Чаро баъзе хонандагон якраву саркаш ва бо рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба раванди таълиму тарбия халал мерасонанд? Педагогҳою равоншиносон исбот кардаанд, ки дар ин бобат оилаҳо гунаҳкор буда, инчунин, дигар омилҳо таъсиргузоранд:
— танқисии иқтисодӣ ва мушкилоти рӯзгор, вайроншавии оилаҳо, оилаҳои носолим;
— аз ҷониби волидайн ба дӯши омӯзгорон ҳавола кардани тамоми вазифаю масъулияти таълим ва тарбия;
— ба ҳисоб нагирифтани имконот дар танзими оила;
— ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани падарон ва аз тарбияи онҳо дур мондани фарзандон;
— таъсири муҳити носолими атроф ба кӯдакон.
Ин ҳама омилҳое ҳастанд, ки ба шахсияти хонанда таъсири манфӣ расонида, сабаби оворагии ӯ мегарданд. Барои он ки падару модар фарзанди худро тарбия намоянд, бояд аввал роҳҳо ва шаклҳои тарбияро донанд, то андозае педагог бошанд. Мутаассифона, бештари волидайн аз усулҳои судманди тарбия огаҳӣ надоранд, педагогикаи оилавиро намедонанд. Онҳо тарбияро дар дӯғу пӯписа, лату кӯб ва ҷазодиҳӣ мебинанд. Ин усули тарбия қаҳру ғазаби наврасонро меорад ва онҳоро дағалу тарсончаку гарданшах ва кинагир мекунад. Ба ҷойи шавқу ҳавас ба таълиму тадрис, меҳру муҳаббат ба наздикон, дар дили онҳо ғаму андуҳ, қаҳру ғазаб ҷӯш мезанад, мехоҳанд, ки аз онҳо дар канор бошанд. Вобаста ба ҳамин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба эътибор гиранд, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модарон мебошад».
Дар самти тарбияи наврасони оворагард ва ҷалб намудани онҳо ба мактаб омӯзгорону падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки чунин корҳоро ба сомон расонанд:
— тарбия намудани фарзанд ё шогирд дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ;
— омӯхтани хулқу атвори шогирд ё фарзанд ва барқарор намудани робитаи мустаҳкам;
— худогоҳӣ, худшиносӣ ва тарбияи ифтихори миллӣ дар асоси арзишҳои миллӣ, мероси илмию адабии ниёгон;
— ҷараёни таълиму тарбияро аз нигоҳи талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намудан;
— ба роҳ мондани барномаҳои фарҳангию маърифатӣ дар мактаб ва ҷалби онҳо ба ин самт;
— ташкил кардани сайру саёҳати оилавӣ ба ҷойҳои хотирмон, рафтан ба тамошои театр, филму консертҳо;
— ислоҳ ва таҷдиди тафаккуру андешаи чунин хонандагон ва берун овардани онҳо аз яъсу ноумедӣ, руҳафтодагию оворагардӣ;
— расонидани ёрии педагогӣ ба роҳбари синфи ҷавон ва созмони хонандагон ҷиҳати ҷалби хонандаи оворагарду саркаш ба мактаб;
— фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ дар оила;
— ба ҷо овардани одоби муоширати тарафайн дар хона ва роҳ надодан ба амалҳои номатлуб, аз қабили дағалӣ, зӯроварӣ ва лату кӯби фарзанд;
— ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманду муассири мактабу оила дар самти ҷалби наврасони оворагард ба мактаб;
— ҷалби кӯдакон ба маҳфилҳои фаннӣ ва касбомӯзӣ;
— дар ҳамбастагӣ амал кардани мактаб, оила, маҳалла ва нозири минтақавӣ оид ба кори ноболиғон баҳри роҳ надодан ба оворагардии наврасон;
— дар мактаб ва маҳалли зист пайваста ташкил кардани мусобиқаҳои варзишӣ, суҳбату вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, варзишгарони номӣ ва собиқадорони меҳнат дар ҳамин самт;
— манъ намудани тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ ва хусусияти зӯроварӣ, ифротгароӣ ва терроризмдошта;
— роҳ надодан ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ аз ҷониби фарзанд.
Дар боби 5, моддаи 19, банди 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар чунин уҳдадор карда шудаанд: «Кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ, инчунин, бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намояд».
Ҳамин тариқ, фарзандонро дар руҳияи муҳаббат ба меҳану миллат, донишандӯзию меҳнатдӯстӣ, эҳтироми ҷомеаю муқаддасоти миллӣ тарбия кардану аз кӯйи сарсонӣ, яъсу ноумедӣ ва оворагардӣ баровардан волотарин рисолати падару модар ба шумор меравад.
Б. Ҳайдаров,
мутахассиси пешбари МҶТМ