Терроризм яке аз бузургтарин таҳдидҳои замони муосир бар зидди ҳаёти осоиштаву ором ва фазои сулҳу суботи мо мебошад. Террор воситаи асосӣ ва паҳнгаштатарин ба шумор меравад, ки сабаби ноамнӣ ва нооромии рӯзгор гашта, халқро ба тарсу ваҳм меандозад.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидану аз ривоҷи ин гуна падидаҳои номатлуб бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи пасти худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи иддае аз ҷавонон арзёбӣ мешавад. Ин ҳолат боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мегардад.
Мақсад ва ҳадафи асосии террористон вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва несту нобуд кардани фарҳанг, илму маърифат ва таҳдид ба ҳастии инсоният мебошад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва пешрафти инсониятро инкор мекунанд.
Имрӯз бархе динро ба рӯйи худ ниқоб карда, ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат даст мезананд, ки номи дини Ислом дар ин миёна ба бадномӣ гирифтор мешавад. Террористон барои амалӣ гардонидани фикру ақидаҳои вайрон ва дур аз инсонии худ ба ҳамаи кор қодиранд ва ҳамаи чораву роҳҳоро меандешанд, то ҷавонони ноогоҳро ба сафи хеш пайванданд. Мусаллам аст, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуше мегардад.
Ҳамаи ин воқеаву ҳаводис ва рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаълумоту соҳибақл ва соҳибмаърифат ва хосатан, падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз доштаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ҳар яки мо метавонем дар мубориза бар зидди терроризм саҳми босазои хешро гузошта бошем. Моро мебояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии хешро аз даст надода, ба фитнаву ваъдаҳои бардурӯғи хиёнаткорон гӯш надиҳем ва дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ашхоси шубҳаноку ақидаҳои разилонадошта, ба мақомоти дахлдори маҳаламон хабар диҳем.
Терроризм як таҳдиди ҷаҳонӣ аст, ки танҳо бо кӯшишҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда метавон онро мағлуб кард. Мо бояд дар ҳар ҳолате муттаҳид бошем ва дар мубориза бар зидди ин амали номатлубу зишт ба мисли панҷаҳои як мушт ва шохаҳои як дарахт устувор бошем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем зиндагиву ҳаётро барои худ ва наслҳои оянда бехатар ва осоишта гардонем.
Иқбол ҲОМИДОВ,
омӯзгор