Маърифати экологӣ – сарчашмаи ҳаёти солим

Инсоният ҳамеша бо табиат муносибати дуҷониба дошта, аз об, хок, оташ, фазо, олами набототу ҳайвонот, иқлим, сарватҳои табиӣ барои қонеъ гардонидани талаботи худ васеъ истифода мебарад. Васеъ ва бешуурона истифодабарӣ боиси харобшавӣ ва ифлосшавии табиат гардидааст. Одатан, одамон ҳангоми муносибат ба табиат таъсири худро нисбат ба маҳал, муҳит, равшан ҳис намекунанд ва ё нисбат ба онҳо бетафовут менигаранд. Ҳоло бошад, ифлосшавии муҳити зист хосияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Афзоиши ифлосшавии муҳити зист боиси пайдоиши хавфу хатари раванди муътадилии низоми биосфера, аз ҷумла, инсоният мегардад.

Дар замони муосир таъсири инсон ба табиат босуръат афзуда истодааст. Дар сатҳи сайёраи Замин ягон нуқтаеро дарёфт кардан мумкин нест, ки ба он таъсири фаъолияти гуногунҷанбаи инсон нарасида бошад. Аз ин хотир, дар назди инсоният мушкилоте ба вуҷуд омадааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад, ба монанди сӯрохшавии қабати озонӣ, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, нарасидани оби тозаи нӯшокӣ, нестшавии гуногунии биологӣ, обшавии пиряхҳо ва ғайра. Солҳои охир бо мавҷудияти ҷиддӣ будани масъалаи ифлосшавии табиат, мутафаккирон ин масъаларо дарк ва натиҷагирӣ намуда, барои пешгирии хатари экологӣ чораҳои аввалиндараҷаро меандешанд. Яке аз роҳҳои асосии ташаккули маърифати экологии ҷомеа ва солимии аҳолӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа дар амал иҷро намудани нишондиҳандаҳои зерин мебошанд:

  1. Ба воситаи таълим дар шуури ҳар як оила ҷорӣ намудани ҳисси миллии маърифати экологӣ. Агар ба шарҳи мафҳуми маърифати экологӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем, он пеш аз ҳама, ба сифати раванди таълим эҳтиёҷ дорад. Сифати раванди таълим бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ба таъмини омӯзгори асили соҳаи экология, дар муассисаҳои таълимӣ такя менамояд. Дар баробари қабул намудани омӯзгори асили соҳаи экология дар муассисаи таълимӣ сифати раванди таълим дуруст ба роҳ монда шуда, насли наврас дар оянда оид ба табиат, инкишофи тафаккури миллии экологӣ ва баланд бардоштани фарҳангу маданияти экологӣ иттилооти дуруст мегиранд. Масалан, муаллим дар мактаб шахси масъул оид ба тарбияи экологӣ буда, хонандагонро ба тозаю озода нигоҳ доштани синфхона, мактаб, васоити дарсӣ, гулу растаниҳои мактаб ва гирду атрофи он ҳидоят менамояд. Дар баробари ин, корҳои беруназсинфӣ дар боғи мактаб, нигоҳубини гулу дарахтон дар дили хонандагон ҳисси зебоипарастиро бедор намуда, дар сайқал додани дониши экологӣ мусоидат менамояд. Дониши экологӣ бошад, бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст. Ва оҳиста-оҳиста бо гузашти вақт ҷомеа аз маърифати экологӣ баҳравар шуда, барои беҳтар гардонидани солимии худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки ба табиат дуруст рафтор карда шавад.
  2. Мафҳуми тарбияи экологиро дуруст дарк намудан зарур аст. Чунки яке аз заминаҳои асосии баланд бардоштани некуаҳволии ҷомеа тарбияи маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

Инсон ҳанӯз аз замони пайдоиш ба тарбия, махсусан, тарбияи экологӣ эҳтиёҷманд буд, ҳаст ва мемонад. Ҷанбаҳои тарбияи инсон хеле гуногунанд. Дар қатори гирифтани тарбияи маънавӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳуқуқӣ, гирифтани тарбияи экологӣ низ зарур аст. Ин мавзуъ талаботи замони муосир гаштааст. Барои ноил шудан ба ҳамоҳангии инсон бо табиат яке аз шартҳои муҳимми маърифатноккунонии экологӣ шумурда шуда, зарурати тамоми умр сурат гирифтани тарбияи маърифати экологӣ ба миён меояд.

Дар ҳама давру замонҳо мутафаккирон дуруст дарк кардаанд, ки инсон қисми ҷудонашавандаи табиат аст ва бе он зиндагӣ карда наметавонад. Масалан, бе мавҷудияти офтоб, об, хок, фазо, олами набототу ҳайвонот мавҷудияти инсон дар сайёраи Замин ғайри имкон аст. Мавҷудияти ҳама унсурҳои асосии табиат оташ, об, хок, фазо дар пайдоиши якдигар сабаб шуда, яке дигареро барқарор менамояд. Дар байни ҳама унсурҳои асосии табиат, оташ, яъне, Офтоб, дар пайдоиш ва мавҷудияти унсурҳои дигар нақши бағоят муҳимро дорост. Чунки Офтоб як ҷисми муқаррарии тафсон буда, тағйирёбии шабу рӯз, ивазшавии фаслҳои сол, мавҷудияти гармӣ, ҳарорат, намӣ, боришот, бод, об, хок, ҷинсҳои кӯҳӣ, сарватҳои табиӣ, гуногунии биологӣ аз нурафкании он ба сатҳи замин ва қувваи кашиши байни онҳо вобастагии ниҳоят бузург дорад.

Илова бар ин, об ҳам як ҷузъи таркибии табиат буда, сарчашмаи мавҷудияти ҳаёт дар сатҳи сайёраи Замин ба ҳисоб меравад. Ҳоло 80 кишвари олам аз нарасидани оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашанд. Дар умум, ҳар як ҷузъи таркибии табиат ба худ хусусияти хоси муҳим дошта, донистан, дарк намудани табиат вазифаи ҳар як фарди аҳолии сайёра аст.

Дар хонандагон ташаккул додани ҳисси масъулиятнокӣ нисбат ба тозагии муҳити атроф ва зебо нигоҳ доштани муҳити зист, дар дарку шуури толибилмон ҷой кардани масъалаи он ки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист гарави саломатию осудагии инсон аст, хеле муҳим мебошад.

Толибилмон аз давраҳои наврасӣ бояд донанд, ки аксарияти бемориҳои сирояткунанда дар натиҷаи ифлос шудани муҳити экологӣ сар мезананд. Дар раванди тарбияи экологӣ хонандагонро бовар кунонидан лозим аст, ки табиат бо олами наботот, ҳайвонот, парандаҳо, ҷангалҳо, дарахтон, гулу гулбуттаҳо зебо мебошад. Ба онҳо ғамхору дилсӯз будан қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Хулоса, барои рушди ҷомеаи устувору солим, баланд бардоштани тафаккури миллии экологии аҳолӣ, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаро зарур аст, ки маърифтаи насли наврасро баланд бардоранд. Зеро ҳадафи асосии тарбияи маърифати экологӣ дар ҷаҳони муосир ба хотири рушди ҷомеаи устувор ба роҳ монда шудааст.

Фирдавс Шарифов,
омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Рашт