Ситоишгари Ватан

Шеър бояд инқилобу шӯришу исён кунад,
Ҷунбиш орад бар замину қӯҳро талқон кунад.

Ин байти воқеан баланду пурмаънӣ аз умқи дили шоири озода Усмон Шарифзода бурун шудааст.

Ин эҷодкори фарохназар зодаи деҳаи зебоманзару биҳиштосои Элокдараи ноҳия Файзобод мебошад. Баъди як соли таваллуди Усмон хонавода ба деҳи Муғулон (дурусташ Муғон)-и ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баста, ҳамон ҷо муқимӣ мешавад. Усмон хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад. Ба навиштани мақолаю шеър аз замони мактабхонӣ шуруъ кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар рӯзномаи ноҳияи Рӯдакӣ “Ҳақиқат” ба кор оғоз мекунад. Бештари умри хешро Усмон Шарифзода дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, ки ҳоло “Ҷумҳурият” ном дорад, сарфи рӯзномани­горӣ кардааст.

Усмон Шарифзода шахси дар ақидаи хеш устувор, рострав, якрӯй ва бо мардуми одӣ меҳрубон буд. Карру фарро намеписандид.

Шоири ваҳдатсаро буд ва ба ин шеъраш гувоҳӣ медиҳад:

Намехоҳам ҷаҳоне, эй ҷаҳондор,

Ватанхоҳам, ҷаҳонам ин ҷаҳон аст.

ҷои дигар мегӯяд:

Ватанро ҳамчу фарзанди ҷигарбандаш нигаҳбонам,

Дареғе нест баҳри як кафи хокаш диҳам ҷонам.

Адуи нохалаф гар по гузорад, пайкараш сӯзам

В-агар найранг созад, дар ҳаво болу параш сӯзам.

Ҳар гоҳ ки шоир ба Файзобод меомад, албатта, меҳмони мактаббачагон мешуд. Дар лаҳзаҳои бо шогирдон вохӯрдан аз ватандӯстӣ, хубу аъло хондан, хизмат ба падару модар, аз бар кардани шеъри шоирони классик ва муосир, рӯ овардан бо китоб маслиҳатҳо медод. Даъват мекард, ки забони ноби тоҷикиро махлут накарда, тозаю озода сухан гуфтанро ёд гиранд.

Ӯ ҳозирҷавоб, сухандон ва ҳик­матшинос буд. Дӯстдорони адабиёт ба ашъораш сахт дилбастагӣ доштанд.

Дар ёд дорам: дар ҷашни 50-солагии устод Бозор Собир, ки дар ошхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегузашт, хостанд, ки шоирон баҳри табрики шоир шеъре эҷод кунанду ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии Лоҳутӣ Қиёмиддини Чақалов дар маҳфил онро хонад. Чанд шеър эҷод шуд. Ба устод шеъри Усмон писанд омад.

Устод Бозор Собир гуфт:

-Усмон, ту ҳақиқатан шоирӣ!

Усмон Шарифзода аз шаҳр ба деҳа, ки меомад, гоҳо ҳамроҳаш шоирон Муҳиддин Фарҳат, Мирзо Файзалӣ, Зуҳуриддин Суярӣ, Иззатулло Ҳусайнӣ, Ҷӯрабек Муъмин, нави­сандаҳо Равшани Ёрмуҳаммад, Раҷабалӣ Аҳмад, Шоҳмузаффар Ёдгориро меовард. Шаб то саҳар шеърхонию сурудхонӣ идома меёфт. Ҳомиди бародари банда суруд мехонд, ки ба Усмон писанд буд. Боре Ҳомид шеъри Саъдӣ – “Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст”-ро хонд. Усмон ба ӯ эрод гирифт, ки бо чунин садои хушу марғуладор чаро рафта дар радио ё телевизион сабт намегузорад?

Усмон табиати Гулдараро дӯст медошт. Чашмаю зова, доманаю кӯҳсор, дашту теппаҳо, хониши мурғони нағмасаро, гулу гиёҳашро дида, бадоҳатан шеър мегуфт.

Усмон марди хеле ҳассос буду дурандеш, суханро дар тарозуи ақл баркашида, рӯйи хони маънӣ мерехт:

Ман фақат аз дили ногаҳкуши худ метарсам,

Сари мӯ тарс надорам, ба ҷаҳон тарс бас аст.

Шеъри Усмон Шарифзода мазмуни баланди фалсафӣ дорад. Қиматтарин чиз борои шоир арзишҳои инсонӣ буд, ки дар ашъораш бараъало ҳис карда мешавад.

Чӣ равӣ Каъба, ки ин ҷо падаре муҳтоҷ аст,

Бо тану гардани каҷ мушти паре муҳтоҷ аст.

Қиссаю ёддоштҳо дар бораи устод зиёданд. Мо, мухлисони ашъораш, дуо мекунем, ки рӯҳаш шод бошад!

Қурбони Ҷомӣ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Файзобод