Тарбияи иродатмандӣ дар кӯдакон

Маълум аст, ки дар хурдсолон сифатҳои иродавӣ ноустувор буда, онҳо метавонанд тез фикру амалҳои худро тағйир диҳанд. Дар натиҷа кори саркардаро ба охир намерасонанд, худдорӣ карда наметавонанд, барои расидан ба натиҷаи мақсади худ кушишу заҳмат ба харҷ намедиҳанд. Ба мураббия зарур аст, ки дар асоси баҳисобгирии майлу рағбат, хоҳишу талабот, хусусиятҳои фардии кӯдакон ба тарбия намудани сифатҳои иродавӣ-ахлоқии онҳо диққати ҷиддӣ диҳад.

Сифатҳои идоравӣ-ахлоқии кӯдак дар инҳо зоҳир мегардад: ҷасурӣ, ҳаётдӯстӣ, хоксорӣ, ростгӯйӣ, поквиҷдонӣ, маҳорату малакаи бартараф карда тавонистани монеаҳо ва ба мақсад расидан.

Дар кӯдакони давраи миёнаи томактабӣ қобилияти идора карда тавонистани рафторҳои хеш ба ҳисоб гирифтани манфиату талаботи атрофиён, шавқу рағбат ба фаъолияту амалҳои алоҳида ба вуҷуд меояд. Масалан, кӯдаки ноорому серҳаракат метавонад ба расмкашӣ машғул гардад, то охир мазмуни асари бадеиро шунавад, дар бозӣ нақши худро офарида, то анҷоми бозӣ бурдбории худро нишон диҳад.

Кӯдакони синни калони томактабӣ (5-7-сола)-ро барои мустақилона иҷро намудани қоидаҳои рафтор водор кардан мумкин аст. Ин амал метавонад воситаи муҳимми интихоб гардидани амалу кирдорҳои мусбат шавад. Ба монанди зоҳир кардани ҷасурӣ, чусту чолокӣ ҳангоми бозиҳои серҳаракат, ки бартараф намудани монеаҳоро талаб менамоянд.

Ҷасурӣ имконият медиҳад, ки кӯдак ба қувваю тавоноии худ бовар карда, ҳиссиёти тарсро бошуурона бартараф намояд, ташаббускорӣ, фаъолнокӣ нишон диҳад. Тарсончакӣ чун сифати шахсӣ метавонад натиҷаи таъсири муҳит ва тарбияи калонсолон бошад. Мо бисёр вақт бо кӯдаконе дучор мешавем, ки аз торикӣ, ҷину аҷинаҳо, Аҷузкампир, садои баланд, овози ҳай­вонҳо ва ғайра метарсанд ва доимо аз ягон чиз ё ҳодисаи ногувор хавотиранд. Ин ҳолати кӯдакон натиҷаи таъсири нодурусти атрофиён аст, ки мехоҳанд бо чунин роҳ онҳоро гапдаро, мутеъ ва ором кунанд.

Барои бартараф намудани тарсончакӣ ба мураббия зарур аст, ки сабабҳои онро муайян намуда, дар асоси мисолу далелҳо беасос будани тарсро фаҳмонда диҳад. Кӯдакро бовар кунонад, ки метавонад худаш мустақилона тарсу ҳаросро бартараф намояд. Дар вақти фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мураббӣ аз ҳазлу шӯ­хӣ, ҳамсолон, қаҳрамонони асарҳои бадеӣ истифода бурдан натиҷабахш хоҳад буд. Масалан, мураббия метавонад аз дасти кӯдак гирифта ба анбори бозичаҳо даромада, бозичаи даркориро дар торикӣ дарёфт намояд, барои бартараф кардани тарс ҳангоми паридан аз болои ресмон даст дароз намояд ва ғайра.

Дар кӯдакон хислатҳои ҷасурию нотарсӣ, чусту чолокиро дар машғулиятҳои махсус ташкилкардашудаи тарбияи ҷисмонӣ, бозиҳои серҳаракат, бозиҳои нақшофарӣ, иҷро намудани супоришҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо тарбия карда мешаванд.

Дар тарбия намудани ростгӯӣ ва поквиҷдонӣ бояд муҳити кӯ­дакистон ва хонавода таъсиргузор бошад.

Ростгӯйӣ чунин сифати ахлоқии кӯдак аст, ки сухан, кирдору амал бо ҳам мувофиқат менамояд ва мавқеи ӯро дар доираи муносибатҳои иҷтимоӣ муайян месозад. Ростгӯю ростқавл будан дар кӯдак, пеш аз ҳама, дар эътироф намудани камбудию норасоиҳои шахсӣ, кӯшиш намудан барои ислоҳи онҳо, натарсидан аз ҷазогирӣ, дарк кардани гуноҳи худ зоҳир мегардад.

Яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ хоксорӣ мебошад. Хоксорӣ дар фурутанӣ, шикастанафсӣ, ботаҳаммул будан, худдорӣ карда тавонистан аз такаббуру ҳавобаландӣ, дар эътироф кардани фикру андешаи умум ифода мегардад. Чунин сифатҳо имконият медиҳанд, ки кӯдак минбаъд рафтору тасаввуроти ахлоқиро азхуд намояд, онҳоро такмил диҳад.

Дар кори пешгирӣ ва бартараф намудани сифати ҳавобаландӣ худбинӣ, кибру ғурур, нописандию беэҳтиромӣ нисбат ба атрофиён муҳит нақши муҳим дорад.

Ташаккули хислати ҳаётдӯстӣ, доимо хушҳолу хушнуд будан, хурсандӣ карда тавонистан дар кӯдакон ба омилҳои зерин вобаста аст: муҳити солими маънавӣ, намунаи калонсолон, якҷоя ҳазлу шӯхӣ ва бозию хурсандӣ кардан, ташкилу гузаронидани иду маҳфилҳо.

Оҳанги орому хайрхоҳонаи муошират, эҳтироми шахсияти кӯдак, то охир гӯш кардану ба ҳисоб гирифтани фикру андешаи ӯ ба руҳия ва дигар хислатҳои кӯдакон таъсири мусбати худро мерасонад.

Сулҳия ҲАКИМОВА,

омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор