Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд, ки роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳо дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тарбияи насли наврас, махсусан, ҷавонон яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад, ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити носолим ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ ба нафъи кишвар намудан душвор аст. Тарбияи ватанпарварию дӯстӣ ҳамеша аз муҳимтарин талаботи ҷомеа маҳсуб меёбад. Худи ватан аз зодгоҳ, аз остонаи хонаи падар оғоз меёбад. Дар ботини кӯдак ин ҳиссиёт бо аввалин шеъру таронаҳои дар ин мавзуъ аз забони калонсолон ҳанӯз дар хонаву кӯдакистон шунида пайдо мешавад. Баробари болоравии синну сол ин эҳсос меафзояд ва кӯдак рӯз ба рӯз бузургии Ватанро дарк карда, онро бо одамонаш, бо кӯҳу водӣ ва табиаташ дӯст медорад. Ба синну соли наврасӣ қадам гузоштан воситаи муҳимми ташаккули сифатҳои худогоҳии хонандагони синни миёнаи мактабӣ мебошад.
Наврас ба муносибатҳои олами иҳотакарда, ки ба ҳамаи калонсолон хос аст, ворид шуда, худро ҳамчун шахс эътироф мекунад. Ӯ бо хоҳиши том ҳаёт, зисту зиндагии калонсолонро омӯхта, бо ҳамин мазмуни нави худогоҳиро нисбат ба рафтору кирдори худ ва дигарон пайдо мекунад. Баҳодиҳӣ ва худбаҳодиҳии ӯ низ мазмуни ҳақиқиро мегирад.
Тасаввуроти мактаббачагони хурдсол дар бораи худ ва худбаҳодиҳии ӯ ба шахси худаш агар дар асоси муҳокимаронии падару модар ва ё муаллим пайдо шавад, онҳо дар бораи хусусиятҳои шахсияшон фикр мекунанд. Вале дар наврасӣ хонандагон нисбат ба донишандӯзӣ шавқу ҳавас пайдо карда, дар бораи ояндаи худ ва ҳавасу орзуҳояшон бештар фикр мекунанд. Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлол ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама, боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист ба ҷомеа, хосса, ба наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузорад, аз ҷумла, сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин амалҳои номатлуб сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар бо мақсади пеши роҳи чунин амалҳоро гирифтан омилҳои мавҷударо пайдо намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз ин ҷумла аст. Дар доираи талаботи қонуни мазкур имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби падару модарони хонандагон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Аз ин лиҳоз, боварӣ дорем, ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд.
Барои он ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон, маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торикию гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввар ҳамроҳӣ намоем, сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан, насли наврас амалӣ намоем. Тарбияи наврасону ҷавонон вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падару модарон бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф, ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» оварда мерасонад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта азхуд карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ рушду ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи ҷавонон судман андешида шуд, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра ба тасвиб расиданд.
Ҷавонони мо бояд ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бирасанд, шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлоли сиёсӣ намоянд.
Шарифамо ЛАТИФОВА,
омӯзгори МТМУ №13-и шаҳри Кӯлоб