Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (28.12.2024) оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, сабаби асосии нокомии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Бахусус, тарбияи ахлоқии насли наврас аз вазифаҳои пурмасъулияти омӯзгорон маҳсуб меёбад, зеро таълиму тарбия дар руҳияи одобу ахлоқи нек нахустин ва муҳимтарин омили саодату камоли одамӣ ва ҷомеаи инсонист. Гузаштагони хирадманди мо ба таълиму тарбия аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намудаанд. Дар китобҳои фалсафию адабӣ андешаҳои фаровоне дар хусуси аҳаммияти илму дониш ва таълиму тарбия оварда шудаанд.
Маълум, ки таълиму тарбия ба ҳам тавъаманд. Дар осори суханварони бузург таъкид гардидааст, ки Ҳар инсон бояд донишандӯзӣ намояд ва адабу ахлоқи накуро фаро гирад, то соҳиби сифатҳову кирдори нек гардад ва барои ҷомеаи мутамаддин хидмати шоиста менамояд.
Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ ба тарбия диққати ҷиддӣ дода мешавад. Вале боз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки ахлоқи аҳли ҷомеа дар сатҳи начандон баланд қарор дорад. Дар ин масъала бархе падару модар, қисме мактаб ва иддае ҷомеаро гунаҳгор медонанд. Аммо ҳақиқат он аст, ки ҳамаи ин ҷонибҳо дар якҷоягӣ ба тарбияи наврасону ҷавонон таъсиргузоранд ва моро лозим аст, ки аҳлона ба тарбияи насли наврас машғул гардем.
Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги масъалаи зикргардида дар ташаккули инсони фаъолу созанда Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Бузургон фармудаанд, ки агар барои фарзанд чаҳор нафар намунаи хуб бошанд, ӯ нохалафу бадрафтор намегардад. Якум – падар, дуюм – модар, сеюм – омӯзгор ва чаҳорум – дӯстони содиқу самимӣ. Агар яке аз ин чаҳор нафар ба ин масъала бемасъулиятӣ зоҳир намояд, таъсири он ба тарбия манфӣ хоҳад буд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо омилҳое, ки таъсири манфӣ доранд, хеле зиёданд. Пӯшида нест, ки қисме аз мардуми ҷумҳурии мо барои пешбурди зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ин аввалин зарбаест ба тарбия кӯдак. Наврасоне, ки ба ҳадди балоғат мерасанд, аз набудани сарвари хонадон – падар истифода бурда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, роҳҳои нодурустро интихоб мекунанд, зеро камтаҷрибаю зудбоваранду аз назорати қатъӣ дур мондаанд. Бар замми ин, баъзе модарон ҳамарӯза дар бозору корхонаҳо кор мекунанд ва барои тарбияи фарзанди хеш вақти кофӣ намеёбанд.
Шахси сеюме, ки дар тарбия саҳм дорад, омӯзгор аст, ки аз субҳ то шом дарс мегӯяду имконияти бо кӯдак иловатан кор карданро надорад. Робитаи иддае аз волидайн бо таълимгоҳҳо хеле заиф аст.
Агар волидон масъулият ҳис карда, дар якҷоягӣ бо омӯзгорон барои тарбияи ҳадафмандонаи насли наврас ва ҷавон, ки ояндаи мамлакат дар дасти онҳост, саҳмгузор мебуданд, нуран алонур мешуд. Моро мебояд дар ин самт бо якдигар ҳамфикр бошем ва барои ҳалли ин мушкилот саъйю кӯшиш намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем ба ояндаи нек умед бубандем.
Ҷаъфар ҚОДИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон