Рушди илм ва инноватсия дар замони истиқлол

Пешрафти ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пойдории ҳар давлату миллатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳифз менамояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди илму маориф ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо зикр намудаанд: «Илм ва маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст». Ин суханҳои хирадмандона, маорифпарварона, ватандӯстона далели рӯшани эътибору таваҷҷуҳи махсус ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҷомеа, омода намудани мутахассисони баландихтисос, азхуд намудани техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷост, ки чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат (28.12.2024) таъкид гардид, ҳоло дар мамлакат 724 лоиҳаи сармоя-гузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажуҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва ра­диатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази Синошиносӣ дар назди Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Ҳамчунин, таъсиси Пажуҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон нишони рушди илм ва инноватсия дар солҳои охир мебошанд. Ҳоло АМИТ узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.

Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо кунад, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

Барои нақши арзишманд дар рушди илм, маориф ва фарҳанг, таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ ва анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ беш аз 40 нафар олими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҷоизаву унвонҳо ва мукофотҳои байналмилалӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои олимони ҷавон таъсис ёфтааст.

Тадбирҳои зикргардида далели равшани ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф мебошад. Эълони солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз таваҷҷуҳи рузафзун ба илмҳои бунёдист.

Бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат чор маротиба «Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар ва тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар соли 2021 Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

Ҳамин тариқ, рушди илм ва инноватсия аз ҳар як нафар, бахусус, аз кормандони марказҳои илмиву тадқиқотӣ ва омӯзгорони мактабҳои оливу таҳсилоти умумӣ тақозо мекунад, ки донандаи хуби касбу соҳаи худ бошанд, аз технологияҳои инноватсионӣ самаранок истифода намоянд ва ихтироъкориву навоварӣ, ки асоси пешрафти давлату ҷомеа мебошад, саҳмгузор бошанд.

Некрӯз МУМИНЗОДА,

сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон