Нақши мутолиа дар инкишофи нутқи хонандагон

Омӯзгоронро зарур аст, ки дар нақши касбии худ ҳамчун эҷодкор зоҳир шаванд, таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии хонандагонро ба омӯзиши асарҳои бадеӣ бештар намоянд, зеро ҳосили донишу маърифат, ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз роҳи мутолиаи осори бузургони илму адаб имконпазир аст.

Ҳадафи асосии мутолиаи китоб ба даст овардани маълумоти нав, инкишофи нутқи хаттиву шифоҳӣ ва ташаккули шахсияти хонандагон мебошад. Тавсеаву такомули маҳорати китобхонӣ раванди бисёр душвор, тӯлонӣ ва мутадовим аст. Муҳассилин мувофиқи барнома бо намунаҳои барҷастаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ошно гашта, дар таҳлилу тафсири онҳо маҳорат пайдо мекунанд, баёни афкору андешаро меомӯзанд ва дар иҷрои кори мустақилона малака ҳосил менамоянд. Хониши беруназсинфӣ дониши дар ҷараёни тадрис ҳосилнамудаи хонандагон ва шарҳи маъноиву хусусиятҳои бадеии онҳоро амиқтар мегардонад. Муҳим он аст, ки робитаи хониши беруназсинфӣ ва хониши синфӣ ба таври муназзам идома ёбад ва муҳассилин ба китобхонӣ ҳарчи бештар роғиб гарданд. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид.

Баргузории озмуни мазкур аз шоёнтарин иқдомҳои фарҳангии Ҳукумати кишвар буда, он лаёқату маҳорати эҷодкорию маърифатпарварии қишрҳои гуногуни ҷомеа, хосса, насли наврас ва ҷавононро тақвият бахшида, барои дарёфти дӯстдорони каломи бадеъ, истеъдодҳои нодир аз байни наврасону ҷавонон ва ба ин васила арҷгузорӣ ба фарҳангу маънавият, ҳувияту худшиносии миллӣ мусоидат мекунад. Аз ин ҷост, ки омӯзгор дар ҷараёни дарс ҳангоми пешниҳод кардани маводи барнома бояд ба ҷанбаи муассири тарбиявию ахлоқии ин ганҷинаи хирад диққат дода, ба таври умумӣ он асарҳоеро, ки барои хониши беруназсинфӣ тавсия шудаанд, ҳанӯз аз оғози соли таҳсил тартиб бидиҳад. Хониши беруназсинфиро бо се роҳ амалӣ кардан мумкин аст:

  1. Мутолиаи мустақилонаи адабиёти ҳатмии вобаста ба маводи дар синф омӯхташуда, ки равишшиносон чунин усулҳои ба роҳ мондани онро бозгӯ кардаанд; дарёфти порчаҳои таъйинкардаи омӯзгор аз асари бадеӣ, нақли мазмуни қисмати алоҳидаи матн, ки омӯзгор талаб кардааст, баҳо додан ба қаҳрамони асари бадеӣ дар радифи корҳои мустақилонаи хонандагон арзиши бештареро соҳиб ҳастанд. 2. Мутолиа ва таҳлили адабиёти аҳаммияти тарбиявидошта («Асарҳо барои хониши беруназсинфӣ»), ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар синф муқаррар шудааст. 3. Мутолиаи китобҳое, ки хонандагон бо салоҳдиди худ ё бо тавсияи бузургсолон интихоб кардаанд. Омӯзиши осори адабӣ ғайр аз мустаҳкам гардонидани дониш, инчунин, фаъолнокии хонандагонро меафзояд, зеро онҳо имкон меёбанд, ки андешаҳои хешро дар таҳлили озоду мустақил баён созанд ва ба ин васила, салоҳияти фарҳанги муоширати муҳассилин таъмин мегардад. Таҳлили асарҳои мустақилона мутолиашуда малакаҳои хонишро дар дои­раи машғулиятҳои беруназсинфӣ ва робитаи хонандагонро бо китоб тақвият бахшида, шавқу ҳаваси мутолиаи онҳоро зиёд мекунад. Новобаста аз он ки ин фаъолиятҳо ёрирасонанд, шомили салоҳиятҳои касбии муаллими замони муосир ҳастанд. Бо роҳандозии ин навъ машғулиятҳо дар фароянди таҳсил тағйироти матлубе дар фарҳанги гуфтори толибилмон эҳсос мегардад. Мутолиаи асарҳои адабӣ барои камолоти маънавӣ ва ҷусторҳои илмии хонандагон мусоидат менамояд. Вазифаҳои омӯзгорро дар ин раванд бо чунин нишондодҳо метавон муайян намуд:

— омӯзиш, дарк ва ташаккули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, зебоишиносӣ ва ҷомеашиносӣ тавассути чорабиниҳои гуногуни беруназсинфӣ дар алоқамандӣ бо маводи осори адабӣ;

— тарбияи асосҳои фарҳанги суханварӣ, рафтори неку шоиста ва фасоҳати баён;

— азхудкунӣ ва фаҳмиши асосҳои дониш, салоҳият ва инкишофи фарҳанги нутқ ва маърифатнокӣ;

— ташаккул ва рушди сифатҳои равоншиносӣ ва ботинии наврасону ҷавонон, шахсият ва нерумандии онҳо;

— бунёд ва устуворсозии фаъолияти илмӣ ва амалии хонандагон, мутобиқсозии он ба навгониҳои илму технологияи муосир ва раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо;

— парвариши муносибатҳои шоиста ва ибратомӯзи ҷомеа, ҷаҳоншиносӣ, эҳ­тироми ҳамдигар ва ташаббускориву масъулиятшиносӣ.

Роҳатҷон АЛИБОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд