Таъсири бозӣ дар инкишофи кӯдакон

Бозӣ дар инкишофи равонии кӯдак нақши калон дорад. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, бозӣ ба кӯдакон сифатҳои фикрӣ, ахло­қӣ ва иродавиро ташаккул медиҳад.

Дар бозии бачагон мазмуни фаъолияти калонсолон инъ­икос ёфта, дар онҳо эҷодкорӣ, шавқу рағбат ва ҳисси дӯстию рафоқатро густариш медиҳад.

Бозиҳо вобаста ба синну соли кӯдакон дар назар дошта шудаанд. Дар синни хурди мактабӣ ба бачаҳо сифатҳои ҷа­со­ратнокӣ, пурқувватӣ, чо­ло­кии одамон таъсиргузор аст. Дар синни миёнаи мактабӣ бошад (хусусан, дар 11-14-солагӣ), бозиҳои дорои мазмуни романтикию қаҳрамонӣ аҳаммияти бештар пайдо менамоянд. Бояд гуфт, ки дар ин синну сол бозиҳо дар худтарбиякунии бачагон нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, мо-омӯзгоронро зарур меояд, ки дар рафти дарсҳо миёни тарбиятгирандагон машғулиятҳоро бештар гу­заронем. Дар баробари омӯзгорон волидайн низ вазифадоранд, ки нисбат ба кӯдакони худ саҳлангорӣ накарда, масъулияти бештар зоҳир намоянд. Дар замоне ки зеҳни кӯдак дар инкишоф ва ташаккулёбӣ аст, кӯшиш намоем, ки ба ӯ кору амалҳои хубро нишон диҳем. Ҳар гуна бозичаҳо ва асбобҳои хонишро ба кӯдакон муҳайё намоем, то кӯдакон машғули бозӣ гарданд.

Маъул, ки имрӯзҳо кӯ­­дакон бештар ба теле­фонҳои мобилӣ рӯй овардаанд. Волидайн бештари вақти худ­ро ба кору рӯзгори зиндагӣ банд ме­­намоянд. Кӯдакон бо­шанд, аз серкории онҳо истифода бурда, ҳар гуна филмҳои ба синну солашон номувофиқро тамошо мекунанд, ки ин, албатта, ба мафкураи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Мо бояд ба тарбияи кӯдакон аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намоем, зеро тарбияи дурусти фарзанд омили пешравии кору зиндагии мо буда, ояндаи давлату миллат аз фаъолияти пурсамари насли наврас вобаста аст.

Ҳалима МИРЗОЕВА,

мураббияи Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2-и ноҳияи Сино