Дар мактаби мо баргузор намудани чорабиниҳои пагоҳирӯзӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, маҳфилҳои фаннию эҷодӣ ва дигар чорабиниҳои беруназсинфӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Омӯзгорон бо истифодаи шароиту имконоти мавҷуда-кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори замонавии маҷлис ва хобгоҳ маҳфилҳои фанниро дар сатҳи баланд баргузор менамоянд. Маҳфилҳои фанниро ҳафтае ду маротиба, баъди дарсҳои иловагӣ гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст.
Чанд сол боз мо дар байни хонандагони синфҳои 5-11 маҳфилҳои фаннии «Ҳуқуқшиноси ҷавон» ва «Бохтар» (маҳфили фанни таърих)-ро мегузаронем. Ташкили маҳфилҳо собит намуд, ки онҳо дар масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба донишандӯзӣ, такомули зеҳн ва дарёфти истеъдодҳо мусоидат менамоянд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки хонандагон барои иштироки фаъолона дар дарсҳо дар раванди маҳфилҳо низ қобилияти хуб нишон медиҳанд.
Мо шогирдонро дар оғози соли таҳсил ба маҳфилҳо ҷалб намуда, аз тариқи гузаронидани пурсишнома ва саволномаҳои тестӣ шавқу рағбат ва майл доштани хонандагонро ба фанҳои таърих ва ҳуқуқ муайян менамоем. Мазмуну мундариҷа ва мавзуъҳои маҳфилҳо ба барномаи таълимӣ мувофиқат менамояд.
Омӯзгор ва роҳбари маҳфил метавонад дар интихоби мавзуъҳо фикру андешаҳои хонандагонро ба эътибор гирифта, қисме аз мавзуъҳоро берун аз барномаи таълимӣ интихоб намояд.
Дар давоми соли таҳсил баъзе аз ҷашнҳои таърихӣ, зодрӯзи олимону мутафаккирон ва дигар шахсиятҳои намоёни таърихӣ таҷлил карда мешаванд. Ин гуна чорабиниҳоро низ ба мавзуъҳои маҳфилҳои фаннӣ дохил намудан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2500-солагии ёдгории таърихии «Тахти Қубод» аз ҷумлаи мавзуъҳои иловагии маҳфили таърихшиносии «Бохтар» шуда метавонанд.
Дар давоми соли таҳсил мо аъзои маҳфилро 2-3 маротиба ба тамошо ва саёҳати мавзеъҳои таърихӣ – Аҷинатеппа, Қалъаи Қуръон, Чилучорчашма, Қалъаи Ҳулбук ва Қалъаи Ҳисор мебарем. Омӯзгор метавонад онро дар шакли дарс-экскурсия гузаронад. Ҳар як хонанда аз таассуроти бардоштаи худ эссе менависад. Аз рӯйи расмҳои гирифта гӯша тартиб медиҳад.
Дар ҷараёни гузаронидани маҳфилҳои таърихшиносӣ ба хоҳиши худи хонандагон пораҳо аз китоби «Тоҷикон» («Аз Ориён то Сомониён»)-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат карда мешавад.
Омӯзгор ва роҳбари маҳфил метавонад дар радифи баргузории маҳфил ба хонандагон супоришҳои гуногуни илмию эҷодӣ – навиштани маърӯза, реферат ва дигар корҳои илмиро супорад.
Албатта, иҷрои чунин супоришҳои илмӣ ва мутолиаи осори пурғановати олимону бузургон ва шиносоӣ бо фарҳанги волои миллати куҳанбунёдамон дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ёрӣ мерасонад.
Табиист, ки дар гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ ва баланд бардоштани дониши хонандагон омӯзгорони фаннӣ нақши муҳим доранд.
Шоназар ЗАБИРОВ,
Чиллахон ШОФАЙЗОВ,
омӯзгорони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён