Ҳар кас дар зиндагӣ ба касбу пешае рӯ меорад, ки на танҳо василаи ризқу рӯзӣ, балки маънии ҳастиаш мешавад. Вақте омӯзгор мегӯям, дар қалбам эҳсоси ифтихор ва масъулияти бузург пайдо мегардад, зеро омӯзгорӣ маънои роҳнамоию тарбиятгарӣ ва хидматгорӣ ба ҷомеаро дорад.
Омузгорӣ яке аз муқаддастарин пешаҳоест, ки аз қадим дар ҷомеаи инсонӣ мақоми баланд дошта, чун падар, модар ва раҳнамо маънидод мешавад.
Дар фарҳанги қадимаи миллати тоҷик омӯзгорро бо унвонҳои «устод», «сарвар», «пир», «раҳнамо» ва ҳатто «падар» ёд кардаанд.
Шоирони барҷастаи тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон омӯзгорро ҳамчун нурбахшу роҳнамо ва такмилбахши камолоти инсонӣ ситоиш кардаанд.
Ҷомеае, ки ба омӯзгор арҷ мегузорад ва барои ин замина фароҳам меорад, бешубҳа, пешрафтаву мутамаддин аст. Маҳз омӯзгор аст, ки бо меҳру муҳаббати беинтиҳо ва заҳмати шабонарӯзӣ наслеро тарбия менамояд, ки фардои кишварро бунёд хоҳад кард. Вақте шогирдон ба комёбиҳо мерасанд, муваффақ мешаванду номи омӯзгорони худро ёд мекунанд, аз ин дастовард омӯзгорон меболанду ифтихор мекунанд.
Ифтихор мекунам, ки омӯзгорам ва рисолати бузургро бар дӯш дорам. Новобаста ба он ки имрӯз дар вазифаи идоравӣ қарор дорам, ҳамеша бо омӯзгорони ҷавон ҳамкорӣ менамоям, машварат бо муаллимон, тарҳрезии барномаҳои таълимӣ ва назорат ба раванди таълим ва амсоли инҳоро бо масъулияти баланди омӯзгорӣ анҷом медиҳам. Шогирдонамро барои омӯзиши илму дониш роҳнамоӣ мекунам, ба онҳо на танҳо хондану навиштан, балки андешидану таҳлил кардан, масъулият доштан ва ватандӯст буданро меомӯзам. Бояд қайд кард, ки омӯзгор на танҳо дониш медиҳад, балки фарҳанг ва ҳувияти миллиро дар замири муҳассилин ташаккул медиҳад. Дар замони пуртаҳаввули ҷаҳони муосир, омӯзгор барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, таърих ва фарҳанг масъулияти баландро бар дӯш дорад.
Омӯзгор бо забон, амалу гуфтор намунаи ибрати шогирдон аст. Агар омӯзгор ҳангоми тадрис бо муҳаббат дарс гузарад, он дониш бо меҳру садоқат омезиш ёфта, дар дили садҳо шогирд маъво мегирад. Волидайн дар рӯйи замин офарандаи инсон аст, омӯзгор бошад, офарандаи маърифату маънавият. Барои ҳамин ҳам, омӯзгорон бо волидайн шабоҳати маънавӣ доранд.
Омӯзгорӣ касбест, ки бо меҳр оғоз мешавад, бо фидокорӣ идома ва бо эҳтироми мардум такмил меёбад. Дар ҷомеа омӯзгоронро ҳамчун сутунҳои маърифат мешиносанд. Мо — омӯзгорон ҳар қадаме, ки дар роҳи илму маърифат мебардорем, ба фардои дурахшони ҷомеа замина фароҳам меорад. Аз ин рӯ, омӯзгорӣ маънои миллатсозӣ, фарҳангпарварӣ ва инсонпарвариро ифода мекунад.
Беҳрӯз АМИРУЛЛОЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино