Дар ҳама давру замон халқи тоҷик ба оянда бо назари нек менигарист ва ҳар як лаҳзаи зиндагиро бо шеъру тарона, рубоиву дубайтӣ ифода мекард, ки баёнгари ҳаёти осоиштаю обод мебошад.
Чунин фарҳангсолорию санъатдӯстиро дар тамоми давраҳои инкишофи таъриху тамаддуни мардуми тоҷик эҳсос кардан мумкин аст. Маҳз ҳамин омилҳо боиси ба вуҷуд омадани ақидаи зерини олими таърихнигор ва санъатшиноси номвари шинохтаи тоҷик Аслиддин Низомӣ гардидааст, ки дар яке аз асарҳои ба тозагӣ таълифнамудаи хеш – «Таърихи мусиқии тоҷик» иброз намудааст: «Дар ниҳоди халқи фарҳангофари тоҷик ҳар як падидаи нозуки табиат, ҳар як лаҳзаи рӯйдодҳои таърих, ҳар як иқдоми фарзанди инсон ҳатман дар хурдтарин шаклҳои бадеӣ — байту рубоӣ, таронаву суруди одӣ фавран таҷассуми бадеӣ пайдо мекарданд».
Шуруъ аз давраҳои қадим намояндагони халқи тоҷик бо чунин умеди нек осори гаронбаҳои адабию фарҳангие офарид, ки бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти одаму олам эҷод гардида, махзани адабию фарҳангии аҳли башарро рушду инкишоф бахшидааст.
Аз ин рӯ, мо бояд дар баробари омӯзиши дигар фанҳо таълими фанни Суруд ва мусиқиро низ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем. Асарҳои мусиқиеро мавриди омӯзиш бояд қарор дод, ки дар шогирдон ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, ҳисси ифтихор аз миллат, Ватан, муқаддасоти миллӣ, муносибати ғамхорона нисбат ба ин сарзамин ва эҳсоси ватанпарастию инсондӯстиро бедор карда тавонанд. Дарси суруд ва мусиқӣ бояд аз тарафи омӯзгороне омӯзонида шаванд, ки сатҳи баланди касбияти омӯзгорӣ доранду соҳибтахассусанд. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем вобаста ба талаботи барномаҳои таълимӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем. Зеро хонандагон ташнаи омӯзиши суруду таронаҳои марғубу дилнишинанд. Онҳо омӯзгореро, ки ба дарсҳо бо омодагии хуб меояд, асари омӯхташавандаро бо сози мусиқӣ хуб менавозад, гӯш мекунанд, ба ӯ бовар доранду дӯсташ медоранд.
Кӯдакону наврасон суруду таронаҳои марғубро дар ҳама ҷо зери лаб зам-зама мекунанд. Худи ҳамин омил бозгӯйи муваффақияти фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгор буда метавонад. Аз ин кор худи омӯзгор руҳу тавони нав гирифта, нақшаҳои кориашро сари вақт омода месозад ва ба дарсҳо бо омодагии беҳтар меояд. Зеро эҳсос мекунад, ки дарси ӯ ба шогирдонаш маъқул аст, кӯдакону наврасон ӯро бодиққат гӯш карда, эҳтиромашро низ ба ҷо меоранд.
Ин эҳсосе мебошад, ки масъулиятшиносии омӯзгорро дар назди шогирдон ва дар маҷмуъ, дар назди аҳли ҷомеа бештар мегардонад, зеро омӯзгор эҳсос мекунад, ки барои ҷомеа каси зарурист.
Кӯдакону наврасон низ ба чунин омӯзгор эҳтиёҷ доранд, ба ӯ зуд унс мегиранд, ба ӯ бо чашми эҳтиром менигаранд, ба ҳар як амалаш пайравӣ намуда, вазифаҳои додаашро сари вақт иҷро мекунанд.
Зарур нест, ки муаллими мусиқӣ овози баланду зебо дошта бошад, муҳим он аст, ки вай асарҳои тибқи мавзуи дарсӣ пешниҳодшударо хубу ҳаматарафа таълим дода тавонад, худ аз иҷрои навохтани созҳои мусиқӣ барояд, бо овози форам сурудҳоро иҷро намояд.
Ҳамчунин, шарти дигари муҳимми фаъолияти омӯзгори мусиқӣ созҳои мусиқиро хуб навохтани вай, дар лаҳзаҳои зарурӣ дуруст истифода бурдани воситаҳои аёнӣ, аз ҷумла, технологияҳои навин мебошад.
Дарси суруд ва мусиқӣ танҳо аз навохтани созҳову сароидани асарҳо иборат набуда, имконоти васеи тарбияи зебоипарастиву бадеӣ, ахлоқиву маънавӣ, инсондӯстӣ, маърифатӣ, омӯхтани илму ҳунар, санъату фарҳангро доро мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони муассисаҳои таълимиро лозим меояд, ки аз ҳамин нуктаи назар ба раванди таълими суруд ва мусиқӣ баҳогузорӣ намуда, барои омӯзгорони фанни мазкур шароити хуби фаъолият фароҳам оранд. Хусусан, таъмини ҳуҷраи корӣ барои таълими фанни суруд ва мусиқӣ хеле зарур буда, мебояд, ки он бо созҳои мусиқӣ, воситаҳои аёнӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин бошад.
Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,
омӯзгори калони кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода