Мактаби устод Турсунзода

Барои ҳар кас Ватан аз деҳааш сар мешавад. Қаратоғ то соли 1924 деҳа ва шомили тумани Қаратоғ буд. То соли 1927 ба ноҳияи Қаратоғ (вилояти Ҳисор) ва то соли 1959 ба ноҳияи Шаҳринав мансубият дошт. Аз соли 1959 ноҳияи Регар, ки ҳоло он шаҳри Турсунзода номгузорӣ шудааст.

Ба гуфти яке аз шарикдарсони устод Мирзо Турсунзода, шодравон Иброҳим Азим, дар мактаби куҳнаву нави Қаратоғ мо — чор нафар банда, Мирзоҷон, Раҳими Ҷӯшонӣ ва Муҳаммад Имомов дӯстони ҷонӣ будем. Мирзоҷон зеҳни бурро ва ҳофизаи қавӣ дошт. Ӯро дар давраи мактабхонӣ ҳама «Мир­­зоҷон» садо мемекарданд.

Устод Мирзо Турсунзода писари усто Турсуни чӯбтарош деҳаи азизи худ – Қаратоғи бостониро аз дилу ҷон дӯст медошт. Ӯ бо аҳли деҳаи худ робитаи доимӣ доштааст. Ҳангоме ки аз сафарҳо ва корҳои давлатӣ фориғ мегаштааст, ҳатман ба Қаратоғ баҳри дидорбинии дӯстон меомадааст. Ҳар омадани ӯ барои ҳамдеҳагон идро мемонд. Ҳамон рӯз дар деҳа шодию хурсандӣ баргузор мегашт. Барои шоир ҳам ҷои шодӣ ва манбаи хурсандиҳои беинтиҳо будааст он рӯз.

Шоир Мирзо Турсунзода шаби сербориши фасли зимистон ба зодгоҳи худ меояд. Ӯ ба деҳа пиёда ва хаста шуда мерасад, чунки мошинаш дар вақти гузаштан аз дарёи Қаратоғ, ки он шаб об аз соҳил баромада буд, вайрон мешавад. Ҳамдеҳагон шоири худ ва вакили мардумӣ дар Шурои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистиро меҳмон карда, хона ба хона бурда зиёфат медиҳанд ва аз ӯ дар бораи сафарҳо дар шаҳрҳои Пекину Париж ва Деҳливу Варшава ҳикояҳо мешунаванд.

Вақте ки устод Мирзо Турсунзода ба марказ, яъне, шаҳри Душанбе (он вақт Сталинобод) равон шуд, аз колхозчиёну ҳамдеҳагонаш пурсон мешавад, ки чӣ эҳтиёҷ доранд, ба онҳо вай чӣ гуна ёрӣ бояд расонад.

Ҳар кадоми онҳо метавонистанд илтимоси шахсие арз кунанд, вале ҳама ба як овоз фақат як чиз илтимос мекунанд: «Деҳаи мо маркази район, ҳатто, маркази колхоз (он вақт ҷамоатҳо набуданд) ҳам нест. Як мактаби ҳафтсола дорем, ки бинои он хеле куҳнаву фарсуда аст ва кӯдакони мо дар ҳуҷраҳои Афғонбой (савдогари калони маҳаллии ондавра, ки ҳавлии калон доштааст ва рӯйи ҳавлии вай бо хоначаҳои сангине, ки ба ҳуҷраҳои мадраса монандӣ доштанд, иҳота шудааст ва дар ин хоначаҳо меҳмонони савдогар манзил мекарданд. Дар ҳамон давра ин ҳавлӣ мактаби ҳафтсола шудааст ва дар ҳуҷраҳо муаллимони мактаб зиндагӣ мекардаанд), мехонанд. Мо аз шумо, депутати худ, илтимос менамоем, ки барои сохтани мактаби даҳсола ёрӣ расонед!»

Шоир илтимосу хоҳиши ҳамдеҳагонашро ба ҳукумати ҷумҳурӣ арз менамояд. Ҳукумат пешниҳоди халқ ва вакилро ба назар гирифта, қарор медиҳад, ки тобистони ҳамон сол дар Қаратоғ мактаб сохта шавад. Давлат барои сохтмони мактаб 340 000 сӯм харҷ намуда, онро месозад.

— Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири машҳур ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ обрӯю нуфузи калон дошт. Ӯ бо ҷаҳонбинии васеъ ва диди фароху беҳамтои хеш дар ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами давр мусоидат намудааст.

Ҳамин тавр, шоири машҳури миллат, устод Мирзо Турсунзода дар тарбияи адибони ҷавон, нашри осори классикони тоҷик ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон саҳми бузург гузоштааст.

Фирдавс ОДИНАЕВ,

узви ИЖТ