Дар ҷаҳони муосир таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати байни миллатҳо аз масъалаҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш меравад, дар ин самт таҷрибаи бой ва шоистаи таҳсин дорад.
Пас аз ба даст овардани истиқлол Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла, ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо талошҳои Пешвои миллат сулҳу субот барқарор шуд ва ҷомеа ба рушди устувор қадам гузошт.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон мавқеи хос дорад. Пешвои миллат бо ташаббусҳои созандаи худ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамеша барои таҳкими ҳамкорӣ ва дӯстӣ миёни халқу миллатҳо кӯшиш мекунанд. Муносибати дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан, бо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин натиҷаи ин сиёсати хирадмандона мебошад. Бо талошҳои Пешвои миллат, Тоҷикистон ташаббускори як қатор иқдомҳои муҳимми байналмилалӣ гаштааст:
Ҳалли масъалаҳои об. Сарвари Тоҷикистон бо пешниҳоди солҳои байналмилалии ҳифзи захираҳои об дар СММ («Соли байналмилалии оби тоза» – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» – 2005-2015 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» – 2018-2028) ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти об даъват намуданд.
Мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ. Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар самти муқовимат бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолона ширкат варзида, ба таҳкими амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология. Пешвои миллат борҳо масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва таъсири тағйирёбии иқлимро дар арсаи байналмилалӣ матраҳ намуда, пешниҳодҳои муҳим барои коҳиши оқибатҳои манфии он ироа кардаанд. Маҳз бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид.
Яке аз муҳимтарин ташаббусҳои Пешвои миллат дар таҳкими дӯстии халқҳо ҷаҳонишавии Наврӯз мебошад. Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ба расмият пазируфта шуд.
Наврӯз на танҳо як ҷашни миллист, балки воситаи муҳимми таҳкими дӯстии халқҳо мебошад. Ҳар сол дар Тоҷикистон ҷашнвораҳои наврӯзӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногун баргузор мегарданд. Таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Хуҷанд як рӯйдоди муҳим ва хотирмон буд. Дар ин ҷашни бошукӯҳ сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд. Ҳамоиши мазкур на танҳо як ҷашни миллӣ, балки нишонаи равшани дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳо гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин чорабинӣ боз ҳам таъкид намуданд, ки Наврӯз омили муҳимми таҳкими дӯстӣ ва сулҳ дар минтақа мебошад.
Яке аз ташаббусҳои охирини Пешвои миллат эълони «Даҳсолаи таҳкими дӯстии халқҳо ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Ин ташаббус ҳам бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими сулҳ ва дӯстӣ байни халқҳо равона шудааст. Тоҷикистон бо ин иқдом ба ҷаҳониён паёми ваҳдат ва ҳамраъйиро мерасонад.
Саидшоҳи САФАРХОН,
омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии ДДБ ба номи Носири Хусрав