Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти суғуртавӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи суғуртаи тиббӣ”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Соли 2024 ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи қонунӣ ва мутобиқ намудани он ва стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Инчунин, ба қонуни мазкур илова дар бораи пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани амалиётҳои суғуртавӣ ворид карда шуд, ки он санаи 2 январи соли 2025 мавриди амал қарор гирифт.
Ҳамзамон, қайд карданием, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 майи соли 2019 ҳангоми мулоқоташон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои таъхирнопазирро ҷиҳати рушди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили дурусти бозори суғурта, аз ҷумла, васеъ ба роҳ мондани суғуртаи ихтиёрӣ ва фаъол гардонидани иштироки ташкилоту муассисаҳо дар ин бозорро таъкид намуданд.
Ташкилоти суғуртавии “Муин” ҷиҳати амалӣ гардонидани дастури Пешвои миллат оид ба андешидани чораҳо ва тадбирҳои таъхирнопазир барои рушди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили дурусти бозори суғурта, аз ҷумла, васеъ ба роҳ мондани суғуртаи ихтиёрӣ ва фаъол гардонидани иштироки ташкилоту муассисаҳо дар ин бозор, барои фаро гирифтани мактаббачагон ва кӯдакони то синни мактабӣ бо шартномаҳои ихтиёрии суғуртавӣ аз ҳодисаҳои нохуш барномаҳои комплексӣ вобаста ба он бо ду забон таҳия намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо ирсол намуд.
Чунки дар ин синну сол онҳоро эҳтимолияти хавфи дучор шудан бо ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, аз қабили захм бардоштан, осебёбӣ дар натиҷаи афтидан, садамаи нақлиётӣ, ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ, газидани ҳаргуна ҳашарот ва ҳайвонот мавҷуд аст.
Бинобар ин, суғуртаи кӯдакони то синни мактабӣ ва мактаббачагон на танҳо ғамхории волидайн, балки ғамхории маъмурияти мактабу кӯдакистонҳо низ мебошад.
Хусусияти хоси ин намуди суғуртаи ташкилоти мо дар он аст, ки тибқи он кӯдакон ва мактаббачагон аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дар муддати шабонарузӣ фаро гирифта мешаванд. Чунин намуди суғурта тамоми ҳодисаҳои нохушро дар дилхоҳ вақт ва дар тамоми дунё фаро мегирад.
Бо бастани шартномаи суғуртавии мактаббачагон аз ҳодисаҳои нохуш волидайн имконияти гирифтани ҷуброни зарари ба кӯдакон расидаро пайдо менамоянд, ки ба қадри ҳол барои сабук намудани вазъи молиявию иҷтимоияшон мусоидат менамояд.
Хавфи суғуртавӣ ин эҳтимолияти рӯй додани ҳодисаҳои нохуши ногаҳонӣ (тасодуфӣ) мебошад, ки дар натиҷаи он ба саломатӣ зарар расонида, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ё дигар оқибатҳои вазнинро ба вуҷуд меорад.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли 2024 аз ҷониби ташкилоти суғуртавии мазкур 172 муроҷиати шаҳрвандон оид ба рух додани ҳодисаҳои гуногуни суғуртавӣ баррасӣ гардида, ҳамагӣ қонеъ карда шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ташкилотҳои суғуртавии дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ фаъолияткунанда дар пешбурди сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин замина, ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Вале таҷриба нишон медиҳад, ки то ба ҳол ба мазмуну муҳтавои суғурта ва манфиатҳои он қисме аз шаҳрвандон бо сабаби нокифоя будани сатҳи дониши ҳуқуқиашон сарфаҳм намераванд. Дар аксар ҳолатҳо онҳо суғуртаро танҳо як роҳи дигари маблағҷамъкунӣ фаҳмида, аз амалӣ гардонидани он худдорӣ менамоянд. Бинобар ин, дар ин ҷода дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муҳим ва зарур аст.
Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи суғурта ва қоидаҳои суғуртакунӣ, ки шартҳои умумӣ ва тартиби амалигардонии онро муайян менамоянд, амалӣ мегардад. Яъне, ташкилотҳои суғуртавӣ новобаста аз шакли моликияташон мустақил буда, дар доираи ваколатҳои доштаашон, дар асоси рақобати солим, амал мекунанд. Илова бар ин, аз натиҷаи фаъолияти худ маблағҳои андозро ба буҷети ҷумҳурӣ пардохт намуда, дар ғанӣ гардонидани он ҳиссагузор мебошанд.
Ба ғайр аз ин, дар як ноҳия ва ё шаҳри алоҳида як ташкилоти суғуртавӣ, хоҳ давлатӣ бошад ва хоҳ ғайридавлатӣ, тамоми объектҳои суғуртавиро ба куллӣ фаро гирифта наметавонад. Мақсади асосии мо ривоҷу равнақи соҳа, таъмини ҳаёти хуб ба мардум мебошад. Ёдовар мешавем, ки афзудани портфели суғуртавӣ дар бозори суғурта аз ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳбарони субъектҳои хоҷагидор, тоҷирон, соҳибкорон ва ғайра вобаста аст. Албатта, дар ин ҷода пешниҳоди тарофаҳои суғуртавии қобили қабули мардум ва хизматрасонии беғаразона, пардохти саривақтии маблағҳои суғуртавӣ низ мавқеи муҳимро мебозанд.
Эътимоднокии молиявӣ ва моддӣ, муносибатҳои хуби касбӣ бо корхонаву ташкилоту муассисаҳои гуногунмоликият, ашхоси алоҳида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ташкилоти суғуртавӣ имконият медиҳад, ки ба оянда дилпурона назар афканда, дар сурати ҳамкорӣ онҳоро аз хатарҳои ғайричашмдошт дар доираи шартномаҳои басташуда ҳифз намояд.
Исматулло ХОЛНИЁЗОВ,
мушовир оид ба фаъолияти ҳуқуқии ташкилоти суғуртавии “Муин”