Дар баробари омӯхтану азхуд кардани технологияи муосир, донистану ёд гирифтани забонҳои русиву англисӣ низ талаби рӯз аст. Гузашта аз ин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ як ҷанбаи сиёсати дохилии давлати мо ҳисоб меёбад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2024) таъкид гардид, ки кормандони идораҳои давлатӣ камаш ду забони хориҷиро бояд азхуд кунанд.
Дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишгоҳҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар такя ба барномаҳои таълимӣ роҳандозӣ гардидааст. Барои амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438 тасдиқ шудааст, дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои томактабию таълимӣ тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Баргузории «Ҳафтаи забони русӣ» ва «Ҳафтаи забони англисӣ» аз чораҳои муассиранд, ки барои хонандагон имкони муошират бо ин забонҳоро муҳайё мекунанд. Чунин тадбирҳо оид ба бузургдошти адибони машҳури рус ва англис, омӯзишу таҳлили асарҳои адибони маъруф бо забони хориҷӣ нишастҳои адабӣ, конфронсҳо ба омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ хуб мусоидат мекунанд. Ҳоло хонандагонро ба мутолиаи адабиёти бадеӣ ба ин забонҳо бештар ҷалб карда истодаанд ва рӯйхати ин адабиёт ба ҳар ду забон мураттаб ёфтааст. Барои хуб омӯхтани ин забонҳо чорабиниҳои дигар ҳам корбаст мегарданд. Масалан, бо ташаббуси шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ аз соли 2019 инҷониб аз забони русӣ фестивал – озмун дар мавзуи «Планета – земля изучает русский язык» мегузарад, ки аз 7 номина иборат аст.
Сифати таълими ҳар як фан аз сатҳи маълумотнокии кадрҳои педагогии ҳамон фан низ вобаста аст. Забони русиро дар муассисаҳои таълимии вилоят 477 нафар таълим дода истодаанд, ки аз ин ҷумла 430 нафар бо маълумоти олӣ, 16 нафар бо маълумоти олии нопурра, 31 нафар бо маълумоти махсуси педагогӣ кор мекунанд. Аз ин миқдор 200 нафар дорои дараҷаи олии тахассусӣ мебошанд. Аз 367 нафар омӯзгори забони англисӣ бошад, 305 нафар маълумоти олӣ, 16 нафар маълумоти олии нопурра, 38 нафар маълумоти миёнаи педагогӣ доранд ва 92 нафар тахассуси дараҷаи олиро соҳибанд. Тавре ки аз ин омор равшан аст, сатҳи маълумотнокии омӯзгорони забонҳои русиву англисӣ хуб буда, зиёда аз 70 фоизи онҳо дорои маълумоти олиянд.
Дар беҳдошти таълими забонҳои русиву англисӣ филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят саҳми арзанда мегузорад. Ҳар сол ин муассиса шумораи муайяни омӯзгорони забонҳои русиву англисиро мутобиқи нақша аз курсу семинарҳои такмили ихтисос мегузаронад. Таҳия ва таълифи дастурҳои таълимию методӣ ба ёрии омӯзгорони фанҳои забонҳои русию англисӣ аз ҷониби мушовирони ин филиал ба беҳдошти омӯзишу таълими фанҳои мазкур мусоидат менамояд. Мушовирони донишкада ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, инчунин, омӯзгорони пешқадам дар таълифи китобҳои дарсӣ низ талош доранд.
Ҷиҳати омӯзиши амиқи забонҳои русию англисӣ дар литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат ҳанӯз соли 2006 гурӯҳи синфҳои таълимашон ба забонҳои русӣ ва англисӣ таъсис дода шудааст. Ҳоло дар ин муассиса 15 синфи гурӯҳи забони русӣ ва 18 синфи гурӯҳи забони англисӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, МТМУ №7, №12 гурӯҳҳои русӣ амал мекунанд. Дар маҷмуъ, синфҳои таълимашон ба забони русӣ 42 адад буда, дар онҳо 1028 хонанда таълим мегирад. 22 синфи таълимашон ба забони англисӣ бошад, 574 хонандаро фаро гирифтааст.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»