ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳимми илмӣ мунтазам талош менамояд, ки ба пайванди илм дар истеҳсолот ва омӯзишу таҳқиқи мавзуъҳои мубрами замони муосир корҳои шоистаро ба сомон расонад. Вобаста ба рушди илми тоҷик дар замони истиқлол, дастоварди олимони кишвар, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, татбиқи илм дар истеҳсолот, муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, фаъолият ва нақшаи дурнамои академия суҳбате доштем бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

– Дар даврони Истиқлоли давлатӣ илм дар Тоҷикистон чӣ гуна рушд ёфтааст ва кадом самтҳоро метавон ҳамчун дастоварди намоёни илмӣ маънидод кард?

– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши илмро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ба таври возеҳ муайян сохта, нисбат ба ин соҳаи сарнавиштсози миллату давлат ғамхориҳои зиёде намудаанд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ на танҳо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуд, балки он мақоми ниҳоди илмии миллиро гирифта, дар баробари ин, академияҳои соҳавӣ дар самти таҳсилот ва кишоварзӣ таъсис ёфтанд, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб чор маротиба афзуда, барои рушди илми донишгоҳӣ низ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо таъсис дода шуда, якшанбеи сеюми моҳи апрел дар тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ расман «Рӯзи илми тоҷик» эълон гардид.

Дар зимн, қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи илм арзи ҳастӣ намуда, даҳҳо консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ дар самти илм ва инноватсия қабул ва амалӣ шуданд. Аз зумраи чунин санадҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», инчунин, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Бояд қайд кард, ки бо дастгириву ғамхории Пешвои миллат маблағгузории соҳаи илм ва маориф пайваста меафзояд. Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, соли 2024 барои ин соҳаи ҳаётан муҳим беш аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шуда, ки қариб 4 ҳазор маротиба зиёд мебошад.

Дар АМИТ имрӯз 110 лоиҳаи илмӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, иҷро шуда истодаанд. Дар натиҷаи иҷрои ин лоиҳаҳо танҳо дар шаш моҳи соли 2024 дар академия 26 монография, 97 маҷмуа ва 765 мақолаи илмӣ ба нашр расид.

– Дар Паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илм ва дастгирии олимон пайваста таъкид мешавад. Дар ин самт, Академияи миллии илмҳо чӣ тадбирҳои судманд меандешад?

– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба олим, устоду омӯзгор такя карда, илму маорифро дар кишвар самти афзалиятнок дар сиёсати давлатӣ эълон намудаанд. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандона ва илму маорифпарваронаи Пешвои миллат аст, ки устуворона ба сӯйи ояндаи дурахшон ба пеш меравем.

30-юми майи соли 2024 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир ба ислоҳоти соҳаи илм, аз ҷумла, ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ин рӯ, «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30-юми майи соли 2024 баён доштанд» иборат аз 57 банд бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2024 тасдиқ гардида, мавриди иҷрои тамоми субъектҳои илмӣ, махсусан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор дорад. Умеди комил дорем, ки иҷрои дастуру супоришҳои мазкур на танҳо ба рушди илм дар кишварамон мусоидат мекунад, балки шароити мусоид фароҳам месозад, ки илму олимони тоҷик дар таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон боз ҳам саҳми бештар гузоранд.

Аз ин рӯ, мо, олимони ҷумҳурӣ, беш аз пеш дар атрофи шахсият ва сиёсати хирадмандона ва илму маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва тамоми неруи ҷисмонию маънавии худро барои ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ равона сохта, дар таъмини фардои ободу озоди Тоҷикистон саҳми бештар гузорем.

– Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим – татбиқи илм дар истеҳсолот ва ба ин васила, мусоидат кардан ба рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин замина, академия кадом иқдомҳоро роҳандозӣ кардаасту ба чӣ натиҷаҳо расидааст?

– Дарвоқеъ, яке аз масъалаҳои мубрам татбиқи илм дар истеҳсолот мебошад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат мунтазам дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд ва зарур мешуморанд, ки олимон ба рушди минбаъдаи илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва технникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, фаъолияти худро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҷоннок намоянд.

Бо ин мақсад, имсол тавассути баргузор намудани семинари илмӣ дар мавзуи «Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо» ҷиҳати иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 бо даъвати корхонаю муассисаҳои гуногун 6 лоиҳаи нави инноватсионӣ аз ҷониби олимони академия муаррифӣ карда шуданд. Муаллифони лоиҳа таҳқиқоти хешро патент намуда, омодаи дар истеҳсолот татбиқ намудани онҳо мебошанд. Яке аз мақсадҳои асосии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 муайян кардани роҳҳои самарабахши рушди минбаъдаи илми ватанӣ, таъмини рақобатпазирии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, суръатбахшии истифодаи амалии онҳо ба манфиати рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, эҳтиёҷот ба коркардҳои илмӣ ва технологияҳо аз тарафи истеҳсолот, тиҷорат, корфармоён, ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ мебошад. Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне, давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, технология ва инноватсия, махсусан, ба робитаи илм бо истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд. Вобаста ба ин, корхонаҳои истеҳсолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

– Ба андешаи шумо барои боз ҳам тавсеа бахшидани самаранокии илм дар ҷомеа ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шудани илми тоҷик чӣ бояд кард?

– Бо мақсади дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани илми тоҷик моро зарур аст, ки қабл аз ҳама, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардида, барои муаррифии илми тоҷик дар арсаи бай­налмилалӣ кушишҳои пайваста ба харҷ диҳем. Таъсиси озмоишгоҳу лабораторияҳои илмии бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ба иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони кишвар мусоидат менамояд ва омили асосии муаррифии илм дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Барои муаррифии илми ватанӣ мо бояд барои аъзо шудани олимони ҷумҳурӣ дар портали РИНС (РИНЦ) ва ворид намудани маълумоти кормандони илмиро ба ин портал ҷоннок намуда, ҷиҳати баланд бардоштани индекси ХИРШ-и олимони ҷумҳурӣ чораандешӣ намоем.

– Мусаллам аст, ки ҷавонон неруи созандаву бунёдкор мебошанд, аз ин рӯ, ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба пажуҳишҳои илмии бунёдӣ ва фаъолияти онҳо дар кишвар чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

– Имрӯз бо мақсади ҷалби ҷаванон ба корҳои илмию тадқиқотӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиро зарур аст, ки шароити мусоиди кориро ба вуҷуд оранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) эҳё намудани мактаби илмии устоду шогирдро таъкид карданд, ки талаби замон аст.

Дар зимн, таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои магистрантону аспирантони таҳсилоти рӯзона, тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии олимон ва нависандагон гоми устувор ба ҳисоб меравад. Иқдимоти мазкур ҳавасмандии олимонро ба фаъолияти пурсамар афзун намуда, ҷавононро барои машғул шудан ба корҳои илмӣ дилгарм сохт.

Инчунин, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон гувоҳи дигари дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон мебошад.

Таъсиси озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва иштироки ҷавонону наврасон дар озмунҳои мазкур аз дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа мебошад. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад».

– Бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандани замони муосир ва ҷаҳонишавии илм робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии хориҷӣ дар кадом сатҳ роҳандозӣ гардидааст?

– Робитаҳои байналмилалии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии давлатҳои хориҷӣ сол ба сол густариш меёбад. Дар ин самт амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ-таҳкиқотии муштарак бо олимони хориҷӣ, ташкили экспедитсияҳои илмии муштарак, баргузорӣ ва иштирок дар чорабиниҳои муҳимми илмӣ, аз ҷумла, симпозиуму конфронсҳои илмӣ самти дигари фаъолияти Академияи миллии илмҳо ба ҳисоб меравад. Робитаҳои байналмилалии илмии Академияи илм­ҳо бо марказҳои илмии давлатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ИМА, Ҳиндустон, Хитой, Эрон, Белгия, Озарбойҷон, Дания, Шветсария, Туркия, Олмон, Япония, Ҳиндустон, Корея, Норвегия, Гурҷистон, Люксембург, Португалия, Италия, Австрия, Белорус, Полша, Қувайт, Перу, Арманистон, Афғонистон, Словакия, Ҷумҳурии Мисри Араб, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Украина, Қатар ва ғайра роҳандозӣ шудааст. Академияи милли илмҳо узви баробарҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо, Ассотсиатсияи Академияи илмҳои Осиё, Академияи илмҳои давлатҳои мутараққӣ, Шурои байналмилалии марказҳои илмӣ, Маркази глобалии ҳамкориҳои ҳастаӣ, Маркази байналмилали илмию техникӣ ва монанди инҳо мебошад. Феълан Академияи миллии илмҳо дар асоси беш аз 200 созишнома бо 52 давлати ҷаҳон ҳамкории илмию техникӣ дошта, дар иҷрои панҷ созишномаи байниҳукуматӣ иштирок мекунад ва аъзои панҷ ташкилот мебошад.

– Дар оянда барои тақвияти фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чӣ нақшаҳои стратегӣ доред?

– Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз ҳамчун муассисаи асосии илмии ҷумҳурӣ рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро дар самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ таъмин менамояд. Дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳониро омӯхта, ба истифодаи онҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат намуда истодааст. Вазифаи муҳимме, ки дар назди академия қарор дорад, ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонони соҳибистеъдод ва навовару ихтироъкор ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ мебошад. Дар баробари ин, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти улуми табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мусоҳиб

Эҳсон САФАРЗОДА,

«Омӯзгор»