Илм неруи тавонову пешбарандаи ҷомеа буда, омили асосии пешрафти давлат ба ҳисоб меравад. Илм заминаи босуботи рушди ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум аст. Халқи тоҷик аз қадим ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд ва аз саромадони илми ҷаҳонӣ маҳсуб меёфт. Аз омӯзиши сарчашмаҳои муътамади илмӣ бармеояд, ки тоҷикон дар тақвияту такмили илми ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштаанд ва пажуҳишу иктишофҳояшон дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф ва мавриди омӯзишу корбаст қарор гирифтааст.
Дар замони муосир нақш ва ҷойгоҳи илм барҷастатар гардидааст ва кишварҳое ба рушду такомул ва дастовардҳои чашмрас ноил мегарданд, ки дар самти ковишу таҳқиқоти густардаи илмӣ ва татбиқи онҳо дар ҳаёт тавонанд манфиату самараи бештар ба даст оранд ва зиндагии шоистаро барои ҷомеаи худ таъмин созанд. Яъне, илм ҳамон вақт манфиатбор аст, ки дар ҳаёт татбиқ ва маҳсули пажуҳиш бо истеҳсоли он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардад. Аз ин ҷост, ки дар ҷаҳони муосир талабот ба неруи зеҳнӣ, ки сармояи асосии ҳар як давлату миллат мебошад, сол то сол бештар мегардад ва дар ин самт маблағҳои зиёд харҷ карда мешавад.
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзишу рушди илми ватанӣ бештар гардид ва имконоту шароити мусоид ҷиҳати фаро гирифтани донишҳои замонавӣ фароҳам оварда шуд. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи асосӣ ба сармояи инсонӣ равона гардидааст, чунки рушди босуботу устувори иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба неруи зиҳнӣ иртиботи қавӣ дорад. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илми тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, шароити созгорро ҷиҳати таҳқиқи густардаи масоили замон ва такмилу тақвият бахшидани илмҳои бунёдӣ фароҳам оварданд: «Мо бояд ба пешрафти илмҳои бунёдиву техникӣ ва технологиву инноватсионӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, мавзуъҳои фармоиширо ба рушди иқтисодиёти кишвар мутобиқ гардонем, ба тарбияи кадрҳои илмӣ ва тақвияти неруи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем ва маблағгузории соҳаҳои илмро, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таҷдиди назар кунем».
Дар робита ба ин, бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) қабул ва дар доираи он барномаҳои махсус таҳия шуд, ки имкони мусоидро барои омӯзиши фарогири фанҳои бунёдӣ ба вуҷуд овард. Дар заминаи он тадриҷан шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, онҳо бо озмоишгоҳу лабораторияҳо таъмин мегарданд ва озмунҳои сатҳи гуногун гузаронида мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бевосита ба рушди тафаккури техникӣ, ихтирою навоварии хонандагону донишҷӯён ва олимону пажуҳандагон нигаронида шудааст. Таҳлилу баррасиҳо нишон медиҳанд, ки шавқу рағбати хонандагон ба ихтироъкориву навоварӣ бештар гардида, ковишҳои илмии наврасон аз давраи мактабӣ оғоз ёфта, дар муассисаҳои касбӣ такмил меёбад, ки ин раванд метавонад олимону мутахассисони варзидаи дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ихтироъкорро барои ҷомеа пешниҳод кунад.
Бояд қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ ба таври чашмрас рушд ёфт. Соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки шароити мусоидро ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъмин кард. Дар баробари ин, таъсиси ин ниҳоди илмӣ, аз як тараф, мушкилоти ҳимояи пажуҳишгарону муҳаққиқонро аз байн бурд, аз ҷониби дигар, ба раванди табдил ёфтани забони тоҷикӣ ба забони илм такони ҷиддӣ бахшид. Таваҷҷуҳ ба пажуҳишгарони ҷавон бештар гардид ва теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ тадриҷан зиёд шуд, ки ин дар пешрафти илми тоҷик натиҷаи мусбат мебошад.
Дар зимн, Пешвои миллат мунтазам бо аҳли илму маориф мулоқот ва суханронӣ анҷом медиҳанд. Зимни суханрониҳо муҳимтарин масъалаҳоро барои рушди илми ватанӣ пешниҳод мекунанд ва мавзуъҳоеро ба миён мегузоранд, ки таҳқиқу омӯзиши фарогири онҳо метавонад, аз як тараф, ба рушди илми тоҷик такони бештар бахшад, аз ҷониби дигар, ба пешрафти иқтисодиёт мусоидати амиқ кунад. Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои ҷиддиро ҷиҳати таҳқиқи мавзуъҳо дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ба миён гузоштаанд: «Имрӯз рисолати олимони ҷамъиятшинос аз он иборат аст, ки парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат нишон диҳанд. Илова бар ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад».
Дар баробари ин, Сарвари давлат дар суханрониҳояшон масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки ба таҳқиқу пажуҳиши илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ ва ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар иртиботманд мебошанд. Аз ин рӯ, аҳли илмро зарур аст, ки корҳои пажуҳишии бунёдиро бештар намоянд, то натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ ва таҷрибаҳои инноватсионӣ татбиқ гарданд. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат таъкид кардаанд: «…зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд».
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”