Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик ҳамаҷониба рушду инкишоф ёфт ва тадриҷан дастовардҳои олимони тоҷик бештар гардид. Вобаста ба пешрафти илм дар замони истиқлол бо олимону донишмандони тоҷик суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Заррина Яминзода — доктори илмҳои техникӣ, муовини ректор оид ба илм ва татбиқоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон:
– Бо эълон гардидани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон имконият ба даст овард, то сиёсати илмӣ ва технологии худро мустақилона пеш барад. Солҳои охир нишон доданд, ки неруи зеҳнии миллат метавонад, ба як сармояи стратегии воқеӣ табдил ёбад. Дар баробари эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, масъалаи рушди илм ва технологияи муосир ба ҳайси яке аз самтҳои стратегии кишвар матраҳ шуд. Зеро бе такя ба илм ва навоварӣ сохтани ҷомеаи муосир ва рақобатпазир ғайриимкон аст.
Маҳз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол санадҳои муҳимми стратегӣ ба тасвиб расиданд, аз ҷумла, «Стратегияи рушди илм ва технология барои солҳои 2020-2040», «Консепсияи сиёсати давлатии инноватсионӣ», «Стратегияи рақамикунонии иқтисодиёт», ки барои ташаккули муҳити илмӣ ва технологӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Тайи беш аз се даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо шумораи муассисаҳои илмӣ, балки теъдоди олимон дар риштаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, аз ҷумла, техника ва технология ба таври назаррас афзуд. Донишмандони тоҷик дар соҳаҳои автоматика, роботика, муҳандиси барқ ва технологияҳои рақамӣ фаъолона тадқиқот мебаранд. Бо дастгирии давлат ва ҳукумати кишвар, насли нави муҳаққиқон ва ихтироъкорон ташаккул ёфта истодаанд, ки дар баробари таҳсил дар дохили кишвар, инчунин, дар муассисаҳои илмию таълимии бонуфуз дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзиро идомаи медиҳанд.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи технологияҳои муосир, махсусан, рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таҳияи таъминоти барномавии ватанӣ дар марҳалаи ҷиддии рушд қарор дорад. Татбиқи босамари низомҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, маориф ва хусусан, иқтисод оғоз шудааст. Барномаҳои коркард ва таҳлили додаҳо, ташхиси зеҳнӣ ва амсиласозии рақамӣ акнун тадриҷан ба бахшҳои амалии кишвар роҳ ёфта истодаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксари муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ таъсис ёфтаанд, ки дар заминаи онҳо ҷавонон имкони машғул шудан бо корҳои илмию тадқиқотӣ, гузаронидани таҷрибаҳо ва татбиқ кардани лоиҳаҳои илмию инноватсионии худро доранд. Аз ҷумла, тавассути пешбурди фаъолияти инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, бисёре аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба марказҳои воқеии тайёр кардани мутахассисони касбии самтҳои муҳандисӣ табдил ёфтаанд.
Ҳамин тавр, метавон бо итминон гуфт, ки истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо озодӣ ва худшиносии миллӣ, балки шароити воқеиро барои рушди илм, технологияи муосир ва неруи зеҳнии ватанӣ фароҳам овард.
Ғуломқодир Бобизода — профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ:
– Дар даврони Истиқлоли давлатӣ илми химия дар радифи дигар илмҳои замон рушд кард. Яке аз дастоварди бузург дар ин самт интихоби озоди мавзуи тадқиқот буда, равишҳои нави илмӣ ба вуҷуд омад. Инчунин, китобҳои дарсии химия вобаста ба талаботи замони муосир таълиф гардида, ба рушди омӯзиши он мусоидат менамоянд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки яке аз дастовардҳои замони истиқлол коркарди маводи доруворӣ мебошад. Дар доираи номгӯи маводи дорувории ҷаҳонии ба системаи масъуният хос, ки дар ҷаҳон 25 ададро ташкил медиҳад, 3-тоаш (тимогар, тимосин, тимофер) дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва фурӯши онҳо дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, таъсиси паркҳои технологӣ дар муассисаҳои олии касбии кишвар нишондиҳандаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Давлату Ҳукумат ба рушди илм мебошад. Бояд гуфт, ҳамаи ин пешрафту навгонӣ ва ба ҷаҳон муаррифӣ гаштани илми тоҷик маҳз бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф амалӣ мегардад.
Дониёр Сангинзода — муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор:
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар 20 марти соли 2002 таъкид намуда буданд, ки: «Илму маориф барои мо на танҳо воситаи пешрафт, балки калиди таҳкими истиқлоли миллӣ ва фарҳанги мост. Олимони мо бояд дар роҳи хизмат ба миллат саъй кунанд то Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои илмии худ шинохта шавад».
Илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили асосии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ мавқеи махсус дорад. Дар замони истиқлол давлат ба ташаккули заминаи ҳуқуқии фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои пешбурди он санадҳои меъёрии муҳим қабул кардааст. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 августи соли 2011 № 753) «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола Рӯзи илми тоҷик — якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун рамзи эҳтиром ба дастовардҳои олимон ва нишонаи аҳаммияти илм дар сиёсати давлатӣ таҷлил мегардад.
Баъди ба даст овардани истиқлол соли 1994 Конститутсияи кишвар қабул гардид, ки дар моддаи 40-и он ҳуқуқи шаҳрвандон ба фаъолияти илмӣ кафолат дода шудааст.
Ҳамрохон Дӯстзода — доктори илмҳои филологӣ, профессор, сардори раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
– Соҳибистиқлолии кишвар даврони рушду инкишоф ва такмили илми муосири тоҷик мебошад. Тӯли ин солҳо дар ҳама самтҳои афзалиятноки илм пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Аз ҷумла, бештар гардидани пажуҳишҳои илмӣ ва алоқамандии илм бо истеҳсолот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои олимони тоҷик тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Соли 2015 бо ибтикори Сарвари давлат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки кори пажуҳишгаронро осон ва имкону шароити мусоидро барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъмин намуд.
Таҳияи Ирода ТИЛАБОВА,
Хуршеда АЗИЗОВА,
«Омӯзгор»