Дар тафсирномаҳою фарҳангҳо вобаста ба тавзеҳу тафсири вожаи арабиасли илм омадааст: дониш, донистан, огаҳ будан, фан, дарк кардан, ба умқи ҳақиқати чизе, амалу падидае расидан, асли воқеиятро дарёфтан…
Ин тафсир худ баёнгари он аст, ки чӣ моҳияту аҳаммиятеро дорост илм. Ҳаёти инсониятро бидуни ҳастию амал ва рушди илм наметавон тасаввур кард. Таърихи башар бо пайдоишу равнақ ва корбасти илм ҳамбастагии ногусастанӣ дорад. Илмро таърихи хеле қадимест ва беш аз ҳама, эҳтиёҷи одамон ба донистани моҳияту қонуниятҳи табиат, майлу хоҳиш ба беҳтар кардани зиндагӣ ба нумуи илм мусоидат карда. Инсоният аз аҳди бостон дар фикри ҳалли муаммоҳои оламу зиндагӣ, фаҳмидани асрори коинот, донистани сабабҳои рухдодҳои табиат ва дарёфтани тариқи гиреҳкушоии мушкилоти ҳаёт будааст ва тадриҷан ба хулосае расидааст, ки танҳо илм ва рушди он метавонад дастгиру раҳнамою додрасаш бошад. Илм муҳимтарин василаи расидан ба фаҳми ҳаводиси зиндагӣ, моҳияти ашё ва бартарафсозии монеаҳост. Ба ин маънӣ, шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ басо муъҷаз ва саҳеҳ гуфта: «Қуфлкушои ҳама дарҳост илм». Ба гузаштаи бостонӣ ва аҳаммияти барҷаста доштани илм ин байти машҳури устод Рӯдакӣ хеле саҳеҳ ишора мекунад:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Ниёзмандӣ ба илм реша ба аҳди томилодии таърих дорад. Заминагузор ба падидаи илм муносибатҳои байни инсонҳо ва инсону табиат гардидааст. Муҳаққиқон кишварҳои Эрону Ҳинду Юнони қадим ва Мисру Чинро маҳзари илм донистаанд ва таъкид кардаанд, ки дар ин қораҳои тамаддунофар ва маърифтпарвар, ба вежа, улуми табиатшиносӣ, фалсафа, нуҷум ва риёзӣ нуфуз доштаанд. Донишмандони Эрону Ҳинд дар арсаи илм машъалафрӯзӣ карда, дар бунёдгузорию такомули илмҳое, чун риёзӣ, тиб, ҳандаса, мусиқӣ, фалсафа, кимиё, алҷабр… нақши муҳимму мондагор гузоштаанд.
Аҳли таҳқиқ бар он назаранд, ки нахустин дастовардҳои илми кимиё – офаридани ашёи сафолӣ, хишт, истифодаи оҳаксанг, гудохтани мису оҳан ба қавмҳои эронӣ тааллуқ доранд. Хирадсолорони аҳди бостони Эрон таъсири кашиши Моҳу Офтобро ба Замин ошкору собит карда, дар заминаи ҳисобҳои риёзию ҳандасавӣ ба хулосае расидаанд, ки ситораю сайёраҳо (мавҷудоти осмонӣ) ба ҳаводиси табиат-обхезӣ, фаровонсолию хушксолӣ ҳолати ашё… таъсири ҷиддӣ доранд. Кашфиёту дастовардҳову комёбиҳои қавмҳои эронӣ-гузаштагони барӯманди халқи тоҷик дар паҳнои илм марҳала ба марҳала афзудаву равнақ ёфта, барои рушди илм дар манотиқи дигари олам, аз ҷумла, Аврупо замина ба вуҷуд овардаю такон бахшидаанд. Корномаи пурсамару манфиатбори аҷдоди тоҷикон то ба имрӯз ҷаҳониёнро ангушти ҳайрат ба лаб гузоштааст. Бозёфту дастурҳои донишмандони валомақому нодиристеъдоди тоҷик – Закариёи Розӣ, Яъқуб ибни Исҳоқл-Киндӣ, Абунасри Форобӣ, Абубакри Розӣ, Муҳаммад Мусо Хоразмӣ, Ибни Надим, Ибни Сино, Ибни Ҳайсам, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Ғиёсуддин Кашонӣ, Ҷалолуддини Суҳравардӣ, Абуҳомиди Ғазолӣ, Шаҳобуддини Суҳравардӣ, Ибни Ҳалдун… мавриди омӯзишу пазиришу корбасти ҷаҳониён қарор гирифтаю барои кашфиёти навини илмӣ ба уламои дигар илҳом бахшидаанд. Агар Закариёи Розӣ яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ дар ҷаҳон эътироф шуда бошад, Абунасри Фаробӣ пас аз Арасту дувумин «Муаллими башар» дониста шудааст, Ибни Синоро «Падари тибби ҷаҳон» эълон кардаанд, Имом Ғазолии аллома аз ҷониби иддае аз марказҳои илмии Амрикою Аврупо «Сарнишини илми диалектика» эълон шудааст. Аз ин гуна эътирофномаҳо бисёр метавон ёдовар шуд, ки ҳама бозгӯю собитгари мавқею мартабаи бузурги илму уламои тоҷик дар арсаи оламанд.
Ҳақиқатест дилпазир ва баҳснопазир, ки тоҷикон ва гузаштагони эшон табиатан таваҷҷуҳу эҳтиром ва гаравиш ба илм доштаанд. Ҳикмату зарбулмасалу мақолҳои дерини тоҷикон – «Илм-равшанӣ, ҷаҳл-торикӣ», «Илм нурест, ки ба воситаи он ҳама чиз дида шавад», «Илм ҷаҳонро аз офат нигоҳ медорад», «Илм душмани ҷаҳолат аст» ва амсоли инҳо аз волоияту маҳбубияти илм дар олами ин халқи соҳибтамаддун гувоҳӣ медиҳанд. Эҳтиром, эътиқод, муҳаббат, эътимод, бовар ва ҳамбастагӣ ба илм буда, ки дар адабиёти муҳташаму овозадори тоҷик дар ситоиши ин неруи тавоною пешбар ва кошиф осору абёти зиёде арзи ҳастӣ кардаву як навъ «илмнома»-еро дар ин адабиёт ба вуҷуд овардаанд. Ба ифодаи дигар, мавзуи ситоиши илму дониш дар радифи умдатарин мавзуъҳои адабиёти тоҷик ҷойгоҳе шоиста дарёфтааст. Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ дониш-илмро равшанибахши дилҳо ба ҷавшан андар тан (алорағми таъсироти манфӣ) донистааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Чун Носири Хусрав «Камоли одамӣ дар илм бошад» ва «То илм наёмӯзӣ, некӣ натавон кард» гуфтааст, Аттори ҳикматгӯй гӯиё бо ӯ ҳамовоз шудааст:
Ҷумла торикист ин меҳнатсарой,
Илм дар вай чун чароғи раҳнамой.
Садои Камолиддин Биноӣ басо қотеъона ва бо қазовате ҷолиб ба гӯш мерасад:
Ҳаст илм, он чи боқию абад аст,
Ҳар чи ҷуз илм, об дар сабад аст!
Аксари шоироне, ки ба мавзуи ситоишу тавсифи илму дониш хома рост кардаанд, бештар ба ҳамбастагии илму амал ишора карда, илми беамалро сахт маҳкум бинмуда, ба ҳеҷ баробар донистаанд.
Имрӯз, ки тоҷикон ба истиқлол даст ёфтаву давлату давлатдории худро оростаанд, анъанаҳои дерину ифтихории ниёгони хешро эҳё кардаву пос медоранд ва идома мебахшанд. Марҳалаи навини рушди илми ин миллати куҳанбунёду маърифатгустар фаро расидааст. Дар мамлакат барои равнақу пешрафти илм ва фаъолияти бомарому густардаи олимону пажуҳишгарон шароити созгор фароҳам омадааст.
Илми тоҷик дар ҳамбастагӣ бо илми ҷаҳонӣ ҳамвора рушд меёбад, ба комёбиҳо ноил мегардад ва халқи тоҷикро муаррифӣ ба ҷаҳониён мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки илмро «чароғи раҳнамо ва неруи тавонои кишвар» ва олимонро «хазинаи тилоии мамлакат» медонанд, пайваста ҷидду ҷаҳд доранд, то машъали илму дониш, маърифату хирад дар ҷумҳурӣ доиман фурӯзон бошад ва дар ин замина иброз медоранд:
«Илми тоҷик таърихи пурифтихор ва намояндагони маъруф дар ҷаҳон дорад. Мо бояд дар шароити нав илмро равнақ бубахшем, мувофиқ ба пешрафти замон амал намоем ва ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави илм ноил бигардем».
Олимони тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовор ба ин даъвати хирадбунёду ватандӯстонаи Пешвои миллат фаъолият дошта бошанд.
А. Муродӣ,
«Омӯзгор»