Моҳи августи соли 1918 дар яке аз рӯзҳои ҷумъа дар бозори деҳаи Понғоз мардуми бисёр сарҷамъ омада буданд. Ҳамон рӯз командири аскарони сурх Василий (насабаш номаълум) ҳамроҳи якчанд ҷавони деҳа, ки ба аскарони сурх пайваста буданд, ба ин ҷо омад. Онҳо ба мардум аз мақсаду мароми Ҳокимияти Шуравӣ ҳарф заданд. Ин рӯзи ташкилёбии Ҳокимияти Шуравӣ дар деҳаи Понғоз гардид. Бо талошу такопӯ ва машаққатҳои зиёд соли 1922 дар деҳа аввалин мактаби Шуравӣ таъсис дода шуд.
Мактаб дар болохонаи Машарифи Абдунабӣ, дар мавзеи Ялангии Охуни маркази маҳаллаи Бурак ҷой гирифт. Бо аспу хар ва шутурҳо барои мактаб мизу курсӣ (парта), тахтаи синф ва дигар лавозимоти зарурӣ оварда шуд. Мулло Муҳаммадҷони Одил, намояндаи уезди Намангон, ки ноҳияи Ашт (волости Ашт ва волости Бободархон) дар васояти он буд, аввалин шахсест, ки дар яке аз деҳаҳои дурдаст мактаберо бо таълиму тадриси тоҷикӣ ба роҳ монд. Солҳои аввал хонандагони мактаб дар хона ва меҳмонхонаҳои шахсони алоҳида таълим мегирифтанд. Ҷоҳилон ва душманони сохти нав ба ҳар роҳу восита монеаи мактабравии хонандагон мешуданд. Онҳоро таъқиб мекарданду «кофар» мехонданд. Сангу чӯбу кулӯх ба сӯяшон ҳаво медоданд. Майли зиёди ташнагони илм водор месохт, ки аз таҳдиду ноумедсозиҳо руҳафтода нагашта, фаъолияти мактабро идома бахшанд. Саҳми раиси деҳа Мадазим Юнусов дар кори ба мактаб ҷалб сохтани хонандагон хеле назаррас буд.
Ба мактаб дар ибтидо 10-15 нафар, сонитар 30-35 нафар ҷалб шуданд. Аз сабаби номусоид будани шароит ва зиёд шудани миқдори хонандагон моҳи январи соли 1925 мактаб ба маҳаллаи Шахак, хонамадрасаи Юлдошқории панҷоҳбошӣ кӯчид, ки ин ҷо барои хондан шароит мусоид буд. Бинои мадраса аз чор синфхона ва як ҳуҷра, ҷамъ панҷ хона иборат буд. Аз рӯйи нақли собиқ шогирдони ин даргоҳи маърифат, Муаллими хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Фахриддин Ахмедов, собиқ раиси ҷамоат ва мудири маорифи ноҳия Исомиддин Файзуллоев ва директори собиқадор Шамсиддин Турсунов, ин мактаб то соли 1935 дар ин маҳал ба сифати мактаби ибтидоии назди таълимгоҳи 7-солаи намунавии рақами 4, ба номи М. И. Калинин амал кардааст.
Баъдтар Ҳоҷибой Қудратов (соли 1925) аз деҳаи Меҳробод, Шодмонов ва Бойхонов (солҳои 1926-1927) аз шаҳри Намангон, Қузӣ Тухтабоев ва Нурилло Назаров (солҳои 1927-1928) аз деҳаи Шайдон, Ғоиб Бобоҷонов ва Саҳобиддин Шарофиддинов ҳамчун аввалин омӯзгорони мактаб дар кори саводнок намудани фарзандони халқ ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
Соли 1922 дар деҳаи Ашт маркази волости Ашт ва дар деҳаи Понғоз — волости Бободархони уезди Намангон мактабҳои аввалин дар ноҳияи Ашти ҳозира ба кор шуруъ намуданд. Сабаби соли 1924 зикр кардан ва ҷашн гирифтани 100-солагии мактаб он аст, ки соли 1974, даме ки ба ҷашни нимасра 50-солагии Республикаи Шуравии Тоҷикистон тайёрӣ мерафт ва ҳизби ҳукмрон ҳизби коммунист буд, ду нафар коммунисти маҳаллӣ баҳри худро дар назди ҳизбу ҳукумат «нағз» нишон додан соли ташкилии мактабро 1924, яъне, ба 50-солагии республика баробар эълон карданд.
Соли таҳсили 1929-1930 аввалин бинои таълимӣ дар деҳа қомат рост кард (То ин дам толибилмон дар хонаю меҳмонхонаи модари Ёдгорҷон, мулло Майнус, бинои масҷиди Сари бозор таҳсил менамуданд).
Ин бино ҳоло ҳам вуҷуд дошта, мансуби гимназияи рақами 5 ба номи Султон Воҳидов аст. Бинои мазкур байни аҳолӣ бо номи «ҳафтсола» (семилетка) машҳур мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Шуравӣ ва Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 1938 мактаби ибтидоии мазкур ба ҳафтсола табдил ёфт ва бори нахуст соли 1941 як гурӯҳ ҷавонон соҳиби маълумоти миёнаи нопурра шуданд.
Соли хониши 1952-1953 бо қарори Ҳукумати Шуравӣ мактабҳои ҳафтсола, аз ҷумла, мактаби деҳа ба миёна табдил дода шуданд. Бо эҳтироми хатмкардагони мактабу аҳли маҳал баҳри абадӣ гардондани номи шоири асрҳои XVIII-XIX-и деҳа Одинамуҳаммад Маъдан мактаб аз якуми сентябри соли 1959 ба номи шоир гузошта шуд. Дар ин номгузорӣ ҳиссаи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир Мирзо Турсунзода калон аст.
Устод Мирзо Турсунзода ҳангоми зиёрати қабри шоир хоҳиши равшанфикронро дастгирӣ намуда, дар ҳалли ин масъала ёрӣ расонд. Он солҳо ивази номи роҳбарони ҳукумат ва ҳизб кори басо душвор буд, зеро мактаб номи яке аз сарони ҳукумат М.И. Калининро дошт.
Дар давоми 100 соли фаъолияти мактаб ҳазорҳо хонанда онро хатм намуда, номи таълимгоҳро берун аз деҳаю ноҳия дар вилояту ҷумҳурӣ машҳур намудаанд.
Аз байни хатмкардагони мактаб роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони Шурои Олӣ, кормандони ҳизбӣ, маҷлисҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, маҳаллӣ, ҳунармандон, шоирону нависандагон, дорандагони ордену медалҳо, пешқадамони истеҳсолот ба воя расида, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнати босамар мекунанд.
Ҳоло дар мактаб 66 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба машғули таълиму тарбияи 599 нафар фарзанди диёранд. 8 нафар омӯзгор сазовори нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», 59 нафар соҳиби маълумоти олӣ, 38 нафар дорои дараҷаи тахассуси олӣ мебошанд.
Имрӯз мактаб дорои чор бинои таълимӣ, толори варзишӣ, ошхона, озмоишгоҳ, утоқҳои фаннӣ ва синфҳои калону барҳаво мебошад. Аз чор бинои таълимӣ ду бинои асосии дорои 12 синфхона соли 1988 ба таври замонавӣ (дуошёна) сохта шуд. Ду бинои дигарро шахси ҳимматбаланд, вакили маҷлиси вилоятӣ ва ноҳиявӣ, омӯзгори варзида, шодравон Абдусалом Саломов бунёд намудааст.
Раҳим Қобилов,
хатмкардаи мактаб,
узви ИЖТ