ВАЗИФАИ КИТОБ ТАҒЙИР ДОДАНИ ОДАМ АСТ

Ҳамасола дар Озмуни ҷум­ҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” одамон аз асарҳои бадеии хондаашон, бардошт ва таассуроташон батафсил назди доварон ҳикоят мекунанд. Албатта, бардоштҳо гу­ногун мешаванд, чун ҳар ка­се табъу завқ ва фаҳму дарки хоси худро дорад. Аммо му­ҳим ин аст, ки хулосаҳо набояд нодуруст ва якҷонибаву маҳдуд бошад. Матлаби зер аз ҳамин хусус аст.

Нависандаи номвари рус Василий Шукшин ҳикояте дорад бо унвони “Содалавҳ” (дар забони асл — “Чудик”).

Мазмуни ин ҳикоя аҷиб аст: сухан аз сарнавишти як марди деҳотӣ, киномеханик Василий меравад, ки ниҳоят софдилу накукор аст. Ба арзишҳои одамӣ­, аз қабили инсофу эҳтиром, не­киву муҳаббат, кумак ба дигарон, хулоса, ҳар чизе, ки дар деҳа арзишманд аст, садоқат дорад ва ҳамарӯза корҳои аҷибу ғариб мекунад.

Ҳикоя низ оғози таваҷҷуҳбарангез дорад: “Ҳамсараш ӯро “содалавҳ” мегуфт гоҳе бо меҳрубонӣ. Ӯ як хислати вижа дошт: доиман бо ҳодисае дучор мешуд. Аз ин ҳодисоти ногаҳонӣ азият мекашид, ҳаводиси назарногир, аммо таассуфангез. Ана, чанд лавҳа аз як сафари ӯ”.

Сипас Шукшин бо сабки хосаш, ки мухтасарбаёниву таваҷҷуҳ ба ҷузъиёти тасвир аст, аз як сафари ин марди деҳнишини содалавҳ ба хонаи бародарбузургаш Дмитрий, ки дар Урал мезист, ҳикоят мекунад.

Пеш аз сафар дар шаҳр мехоҳад барои се писари бародараш туҳфаҳо бихарад. Ҳангоми дар ҷомадон ҷо ба ҷо кардани ҳадияҳо як коғази панҷоҳрублиро дар рӯйи замин мебинад ва бо тамоми садо мардумро огоҳ мекунад, ки ин пули уфтода дар замин аз они кӣ бошад… Мо дар деҳа бо ин гуна коғазҳо бозӣ намекунем”.

Касе вокуниш намекунад ва ӯ пулро ба назди фурӯшанда мегузорад, бад-ин ҳадаф, ки агар соҳибаш пайдо шавад, фурӯшанда он пулро баргардонад. Аз мағоза баромадан замон ҷайбашро мебинад ва дақиқ мекунад, ки ҳамон пул пули худаш будааст. Ӯ дар ҷайбаш як биступанҷсӯма дошту як панҷоҳсӯма.

Пули аввалиро майда карду туҳ­фаҳо харид, панҷоҳсӯмааш дар кисааш буд, яъне, ҳамон пули худаш афтидааст.

Аммо Василий (нависанда номи қаҳрамонашро танҳо дар ахири ҳикоя меорад) ба худ ор медонад, ки рафта он пулашро бозпас бигирад. Ба андеша меравад, ки “мардум чӣ мегӯянд? Доду вой карда буд, ки пули гумшуда аз кист ва боз худаш омада ҳамон пулро гирифт. Аммо ин пул, пули майда ҳам нест, ними маошаш-ку”.

Василий маҷбур мешавад, ки ба деҳа баргашта, аз амонаткассаи деҳа боз панҷоҳ рубли дигар гирад (ва аз ҳамсараш “гап” мешунавад). Дар ҳавопаймо нишаста, мехоҳад бо ҳамсафараш суҳбат кунад, аммо он мард бо беэътиноӣ мебинад, ки Василий аз деҳа аст ва “сатҳи маданияташ бисёр паст”.

Ҳангоми нишаст ҳавопаймо такон мехӯрад ва он марди ҳампаҳлуи Василий, ки тасмаи эҳтиётиро набаста буд, дандонҳои сунъияшро гум мекунад. Василий онро меёбад ва ба соҳибаш бармегардонад, аммо дар посух таъна мешунавад, ки чаро он қолаби дандонҳоро бо дасташ қапидааст: “Ак­нун ман аз куҷо онро ҷӯшонида, сипас истифода мекунам”.

Хулоса, ба хонаи бародараш расидан замон ба ҳамсари ӯ писанд намеояд, баланд-баланд гап задану аз ҳолу ҳавои деҳа, аз падару модар сухан кардани Василий ба ӯ тамоман намефорад. Худаш ҳам аз деҳа, аммо деҳотиёнро бад мебинад.

Ҳангоми набудани зану шавҳар Василий мехоҳад дили янгаашро ба худ гарм кунад ва бо ҳамин мақсад аробаи кӯдаконаи сап-сафедро аз мағоза ранг харида, гулҳои ҳарранга мекашад.

Баъди бозгашт аз кор янгааш ин ҳолро дида, ба шавҳараш фармон медиҳад, ки ҳар чи зудтар бародарашро гусел кунад.

Ҳамин тавр, Василий, ки мехост рухсатиашро дар хонаи бародараш, дар шаҳр гузаронад, маҷбур мешавад, ки зуд ба хонаи худаш баргардад.

Дар тасвири нависанда Василий Князев дилсофтарин марди як деҳи дурдаст аст: ба ҳама некӣ мехоҳад, бародарашро 12 сол аст надидааст, мехоҳад, ки ӯ низ бо кӯдаконаш ба деҳа биёяд, даврони кӯдакиашро ба ёд биёрад. Дар шаҳр ӯ одамонеро мебинад, ки тамоман дигаранд: ҳар кас бо хаёли худ банд, ҳар кас роҳи зиндагии худро пайдо кардан мехоҳад, ойини эҳтироми ҳамдигар тамоман аз байн рафтааст. Ҳама мехоҳанд “замонавӣ” бошанд.

Чаро банда ин ҳикояро муфассал овардам? Сабаб дорад. Дар озмуни порсолаи “Фурӯғ…” довталабе “ин ҳикояро хондам” гуфт. Суолаш кар­дам, ки ҳамин мард бо лақаби “Содалавҳ” оё ба шумо писанд шуд?

Посух шунидам, на, образи манфист, худро ба ҳар кор омехта мекунад, ба роҳи худаш намеравад, хулоса, ба ҳама одамон халал мерасонад.

Инро на хонандаи мактаб, балки донишҷӯе мегуфт ва басо ғалат мегуфт. Ғалат он нест, ки як донишҷӯ чунин андеша дорад, балки ин андеша дар ҷомеа густариш дорад: ҳоло мардум ончунон “замонавӣ” ва “шаҳрӣ” шудаанд, ки решаҳои қишлоқии худро аз ёд бурдаанд.

Фаромӯш кардаанд, ки замоне дар хоку обу лойи деҳа бозӣ мекарданд, харсавор буданд, пирамардонро дида, ба як тарафи кӯча ё ҳавлӣ мегузаштанд, дар ғаму азои ҳамдигар рост меистоданд, дар тӯю сур рӯзи дароз миён маҳкам баста, хидмат мекарданд. Акнун, ки дар шаҳр бист солу сӣ сол зиндагӣ мекунанд, гумон кардаанд, ки мудерну замонавӣ шудаанд.

Фарзандҳояшонро дар беҳтарин мактабҳо (асосан, русиву англисӣ) мегузоранд, дар беҳтарин мактабҳои варзишӣ обутоби бадан меомӯзонанд ва кӯшиш мекунанд, ки он писарону духтарони “эркатулфор” дар беҳтарин факултаҳои донишгоҳҳо хонанд, ҳатман ба хориҷа раванд ва ғайра.

Чаро он донишҷӯ “Содалавҳ” (Чудик)-ро образи манфӣ гуфт?

Бо додани ду-се суол дақиқ кардам, ки он донишҷӯйи довталаб дар озмуни китобхонии “Фурӯғ…” ин ҳикояти Шукшинро хондааст, ҳама лаҳза ё эпизодҳояшро медонад, аммо он чӣ, ки маро ба ҳайрат овард, ҳамин нафаҳмидан ё дарк накардани моҳияти ин образ ё нақши ҳунарист. Донишҷӯи довталаб яке аз онҳое будааст, ки зери таъсири муҳити имрӯза мондааст, андешаи худашро надорад. Дар тасаввураш ҳамин “содалавҳ”-он ашхоси қафомондаанд, “қишлоқиён”-и бетарбия ҳастанд.

Ҳоло чун ба таҳқиқ нигарем, муносибат ба мардуми деҳа, ки бо коре ба пойтахт меоянд, аз ҷониби шаҳриён айнан ҳамин гуна аст, ки Шукшин дар ҳикояташ овардааст: ин навъ одамонро ҳамонҳое бад мебинанд ё бо тамасхур менигаранд, ки худашон як замоне аз деҳа омадаанд, бо гузашти айём “шаҳрӣ” шудаанд, аммо решаҳои худ­ро фаромӯш кардаанд.

Бо таълифи ин ҳикоя Шукшин гӯиё бонги изтироб мезанад: ҳой мардум, одаму одамгарӣ барои ҳама якест, чи барои деҳотӣ ва чӣ барои шаҳрӣ. Ба дарду ғами ҳамдигар шарик будан ва дар ҳар амале сидқу инсофро ба кор бурдан – ҳамин аст фарҳанги асили инсон.

Мавҷудияти ҳамин “содалавҳ”-они тасвиркардаи Шукшин аст, ки зиндагӣ ба ҷаҳаннам табдил нашудааст.

Суол мешавад, ки чаро дар зиндагии мо Василий барин шахсиятҳое, ки танҳо ба хотири шод кардани дили дигарон ва бидуни ғаразе амалҳои нек мекунанд ва қалби оинавор софу покиза доранд, хеле каманд?

Банда дар зиндагии воқеӣ садҳо намунаи баръаксашро мебинам, чунки пиёда бисёр мегардам ва дар автобусу троллейбусҳо, мағозаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ одамонеро дучор мешавам, ки ба ҷуз андешаву мушкилоти худ парвои дигарон надоранд.

Ба фарзи мисол, чанде пеш дар автобуси рақами 8 духтареро дидам, ки баҳузур нишаставу бо телефон машғул аст ва то се истгоҳ ҳатто намедид, ки болои сараш кампираки нотавоне истодааст… Дар навбати ҳисобӣ кардани мағоза ҷавоне бо як шиша нӯшоба навбатшиканӣ кард, ки “ҳамагӣ як бутилка об мегирам, чаро бояд интизор шавам”. Ин гуна мисолҳоро фаровон мебинам, баръаксашро кам.

Боз озмуни “Фурӯғ…” ба ёдам меояд ва посух додани ҳамон донишҷӯ, ки аз ҳикояи “Содалавҳ”-и Шукшин нақл мекард: мегуфт, ки ҳамон “чудик”, яъне, Василийи киномеханик образи манфист, чунки ба ҳама корҳо худашро аралаш мекунад, ба кори худаш машғул нест, дигаронро дар ҳолати нохуб мегузорад ва ғайра.

Ин бардошти як донишҷӯест, ки беҳтарин ҳикояи Шукшинро хондааст, аммо ҳайфи он хондан, ки мағзи андешаи нависандаро дарк накардааст, чунки хонданаш ба хотири хондан будааст.

Чунки ӯ намояндаи ҷавонони замони мудерн аст, замоне ки ҳар кас бояд аробаи худашро бикашад, агар як тарафи дунёро об барад, парвояш нест, ба кори худаш банд аст.

Аз ӯ ва ӯ баринҳо, гумон намекунам, ки шахсиятҳои иҷтимоӣ ба камол бирасанд, агарчи мутахассисони лаёқатманд шаванд.

Барои ҳамин вақти мутолиаи асари бадеӣ ҳатман ба моҳияти асар, ки дар чӣ гуна офарида шудани образи бадеӣ ва чӣ гуна ҳосил шудани характери одамӣ зоҳир мешавад, бояд таваҷҷуҳ кард. Ҳар нависандае, ки асари бадеӣ меофарад, ҳатман функсия ё вазифаи тарбиятӣ доштани маҳсули зеҳнашро ба эътибор мегирад.

Онҳое, ки ба озмуни китобхонии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омода мешаванд, бояд асарҳои бадеиро тавре хонанд, ки на фақат мундариҷа ва шахсиятҳои асарҳо дар ёдҳо монад, балки чӣ гуна таъсир доштанашон ба инсонҳои дигар, ба равиши зиндагӣ, ба такомули ҷаҳонфаҳмии инсон низ дар мадди назар бошад. Вазифаи каломи ҳунарӣ на исбот кардани неку бади ҳаёт, балки намоиш додани манзараҳои густардаи зиндагии иҷтимоӣ ва ихтилофоти он барои хонанда аст.

Аз хонандаи асар вобаста аст, ки чӣ гуна ҳиссу завқ ва то чӣ андоза заковат дорад, то ки ба ҳадафи эҷодии нависандаи асари бадеӣ расида бошад. Фаҳмад, ки нависанда чӣ мехоҳад ва то чӣ андоза хоҳишу майли нависанда бо талаботи маънавии ӯ мувофиқат мекунад.

Хеле муҳим аст, ки дар тинат ва ниҳоди хонандаи асари бадеӣ андешаи худаш шакл бигирад, фарқе нест, ки мусбат ва ё манфӣ бошад. Дар сурати манфӣ ҳосил шудани бардошт хонанда бояд мавқеи худро собит карда тавонад, мисолҳои зиёде аз воқеияти зиндагӣ биёрад. Барои ин кор мутолиаи ҳар чӣ бештари осори ҳунарӣ зарур аст: кас наметавонад, ки бо хондани китобҳои кам андешаи муҳим бигӯяд. Мардуми мо дар урфият мақоли хубе дорад: “Кори неку кардан аз пур кардан аст”.

Дар сурати мутолиаи бештари ада­биёти бадеӣ инсон қобилияти дар муқоиса баён кардани хубу бади ин ё он асари бадеиро пайдо мекунад, ки беҳтарин фазилат ба шумор меравад. Василий Шукшин барин нависандаи номвари рус тавассути ба намоиш гузоштани хулқу атвор ва характери барҷастаи як марди деҳа ҳадафи воло – қадру қимати инсоният ва ё одамият дар одамро барои зеҳну шуури мардум пешниҳод кардааст.

Ин ки ҳар нависандае мувофиқ ба ҳадафи бадеии худ сабки хоси ифодаи матлабро интихоб мекунад, ҷойи баҳс нест. Хеле муҳим он аст, ки хонандаи асари бадеӣ ҳамон равияи эҷодӣ ва чигунагии тасвир ва ё роҳу равиши баёни воқеиятҳоро дуруст дарк кунад ва барои такомули шахсияташ баҳраҳо бардошта тавонад. Нависанда асари бадеиро ба хотири таъкиди ин ё он ғоя (хоҳ иҷтимоӣ бошад, хоҳ дар чаҳорчӯбаи маҳдуди муомалаи инсонҳо) шахсияти бадеӣ (образ ё нақши парвардаи хаёл) месозад ва умедвор мемонад, ки ҳамон образ ё нақши ҳунарӣ аз ҷониби хонандагони асар дуруст дарк шавад. Ба иборате дигар, дар ҷомеа пазируфта шудан ё нашудани асари бадеӣ ба сатҳи маънавият ва завқу зеҳни хонанда бисёр сахт вобастагӣ дорад.

Ҳафиз РАҲМОН,

устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон