Ҷадвали баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки ҷадвали баргузории даврҳои асосӣ ва иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои довталабони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) дар соли 2022 муқаррар карда шуд.

Бо дарназардошти ҷадвали тасдиқгардида даъватномаҳои довталабон – шахсони аз 1-уми март то 30‑юми апрел номнависшуда омода ва ба онҳо тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ, ки дар варақаи бақайдгирӣ дарҷ гардидааст, фиристода мешавад. Инчунин, нусхаи электронии даъватномаҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон ҷойгир карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони супоридани қисм(ҳо)-и дахлдор барои ҳар як довталаб дар даъватнома ва кабинети инфиродияш дарҷ карда мешавад.

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон додааст, дастрас кунад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб метавонад нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродиаш сабт ва чоп кунад ё дар зарурат барои дастрас кардани даъватнома ба Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат намояд. Дар бораи дар кабинети инфиродии довталаб ҷойгир гардидани даъватномааш ба ӯ паёмак (SMS) фиристода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро, дар баробари ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми А ё қисми Б, довталабоне, ки барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон дар асоси талаботу қоидаҳои муқарраргардида омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштанашон ҳатмист, месупоранд. Барои муайян кардани рӯзи мушаххаси супоридани қисми В, инчунин гирифтани машварат дар бораи масъалаҳои марбут ба қисми мазкур довталаб ба муассисаи таълимие, ки онро дар бақайдгирӣ ҳамчун макони супоридани ин қисм интихоб кардааст, бояд пешакӣ муроҷиат кунад.

Қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро, дар баробари қисми А, довталабоне, ки ихтисосҳои пешниҳодкардаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо интихоб кардаанд, месупоранд. Қисми Г.1 барои довталабони мазкур дар худи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Барои гирифтани машварат дар бораи масъалаҳои марбут ба ин қисм довталаб бояд ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳое, ки тибқи ҷадвали тасдиқкардаи ин донишгоҳ муқаррар карда шудаанд, муроҷиат кунад. Телефонҳо барои тамос бо шахсони масъули ин филиал дар даъватномаҳои довталабони дахлдор нишон дода мешавад.

Довталабоне, ки ихтисосҳои пешниҳодкардаи Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихоб кардаанд, дар баробари қисми А, қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро месупоранд. Қисми Г.2 барои довталабони мазкур дар марказҳои имтиҳонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои дахлдор баргузор карда мешавад. Вобаста ба ин, онҳо барои гирифтани маълумот дар бораи макон ва замони баргузории қисми мазкур бояд пешакӣ ба ин донишгоҳ муроҷиат кунанд. Телефонҳо барои тамос бо шахсони масъули Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар даъватномаҳои довталабони дахлдор нишон дода мешавад.

Хотиррасон мекунем:

1) маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории довталаб дар даъватномааш қайд мешавад. Ин маълумот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш низ дастрас мегардад;

2) довталаб бояд ба макони имтиҳонсупорӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оѓози имтиҳон ҳозир шавад ва бо худ шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо суратдаъватнома ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳро дошта бошад.

Ҷадвали баргузории даврҳои асосӣ ва иловагии ИМД – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои довталабони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) дар соли 2022

  1. ДАВРИ АСОСӢ
  2. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум):
Р.т. Гурӯҳи ихтисосҳо Таърихи баргузории имтиҳон
1 Табиӣ ва техникӣ 01.07.2022
2 География ва иқтисод 02.07.2022
3 Филология, педагогика ва санъат 03.07.2022
4 Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 04.07.2022
5 Тиб, биология ва варзиш 05.07.2022*
06.07.2022**

Эзоҳ:

Мутобиқи банди 128 «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5 (тиб, биология ва варзиш), бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон, имтиҳон (қисми А) ба тартиби зерин дар 2 рӯз гузаронида мешавад:

*рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ тамом мешавад ва ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;

** рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами ҷуфт тамом мешавад.

  1. Қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум):
Р.т. Гурӯҳи ихтисосҳо Таърихи баргузории имтиҳон
1 Табиӣ ва техникӣ 07.07.2022
2 География ва иқтисод
3 Филология, педагогика ва санъат
4 Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ
5 Тиб, биология ва варзиш
  1. Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – аз 1-ум то 8-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор.
  2. Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) барои довталабони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе:
Ихтисос Машварат Таърихи баргузории имтиҳон
010302 – «Математикаи амалӣ ва информатика» Математика

03.07.2022, 15:00

Математика (хаттӣ)

04.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

08.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

050301 – «Геология» Математика

03.07.2022, 15:00

Математика (хаттӣ)

04.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

08.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

380304 – «Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ» Математика

03.07.2022, 15:00

Математика (хаттӣ)

04.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

08.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

040302 – «Химия, физика ва механикаи мавод» Химия

02.07.2022, 15:00

Химия

(хаттӣ)

03.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

08.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

450302 – «Лингвистика» Забони англисӣ 30.06.2022,17:00 Забони англисӣ (хаттӣ)

01.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

07.07.2022

Забони русӣ

06.07.2022, 15:00

410305 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» Таърих

01.07.2022, 15:00

Таърих (хаттӣ)

02.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

07.07.2022

Забони русӣ

06.07.2022, 15:00

  1. ДАВРИ ИЛОВАГӢ
  2. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум):
Р.т. Гурӯҳи ихтисосҳо Таърихи баргузории имтиҳон
1 Табиӣ ва техникӣ 12.07.2022
2 География ва иқтисод
3 Филология, педагогика ва санъат
4 Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ
5 Тиб, биология ва варзиш
  1. Қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум):
Р.т. Гурӯҳи ихтисосҳо Таърихи баргузории имтиҳон
1 Табиӣ ва техникӣ 12.07.2022
2 География ва иқтисод
3 Филология, педагогика ва санъат
4 Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ
5 Тиб, биология ва варзиш
  1. Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – рӯзҳои 9-ум ва 10-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор.
  2. Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои довталабони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе):
Ихтисос Машварат Таърихи баргузории имтиҳон
010302 – «Математикаи амалӣ ва информатика» Математика

03.07.2022, 15:00

Математика (хаттӣ)

09.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

10.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

050301 – «Геология» Математика

03.07.2022, 15:00

Математика (хаттӣ)

09.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

10.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

380304 – «Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ» Математика

03.07.2022, 15:00

Математика (хаттӣ)

09.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

10.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

040302 – «Химия, физика ва механикаи мавод» Химия

02.07.2022, 15:00

Химия

(хаттӣ)

09.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

10.07.2022

Забони русӣ

07.07.2022, 15:00

450302 – «Лингвистика» Забони англисӣ 30.06.2022,17:00 Забони англисӣ (хаттӣ)

09.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

10.07.2022

Забони русӣ

06.07.2022, 15:00

410305 – «Муносибатҳои байналхалқӣ» Таърих

01.07.2022, 15:00

Таърих (хаттӣ)

09.07.2022

Забони русӣ (хаттӣ)

10.07.2022

Забони русӣ

06.07.2022, 15:00