии деҳаи Тоғмайро ба уҳда доштааст. Соли 1937 ӯро ҳамчун ҷавони босаводу меҳнатдӯст сардори идораи таъминоти иҷтимоии ноҳия таъин мекунанд ва то моҳи июни соли 1941 дар ин вазифа кор кардааст. Толиб Хингов баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба комиссариати ҳарбӣ омада, нияти ба фронт рафтанро изҳор менамояд. Ҳамин тавр, ин ҷавонмарди ватандӯсти кӯҳистонӣ, ки он айём ҳамагӣ камтар аз 22 сол дошт, дар қатори гурӯҳи аввалини 200 — нафараи ҳамсолонаш ба ҷабҳа, ба майдони муҳорибаи хунин меравад. Нахуст дар яке аз дивизияҳои тирандозӣ ва савораи Фронти якуми Украина, ки сарлашкари номдор, Маршали Иттиҳоди Шуравӣ Г. К. Жуков фармонравоӣ мекард, хизмат мекунад. Дар сароғози ин ҷанги хунинтарини таърихи инсоният дар самти Можайскийи наздикии Москва ин ҷавонмарди дарвозӣ бори аввал бо фашистони истилогар рӯ ба рӯ мегардад.
Ротае, ки тоҷикписар Т. Хингов дар ҳайати полки тирандозии механиконидашудаи пиёдагард хизмат мекард, ҳамлаҳои пуршиддат ва девонавори гитлерчиёнро, ки мақсадашон тасарруф намудани шаҳри Москва буд, зада гардонданд. Сарбозон ва афсарони русу арман, ӯзбеку тоҷик, украину молдовӣ, латишу туркман, қирғизу гурҷӣ, намояндагони дигари даҳҳо миллатҳои гуногуни ин кишвари паҳновар яктану якдил буданд. Онҳо тайи бештар аз ду моҳи ибтидои ҷанг миёни ҷангалистонҳо ва бешазорони назди пойтахти кишвар (бештар самти Можайск), дар хатти пеши мудофиа қарор доштанд.Ҷанговарон на танҳо ба ҳуҷумҳои пай дар пайи неруҳои пуриқтидори фашистон тоб меоварданд, балки диловарона ба ҳуҷум низ мегузаштанд. Талафот аз ҳарду ҷониб хеле зиёд буд. Сарбозону афсарон таҳти шиори «дар қафо Москва ва он ҷо Сарфармондеҳи Олӣ Иосиф Виссарионович Сталин дар Кремл ҳузур доранд», ба муқобили истилогарон меҷангиданд.
Тайёраҳои қиркунанда ва бомбаандози душман аз самти Можайск ва дигар минтақаҳо ба Москва парвоз мекарданд. Ин ҷанговари бебоки тоҷик ва дигар ҳамяроқонаш пинҳон аз чашми командирон аз хандақҳо ва паноҳгоҳҳо сар бароварда, тайёраҳои салибдори фашистонро ҳисоб менамуданд, ки ба ҷониби пойтахти кишвар дар парвоз буданд. Дар бозгашт низ тайёраҳои гитлерчиёнро мешумориданд ва медиданд, ки чанд ададашон бозпас нагаштаанд. Маълум мегашт, ки ин тайёраҳоро қисмҳои пурқуввати муҳофизат аз ҳуҷуми ҳавоии мустақар дар даромадгоҳҳо ва қалби мамлакат зада ғалтонидаанд.
Баъдтар ба Толиб Хингов ва муҳофизони шаҳри Москва аз рӯйи хабарҳои «Совинформбюро» низ маълум мешуд, ки ба ягон сарнишини тайёраи ҷангии душман муяссар нагардидааст, ки ба пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ бомба партояд. Ҳамаи ин ба ҷанговарон руҳу тавони тоза мебахшид. Ҳазорон нафар сарбозон ва афсарони Шуравӣ, ки бо ҳам ёру бародар гардида буданд, дар даромадгоҳи шаҳри Москва на танҳо ҳамлаҳои барқосои фашистонро бозмедоштанд, балки охири соли 1941 ба ҳуҷум гузашта, даҳҳо дивизияҳои душманро торумор ва ҳазорҳо сарбозу афсаронашонро ба асорат мегирифтанд. Садҳо адад танку тайёраҳо ва дигар техникаи ҳарбии гитлерчиёнро вайрону валангор месохтанд. Ҳамзамон, пайиҳам урдуи аҳдшиканро даҳҳо километр аз шаҳри Москва дур мепартофтанд.
Дар яке аз набардҳо сержанти шуҷоъ Толиб Хингов, ки аввалин ордени «Шараф»-ро барои далерӣ ва шуҷоатмандиаш сазовор гашта буд, сахт ярадор мешавад. Бештар аз се моҳ дар госпитали саҳроӣ табобат мегирад. Азбаски дармони захмҳо вақти дуру дарозро талаб мекард, ӯро ба ақибгоҳ мефиристонанд. Баъди боз ду моҳи дигар дар беморхонаи марказии ноҳияи Қалъаи Хумб муолиҷа гирифтан Толиб Хинговро ба вазифаи сардори идораи таъминоти иҷтимоӣ таъин мекунанд.
Охири соли 1942 ва аввали соли 1943 ҳамарӯза аз фавти зиёди ҷанговарони дарвозӣ дар майдонҳои муҳориба сиёҳномаҳо меомаданд. Фиғону оҳу нола ва садои гиряи талху ҷонсӯзи падару модарон ва хоҳарон аз ҳар як хонадон ба гӯш мерасид. Тарсу ваҳми зиёди ҳамсолони худро дида, нангу номуси ин ҷавони аллакай майдони набарддидаи дарвозӣ Толиб Хинговро бори дигар бедор месозад. Ӯ дафъаи дуюм ба комиссариати ҳарбӣ омада, хоҳиши ба фронт рафтанро баён месозад. Баъди чор маротиба ба ин ниҳоди низомӣ омаданаш ӯро аз сари нав ба ҷабҳа мефиристонанд.
Дар ҳоле ки ҷавонони навдаъват аввал дар шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд ва Сталинобод дарси омодагии ҷангӣ мегирифтанд, Толиб Хингов ба чунин омӯзишҳо эҳтиёҷ надошт ва ба зудӣ ба хатти аввали фронт фиристонида мешавад. Ҷанговари шуҷоъ дар озод намудани шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳуриҳои Украина, Беларус, Латвия, Литва ва Эстония, инчунин, аз фашистони истилогар тоза кардани сарзамини Полша ва Чехословакия иштирок менамояд. Рӯзи ғалабаро дар канори дарёи Одер пешвоз мегирад. Ҳамин тариқ, Толиб Хингов аз ибтидо то охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори дигар ҷанговарони Шуравӣ дар ҷабҳа буд ва танҳо соли 1946 ба зодгоҳаш – Дарвоз баргашт. Барои шуҷоат ва мардонагиаш бо ҳашт ордену медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шуда буд.
Фаъолияти минбаъдаи меҳнатии Толиб Хингов – ин марди софдилу ҳақгӯй, ҳалиму меҳрубон ва хоксор баҳри ободии диёраш нигаронида мешавад. Ӯ аз соли 1946 то соли 1962 сардори идораи абрешими ноҳияи Дарвоз буд. Дар ривоҷу равнақ додани соҳаи кирмакпарварӣ саҳми муносиби худро гузошт. Ҳамон солҳо кирмакпарвари номдор Фотима Сӯфихонова барои корнамоиҳои меҳнатиаш ба гирифтани унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф мегардад. Собиқадори ҷангу меҳнат Толиб Хингов ва дигар ҳамкоронаш, аз қабили Акбар Муриватов, ки вай ҳам дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда буд ва Назриддин Ҷорӯбов идораи абрешимро ба яке аз муассисаҳои пешқадами ноҳия табдил доданд. Роҳбарони вақти ноҳия Одил Бердиев ва Қудрат Ҷӯрахонов зарур донистанд, ин марди кордону ташкилотчиро ба яке аз корхонаҳои ақибмонда, нонвойхонаи ҷамъияти матлубот роҳбар таъйин намоянд. Дар ин вазифа амаки Толиб то соли 1968 кор кард. Ӯ тавонист корхонаро ба сафи пешқадамон баробар намояд.
Дар ёд дорам, ки то соли 1968 муассисаҳои хӯроки умумии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Дарвоз ҳамагӣ як чойхона-ошхонаи таги чанори шаҳраки Қалъаи Хумб, чор чойхонаи мавсимӣ дар рустоҳои Курговад, Кеврон ва Қалъаи Ҳусайну Сағирдашт дошту халос. Дар замони роҳбари ноҳия будани Ғулом Ҷумъаев дар соҳили Хумбов ба бунёди чойхонаошхона, қаҳвахона ва тарабхона оғоз карданд. Баъди анҷоми сохтмони ин иншоот бо фармоиши роҳбари ноҳия Толиб Хинговро директори муассисаҳои хӯроки умумӣ таъин намуданд. Дар ҷодаи нав низ ин родмарди боҳиммат ва накукору ташаббускор тайи ҳафт сол бенуқсон кор мекунад. Шумораи ошхона-чойхонаҳо ва қаҳвахонаҳоро ба 14 адад мерасонад. Кормандони муассиса, махсусан, ба ронандагон ва мусофирони роҳҳои тӯлонии Помир хидмати арзанда мерасониданд. Дар мактабҳои калонтарини ноҳия ошхона ва буфет ташкил мегардад.
Соли 1975 собиқадори ҷанг ва меҳнат Толиб Хингов ба нафақа мебарояд. Ӯ акнун шароит ва имконияте пайдо намуд, ки ба тарбияи фарзандон, наберагон ва аберагон машғул шавад. Ҳамзамон, дар якҷоягӣ бо дигар собиқадорони ҷангу меҳнат бо ҷавонону наврасон, бештар дар таълимгоҳҳо мунтазам вохӯрӣ ва суҳбатҳо мегузаронид. Аз саҳфаҳои умри пурбаракаташ, панҷ соли дар хандақҳо, истеҳкомҳо, заминканҳои заҳи хунук ба ҳуҷуми навбатӣ омодагӣ дидани сарбозону афсарон ва сина сипар намуда, кишварро аз фашистон озод намуданашон нақл мекард. Ҷавонон ва толибилмонро ҳидоят менамуд, ки ватандӯст бошанд, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона хизмат кунанд. Лаҳзае ҳам аз ёд набароранд, ки хидмат ба Ватан-модар бузургтарин оини ҷавонмардӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, ин родмарди матинирода, покдилу якпаймон то лаҳзаҳои охирини ҳаёти пурмаънӣ ва рангинаш чун майдондори ду ҷабҳа ба Меҳан, ба мардум хизмат карда, некукору накуном зист. Саъдии Шерозӣ дар ҳаққи чунин мардони ҳақиқии арсаи мубориза ва шахсияти накукор чун Толиб Хингов гуфтааст:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Сироншоҳи Диловар,
рӯзноманигор