Дар тӯли таҳаввулоти таърихии миллати мо новобаста аз фишори душманони тоҷикон, гумон мекунам, ки асари безаволи Фирдавсӣ – «Шоҳнома» ҳамчун шоҳсутун забону фарҳанги моро то имрӯз ҳифз карда, минбаъд низ нигаҳбон аст. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар на танҳо омӯзишу қадрдонии ин асар афзуд, балки анъанаҳо, арзишҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодии тамаддуни ниёгони мо, ки дар «Шоҳнома» инъикос ёфтаанд, эҳё гардид. Маҳз «Шоҳнома» буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ чунин арзишҳои баланди тамаддуни ориёӣ, ба мисли ҷашнҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон, Тиргон ва ғайра эҳё шудаанд ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо карданд.
Таърихи ҷаҳонӣ давраҳои дурахшонеро ёд дорад, ки пур аз рӯйдодҳои тақдирсоз аст, ки онро нависанда, драматург ва рӯзноманигори австриягӣ Стефан Свейг (1881-1942) ба таври рамзӣ «соатҳои ситорабори инсоният» номидааст. Дар ин давраҳо равшанфикрон ва мутафаккирони барҷаста, ки онҳоро «виҷдони халқ» ҳам унвон кардаанд, аз вазъиятҳои фоҷиавии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии замони худ сахт андуҳгин шуда, осори баландғояро офариданд.
«Шоҳнома»-ро ҷаҳониён ҳамчун ҳамосаи миллии мардумони ориёӣ (ҳинду-эронӣ) меноманд, ки Ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005, дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон, ки ба қалами як шоири нобиға тааллуқ дорад, ба ҳисоб меравад. «Шоҳнома» тақрибан ҷаҳор баробари «Иллиада» ва «Одиссея»-и Ҳомери юнонӣ мебошад.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар доираи тафаккури таҳлилӣ ва ғояҳои гуманистӣ таълиф шудааст. Тафаккури интиқодӣ кӯшиши фаъолу ҳадафнок ва мунтазам барои фаҳмидани ҷаҳон, муҳити иҳоташуда тавассути зиракона арзёбӣ намудани тафаккури худ ва тафаккури дигарон мебошад, ки паҳнои когнитивии инсонро дурахшон ва такмил медиҳад. Пайваста бо мутолиаи «Шоҳнома» тафаккури интиқодии хонанда дар самти густариши қобилияти арзёбии эътимоднокӣ, саҳеҳӣ ё арзишии чизе, қобилияти арзёбӣ барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани сабабҳо ва нуқтаи назари алтернативӣ, дарк кардани вазъият, дар маҷмуъ, тағйир додани мавқеи худ дар асоси далелҳо сурат мегирад. Масалан, дар достони Сиёвуш образи Фарангисро ҳамчун модар, зани вафодор ва бонуи дорои тафаккури интиқодӣ, дурандешӣ, ки зулми падари беинсофро мушоҳида намуда, аз баҳри ӯ, тахту тоҷ ва дабдабаву ҳашамати вай гузашт, тасвир менамояд. Бо вуҷуди авфу ғазаби Афросиёб, вай тибқи ақидаи мустақили худ амал менамояд.
«Шоҳнома» дар шаклгирии муносибатҳои муайяни муҳаққиқон оид ба назар гирифтани контекст, фарогирии иттилооти воқеӣ ва мукаммалгардии инкишофи мантиқии воқеаҳо мусоидат менамояд. Бинобар ин, метавон таъкид намуд, ки «Шоҳнома» дар шаклгириву рушди чунин методологияи татқиқот, ба мисли муносибатҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар шарҳи табиати рушди сохти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, бахусус, ҷомеаи Шарқ саҳми назаррас гузоштааст. Зимнан, бояд зикр намуд, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ равиши методологиест, ки моҳияти он дар кӯшиши баррасии ҷомеа ҳамчун ягонагии он бо фарҳанг ифода меёбад. Дар «Шоҳнома» алоқамандии ҳамаи ҳодисоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Эрони қадим, давлати Сосониён бо таҳаввулоти фарҳангии мардум, фатҳи ғояҳову фарҳанги некӣ ва некпарастӣ ифода ёфтаанд. Тибқи принсипи асосии муносибати иҷтимоӣ-фарҳангӣ, трансформатсияи иҷтимоӣ-фарҳангӣ маҳз дар натиҷаи такмилу ивазшавии бунёдии фарҳанг сурат мегирад. Ин навъи трансформатсия дар таърихи башар нисбат ба тағйири шакли идоракуниву давлатдорӣ воқеаҳои муҳимтар мебошанд. Зеро дар ҷомеа тағйироти муҳим ва куллӣ дар ҳамон вақт рӯй медиҳад, ки агар бо гуфтаи П. Сорокин, «инқилоби бунёдӣ ва даврагии фарҳанги инсонӣ» сурат гирад. Аммо вай камёб будани чунин дигаргуниҳои замониро қайд намудааст. М. Вебер исбот кардааст, ки табиати ҷомеаи сармоядорӣ ва тамаддуни индустриалии кишварҳои ғарб на дар асоси маҷрои воридгардии маблағҳои нав, балки дар натиҷаи «воридшавӣ»-и руҳияи нав, яъне, тафаккуру омодагардии равонии одамон ва меъёрҳову арзишҳои махсус, ки ҷомеаи суннатиро шикастааст, ба вуҷуд омадааст. Дар «Шоҳнома» маҳз чунин таҳаввулоти фарҳангӣ, руҳияи нав дар яке аз беҳтарин ва ҷонсӯзтарин достони ин китоб — достони «Сиёвуш» инъикос ёфтааст. Дар достон ду силсилаи образҳо, мусбат ва манфӣ амал мекунанд ва Сиёвуш образи шоҳзодаи вориси тахту тоҷи Эрон, ҷавони оқил, боандеша, поквиҷдон, ҳокими одил, сулҳҷӯй ва паҳлавони қавиирода аст. Дар достони мазкур Фирдавсӣ покиву ватандӯстӣ, раиятпарварии ҳақиқиро нишон дода, орзуи онро кардааст, ки шоҳзодагон дорои чунин хислатҳо бошанд.
Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавии бемайлон, суръатгирии раванди бозтақсими ҳудудиву иқтисодӣ аз тарафи кишварҳои абарқудрат, тезутунд ва шиддат гирифтани муқовимати онҳо дар ин маҷро баръало аён аст, ҳифз намудани ҷомеаи солиму давлати пойдор маҳз дар пояи заҳматҳои хеле гарон ва дурбинонаи фарзандони фарзонаи миллат имконпазир аст. Чунин сифатҳои ҷомеасозиву давлатсозӣ дар фасли подшоҳии Ҳурмузд дар «Шоҳнома» ифода ёфтаанд:
Чунин гуфт пири Хуросон, ки шоҳ,
Чу биншаст ба номвар пешгоҳ.
Нахуст офарин кард бар кирдгор,
Тавонову дорандаи рӯзгор.
Дигар гуфт, мо тахти номӣ кунем,
Гаронмоягонро гиромӣ кунем.
Ҷаҳонро бидорем дар зери пар,
Чунон чун падар дошт б-оину фар.
Гунаҳкардагонро ҳаросон кунем,
Ситамдидагонро таносон кунем.
Касе бад кунад, бурдборӣ кунем,
Чу ранҷ оядаш беш, ёрӣ кунем.
Омӯзиши «Шоҳнома» ва қиёси мазмуни он бо таърихи давлатсозиву миллатсозии мамалакатҳои ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки пойдории онҳо то имрӯз бо номи сарварони нобиғаи мардумашон, ки оид ба ояндаи миллат андеша доштанду ба мерос гузоштанд, марбут аст. Дар ғояи асосии «Шоҳнома» васфи қаҳрамонони ватан, даъват ба ваҳдати неруҳои пароканда, мутамарказсозии қудрат ба хотири муқовимат кардан ба таҷовузҳои душманон қарор гирифтааст.
Дар ҷаҳони ноороми муосир амал намудан тибқи андарзҳои Фирдавсӣ, ки моро ба сӯйи оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ҳидоят менамояду намегузорад миёни мо тухми нифоқу кина бикоранду бародарро ба қатли ҷони бародар, ҳамзабону ҳамхун бифиристанд, ки мардуми мо ин ҳодисотро ибтидои соҳои 90-уми қарни гузашта аз сар гузаронида буд. Ин ҷо бамаврид аст, ки мисраъҳои Фирдавсиро ба ёд оварем:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Аз ин пас ба хира марезед хун,
Ки бахти ҷафопешагон шуд нагун.
Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,
Наёяд, агар бошадаш ному нанг!
Аз ин шоҳасар метавон арзишҳои муҳимми созандагӣ ва тамаддунсозро, ки бахусус, дар замони муосир мислу обу ҳаво заруранд дарк намуд.
А. МИРСАИДОВ,
профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ