ЗАВҚИ БАДЕӢ ВА МУТОЛИАИ КИТОБ

Дар кишвари мо аллакай марҳалаи аввали соли ҳафтуми озмун ё сабқати китобхонӣ бо унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шудааст. Дар ин озмуни муътабар аз хонандаи синфи якум то бознишастаҳо ширкат мекунанд ва қабл аз суолу ҷавоб бо доварон (чи дар марҳалаи аввал ва чи дар давраи чаҳорум ё ниҳоӣ) як номгӯйи мукаммали китобҳои хондаашонро ба доварон пешниҳод мекунанд.

Дар ин рӯйхат осори зиёде аз адибони равияҳои гуногун (хоҳ вуқуънигорӣ бошад ва хоҳ сирф тахайюлӣ) пешниҳод мешавад ва ҳамин рӯйхат нишондиҳандаи асосии завқи китобхонии ҳар ширкаткунандаи ин сабқат аст: аз рӯйи ҳамин номгӯйи китобҳои мутолиашуда фаҳмидан мумкин аст, ки завқи ин ё он одам то куҷо инкишофдида ва ё дар сатҳи поин қарор дорад.

Завқ яке аз панҷ унсури фитрати инсонист, ки дар дидан ва маърифат карда тавонистани арзиш ва зебоиҳои каломи ҳунарӣ нақши муҳим мебозад. Дигар унсурҳои фитрати одамӣ ҳис, тахайюл, заковат ва ҳофиза мебошанд. Дар ин панҷгона завқ аз он ҷиҳат авлавият дорад, ки дар ҳар падидае зебоӣ ва маъноро мебинад ва инсонро барои дарёфти ҳақиқатҳо ва ҳам арзишҳои эстетикии осори бадеӣ раҳнамоӣ мекунад.

Бояд таъкид кард, ки барои ташаккул ёфтани завқи зарурӣ таҷрибаи тӯлонии китобхонӣ зарур аст: ҳар қадар инсон бештар китоб хонад ва ба дигар шохаҳои ҳунар, аз ҷумла, театр, синамо, манзаранигорӣ, мусиқӣ ва ғайра дилбастагӣ пайдо кунад, завқи ӯ бештар такомул меёбад ва нисбат ба ҳар асари ҳунарӣ андешаи худро гуфта метавонад. Барои идомаи суҳбат аввал бояд фаҳмид, ки худи завқ чист ва сарчашмаҳои пайдоишу равнақи он дар тинати инсон чиҳо буда метавонанд.

Аз давроне, ки бори аввал Арасту эҷоди бадеиро ҳамчун ҷараёни маърифат баҳо дода, осори ҳунариро маҳсули муҳокот ё тақлиди зиндагӣ ва олами ашёи табиат гуфт, беш аз ду ҳазор сол сипарӣ шуд. Муҳимтарин усулу принсипҳои шинохти каломи бадеъ, ки ин файласуфи дунёи қадим дар «Поэтика»-аш манзур кард, аз қабили моҳияти зебоӣ, таъсири қалбии асари ҳунарӣ, тарзи тасвир, табиати ашёи тасвири шеър ва фазилати он ва ғайра, то кунун арзиши бунёдии хешро аз даст надодаанд, ба ҷуз назарияи муҳокот, ки аз қарни XVIII ба ин сӯ ба танқиди шадиде аз ҷониби дигар файласуфону донишмандони эстетика, махсусан, Георг Гегел ва Иммануил Кант дучор омад.

Ин бори нахуст буд, ки Арасту аз равзанаи фаҳму дарки эстетикии олами ҳунар мафҳуми бунёдии он – зебоиро дар худи шакли ашё ва тартиби мавқеъгирии онро ба мушоҳида гирифт ва баръакси устодаш Афлотун, ки функсияи маърифатии ҳунарро инкор намуда, онро нусхаи вайроншудаи дун­ёи идеяҳо медонист, чунин мешуморид, ки маҳз асари ҳунарӣ ба одамон барои шинохти дурусти зиндагӣ кумак мекунад. Аммо муҳокоти Арас­ту на тақлиди маҳз, балки маънои ҷамъбаст ва тахайюли бадеиро дошт, чунонки худи мутафаккир гуфта: «Вазифаи шоир дар бораи амри воқеъ не, балки дар бораи он чи метавонист ба вуқуъ пайвандад, дар бораи имкон аз рӯйи эҳтимол ё зарурат ҳикоят кардан аст».

Аммо, тавре ки ишора шуд, ин назария дар даврони нав ба нақди ҷиддӣ дучор омад, ба он далел, ки вобастагии сахти муаллифи асарро аз ашёи муҳокотшуда ба вуҷуд меовард ва аз дигар тараф, муаллиф ҳамчун субъекти бетараф мавқеъ гирифта, хислати ҷамъбасткунонӣ ва арзишдоварии маърифати бадеӣ сарфи назар мешуд.

Гегел чунин меҳисобид, ки ҳунар, дин ва фалсафа як мундариҷа (ҳадафи ниҳоии зисти инсонро) доранд, тафовут дар шакли ошкор намудан ва дарки ин мазмун аст ва навъи аввали ин худошкоркунии идея шакли эстетикии маърифат ё худ ҳунар буда метавонад. Осори ҳунарӣ баробари он ки ҳамчун василаи ҳаловату кайфият, орои зиндагии маънавӣ хидмат мекунад, инчунин, яке аз воситаҳои шинохти «қадру манзалат ва манфиатҳои асосии инсонӣ ва ҳақоиқи фарогири руҳ» низ арзиш дорад.

Дар масъалаи ҳадафи таълифи асари бадеӣ Гегел ба назарияи муҳокоти Арасту нигоҳи интиқодӣ дорад: «Ҳунари эҷод вазифа дорад, ки ҳақиқатро дар шакли ҳиссию шавқӣ ва орои бадеӣ намудор кунад, вай мақсади ниҳоиро дар худии худ, дар худи ҳамин тасвир ва ошкорсозии ҳақиқат таҷассум мекунад. Дигар ҳадафҳо, масалан, панду насиҳат, тасфияи қалб, сафои ботин, ба даст овардани маош, саъю талош барои шарафу ифтихор ва ғайра ҳеҷ муносибате ба асари бадеӣ надоранд ва мафҳуми эҷодиётро бозкушоӣ намекунанд».

Ҳамин тариқ, диду дарёфт ва маърифати осори ҳунарӣ ончунон фароху печида аст, ки ками дар кам назария ва ё таълимоте то ба охир саломат мемонад, ба ин маъно, ки дар ҳар давру марҳала муносибат ба адабиёти бадеӣ, ба осори гаронмояи ҳунарӣ, ба асари асили санъат тағйир меёбад ва дидгоҳу равзанаҳои маърифат мудом дар ҳоли таҳаввулоти доимӣ қарор мегиранд. Бо вуҷуди он ки равияҳои модернистию постмодеристии садсолаи кунунӣ азми он доранд, ки асари ҳунариро аз таъиноти иҷтимоияш баркандаву дар шакли холис доварӣ кунанд, аммо, то даме ки башарият эҳтиёҷи маънавӣ ба мафҳумҳое чун зебоӣ ва накуӣ, улвият ва ғайра доранд, адабиёт барои инсонҳо офарида мешавад ва ягона мухотаби адабиёт низ инсон ва ҷомеаи инсонӣ боқӣ хоҳад монд.

Хусусан, дар ҷомеаҳои шарқӣ, ки ниёзи инсонҳо ба адабу ҳунар дар ҳеҷ даврае накоҳидааст, ғояи «ҳунар ба хотири ҳунар» ё «санъат барои санъат», ки ҳанӯз дар қарни XIX дар эҷодиёти Эдгар Алан По, Гюстав Флобер, Шарл Бодлер, Оскар Уайлд ва дигарон нуфуз пайдо карда буд, коргар нахоҳад шуд. Назарияпардозони ин ғоя, яъне, эстетизм, даъво мекарданд ва то ҳанӯз иддао доранд, ки «осори адабию бадеӣ танҳо ба хотири худаш вуҷуд дорад ва ҳамин таъиноташ бас аст, ки таҷассумгари зебоист».

Методи феноменологӣ (падидоршиносӣ), ки дар заминаи шаклпарастӣ ё формализми русӣ, структурализми (сохторшиносии) франсавӣ ва «нақди нав»-и англоамрикоӣ рӯйи кор омадааст, принсипҳои асосии назарияи нақди навро мушаххас мекунад; дар асоси таҳқиқ танҳо матнҳои ҷудогонаи ин ё он асари бадеӣ интихоб шуда, онҳо ҳамчун объекти ҷудо ва новобаста аз нависандааш баррасӣ мешаванд. Ин матн ҳамчун як сохтори пурра ва дорои як зумра образу рамзҳо ва асотир маҳсуб мешавад. Яъне, тавассути ҳамин гуна шакли таҳқиқ маърифати воқеият дарёфт мешавад.

Аз ин равияҳои маълуму маъруф дар асрҳои XX ва XXI сохторшиносӣ ва ё ба таъбири дигар – шаклшиносӣ (структурализм) самараи нек дар таҳқиқи асрори каломи бадеъ, чи дар адабу фарҳанги Ғарб ва чи дар Шарқ, бавижа, дар Эрон (ба фарзи мисол, асари таҳқиқии Қадамалии Сарромӣ «Аз ранги гул то ранҷи хор. Шаклшиносии достонҳои «Шоҳнома», Теҳрон, 1348) ба бор овардааст.

Аз нигоҳи ҳикмати ҳунар ё эстетика ҷараёни эҷодӣ се унсури муҳим дорад: якум, объекти инъикос, дуюм, субъекте, ки объектро ба тасвир мегирад, яъне, эҷодкор ва сеюм, хонанда ва ё гурӯҳи хонандаҳое, ки қобилияти баробар бо муаллиф қабул кардани асари бадеиро доранд. Комёбӣ ва ё нокомии асари бадеӣ аз он маълум мегардад, ки асари бадеӣ хонандаи хешро пайдо кардааст ё не.

Ҷиҳати дигари муҳим дар ин раванд масъалаи завқи бадеист. Маҳз натиҷаи завқу салиқаи эҷодкор аст, ки дилхоҳ шоиру нависанда дониста ва ё нохудогоҳ дар шуури хеш гурӯҳеро аз мардум ба эътибор мегирад, ҳамонҳоеро, ки ба хотири онон асар офарида мешавад ва ба маърифати дурусти онҳо бо чашми умед менигарад. Дар адабшиносии суннатии мо завқу табъро гоҳо паҳлуи ҳам ҳамчун ифодаву тасдиқи диду маърифати эстетикӣ дарк кардаанд.

Донишманди маъруф Худоӣ Шарифзода дар китоби «Шоир ва шеър» бо таваҷҷуҳ ба андешаи Низомии Арӯзӣ дар мавриди шахсияти шоир ин мафҳумро ба ин тарз шарҳ додааст: «Табъ сиришту хӯ, сифати табиии одамист. Дар шоир табъ вазъу ҳоли муайяни ҳиссию эмотсионалӣ мебошад. Гуфтан лозим аст, ки табъ ин нигаҳ доштани эътидолу фаросат дар шоирист, вагарна табъи бенизомро ҳиссу ҳаяҷон метавонад ба сӯйи зиёдатии баёни маънӣ, такрор ва ғайра бибарад».

Дар ҷойи дигари ин китоб муҳаққиқ менигорад: «Табъ ҷавҳари завқии шоирист ва тарбияи он фақат бо аркони завқии ҳиссӣ имкон дорад».

Ҳамин тавр, аз диди ин донишманд завқ асоси табъи шоирист. Дар мавриди шарҳи ҳолати завқӣ аз диди Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (шарҳи таъсири самои сӯфиён ба қалбу руҳияи инсон) ба чоп ҳозиркунанда ва мутарҷими «Эҳё улум ад-дин» шарқшиноси маъруфи рус В. Наумкин мафҳуми завқро чунин маънидод кардааст: «Истифодаи ин калима (яъне, завқ – Ҳ.Р.) аз тарафи Ғаззолӣ бо мавҷудияти муҳите болотар аз ақли инсонӣ вобаста мебошад. Ғаззолӣ бо истилоҳи завқ маърифати ирфонии интуитивиро, ки аз ақл болотар аст, ифода мекунад».

Гап дар сари ин аст, ки Муҳаммади Ғаззолӣ дар «Кимиёи саодат»-и хеш шунидани самоъро ба се мақом марбут донистааст: фаҳм, ваҷд ва ҳаракат. Ӯ ваҷдро, ки маънои дарёфти чизе мебошад, ё аз ҷинси аҳвол медонад ё аз мукошифат. Аз назари ин мутафаккир, аҳвол сифат ва ё навъе аз ҳолати завқии инсон аст. Зиёда аз ин, муаллифи «Балоғат ва суханварӣ» устоди равоншод Худоӣ Шарифзода дар боби «Адабиёт ё улуми адабӣ» менависад, ки «барои донистани адабиёт якчанд сифати ҳамида доштан лозим аст. Аввал, қувваи фитрию модарзодии ақлӣ доштан зарур мебошад, ки аз панҷ чиз иборат аст: заковат, хаёл, ҳофиза, ҳис ва завқ».

Бори нахуст ба маънои эстетикӣ истилоҳи завқро (gusto) мутафаккири испаниягӣ Балтасар Грасиан дар рисолаи «Ҳотифе дар ҷайб» соли 1646 ҳамчун навъе аз қобилиятҳои маърифати инсонӣ, махсус барои дарки зебоӣ дар осори санъат истифода кардааст. Назариётчии дигари маъруф Батё дар рисолааш «Ҳунарҳои нафиса, ки ба принсипи ягона тобеият доранд» (1746) онро принсипи ягона дар муҳокоти вижаи бадеии табиат мешуморад. Завқ аз назари ин олим, «неруи фитрии инсон буда, ба интеллект (ақл) шабеҳ аст, агар интеллект ба кашфи ҳақиқат машғул бошад, пас завқ ба зебоии ҳамон ҳақиқатҳо ва ашё майл дорад».

Ҳамин гуна, завқ аввалан, барои таълифи шоҳкорҳои санъат кумак мекунад, баъдан барои дуруст маърифат кардани ҳар гуна осори ҳунарӣ воситаи асосист. Аз назари мутафаккири бузурги Фаронсаи аҳди маорифпарварӣ Волтер, ки дар мақолаи бузургаш дар «Энсиклопедия» (1757) нашр шудааст, завқ маҳак ё меъёри ҳассосияти инсон ба зебоиву зиштӣ, ҳусну қубҳи олами ҳунар мебошад. Завқ як навъ сарахбори баррасиву муҳокима ҷиҳати арҷ гузоштан ва ё маҳкум намудани ин ё он асари ҳунарист. «Шумораи хеле ками касоне, ки ба нақди осори санъат сарукор доранд, дорои завқи ҳақиқӣ ва бисёр нозуку беғалатанд. Танҳо ба онҳо зимни маърифати асари ҳунарӣ эҳсосоте ёр мешавад, ки шахсони ноогоҳ аз он дарак намеёбанд».

Равоншинос ва файласуф Давид Юм дар боби завқи бадеӣ очерки махсус – «Оид ба меъёри завқ»-ро (1739-1740) таълиф карда, ба ин масъала аз мавқеи умумиэстетикӣ наздик шудааст. Аз нигоҳи ӯ, завқ қобилияти гузоштани тафовут миёни зебоию зиштӣ, ҳусну қубҳ дар табиат ва олами ҳунар аст. Мураккабии фаҳми он, қабл аз ҳама, дар объекте ҳаст, ки завқ ба он нигаронида шудааст, зеро зебоӣ хосияти объективии ашё буда наметавонад. «Зебоӣ сифате нест, ки дар худи ашё бошад, балки дар хиради одамист, ки он ашёро тасаввур мекунад. Хиради ҳар кас зебоиро ҳар гуна маърифат мекунад, аз ин ҷиҳат аст, ки дарёфти зебоии ҳақиқӣ ғайриимкон мебошад».

Аз ҳамин зовия, яъне, аз раҳи камоли завқу эҳсос ва самимият бо назари таҳқиқ нигаристан ба раванди адабиёти тоҷик ва маърифати эстетикии осори адабии эҷодкорони тоҷик, дарёфти зебоиҳои ин осор ба камтаре аз мунаққидони тоҷик даст додааст. Сабаби аслии ин кор, асосан, ривоҷ доштани нақди иҷтимоиву ахлоқист, ки даврони Шуравӣ аз маъмултарин навъҳои наққодӣ будааст ва ҳоло низ аз дигар наққодиҳо бартарӣ дорад. Намунаҳое аз нақди равоншиносӣ зуҳури камтаре дошт, чун аз муҳаққиқ талаб мешуд, ки ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб, «ҷараёни ботинӣ ва аҳволи дарунии шоир ё нависандаро идрок ва баён намоянд, қудрати таълиф ва истеъдод, таркиби завқ ва қареҳаи ӯро бисанҷанд, неруи авотиф ва тахайюлоти ӯро таъйин доранд, навъи фикр ва завқи шоирро муайян намоянд».

Ҳамин тавр, кори завқ қобилияти эҳсос намудани зебоӣ ва кори хирад маърифати ҳақиқат будааст.

Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон