Дар таълими фанни математика усулҳои гуногуни баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мавҷуд аст. Пайдо кардани дониши ибтидоии математикӣ бо ду самти асосӣ — амалӣ ва маънавию маърифатӣ такя мекунад. Аҳаммияти амалии таълими математика дар фаҳмиши воқеӣ, истифода аз муносибатҳои фазоӣ ва миқдорӣ буда, он имконият фароҳам меорад, ки дар хонанда қобилияти зеҳни мантиқӣ ташаккул ёбад. Барои ноил гаштан ба ин дастовардҳо омӯзгоронро лозим меояд, ки дарсҳо ва машғулиятҳоро шавқовару пурмазмун ва диққатҷалбкунанда доир намоянд, аз воситаҳои аёнӣ, дастурҳои методӣ ба таври васеъ истифода баранд.
Истифодаи воситаҳои аёнӣ завқи хонандагонро ба таълим бештар намуда, имкон медиҳад, ки хонандагон мазмун ва муҳтавои маводи таълимиро бидуни мушкилӣ дарк ва ҳифз намоянд. Масалан, тавассути нишон додани расм омӯзгор пеши назари хонандагон дунёи донишро ба ҷилва меорад ва қобилияти эҷодиву зеҳнии хонандагонро инкишоф медиҳад.
Маълум аст, ки истифодаи воситаҳои аёнӣ, махсусан, дар таълими фанни математика баҳри дарки нисбатан амиқтари мафҳумҳои абстрактии он кумак мерасонад. Воситаҳои аёнӣ, ки худи омӯзгорон ё зери роҳбарии онҳо шогирдон омода месозанд, барои ба дараҷаи баланд гузаронидани дарс мусоидат менамояд. Аёниятҳо мумкин аст боиси амалиёти мустақилона ва бедоршавии шавқу рағбати хонандагон ва толибилмон нисбат ба фанни математика ва соҳаи риёзӣ ва равнақёбии фаъолияти эҷодии онҳо гардад.
Ривоҷ додани фаъолияти эҷодии мустақилонаи хонандагон яке аз омилҳои асосии ташаккули қобилияти зеҳнии математикии онҳо мебошад. Васеъ намудани мундариҷа ва шаклҳои чорабиниҳои таълимӣ аз фанни математика дар фаъолияти эҷодии хонандагон махсусияти корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ мебошад.
Дар ин гуна машғулиятҳо хонандагон ҳам мавзуъҳои барномаи таълим ва ҳам берун аз онро меомӯзанд. Пас кори беруназсинфии математикӣ гуфта, машғулиятҳоеро мадди назар бояд дошт, ки онҳо берун аз дарс бо мақсади амиқтар гардидани донишҳои математикии толибилмон ташкил карда мешаванд. Озмоишҳои таълимӣ ва натиҷаҳои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ собит менамоянд, ки гузаронидани пурсамари чорабиниҳои математикии беруназсинфӣ ангезиши маърифатии хонандагонро ривоҷ медиҳад. Зеро барои хонандагони муштоқи омӯзиши математика донишҳои аз дарси математика бадастоварда кофӣ нест. Онҳо барои донишҳои математикии мукаммалтарро соҳиб гаштан, татбиқи ҳаёти математикиро бештар сарфаҳм рафтан, зиёдтар ҳал намудани масъалаҳои шавқовар ва мураккаб бо маводи таърихӣ оид ба математика шиносоӣ пайдо намудан ва аз муваффақиятҳои илмии нав доир ба математика бохабар шудан доимо талош мекунанд.
Омили дигаре, ки метавонад барои баланд бардоштани савияи дониши математикии хонандагон саҳми босазо гузорад, сохтани фигураҳои геометрӣ аз коғазу сим ва чӯб мебошад. Масалан, секунҷаеро созед, ки дарозии тарафҳои он 5 см, 4 см ва 3 см бошад. Периметр ва масоҳати ин секунҷаро ёбед. Хонандагон ҳангоми ҳалли ин масъала аввал ин секунҷаро тасвир мекунанд, сипас аз сим ё коғаз месозанд ва аз рӯйи ченакҳои додашуда периметр ва масоҳати онро ҳисоб мекунанд. Ба ин васила, тарзи ҳисоб дар хотирашон нақш мебандад. Ин амали хонандагон дониши математикии онҳоро баланд бардошта, қобилияти эҷодкорияшонро вусъат мебахшад.
Экскурсияи математикӣ низ яке аз роҳҳои баланд бардоштани дониши математикии хонандагон ба шумор меравад. Он шавқовар буда, хеле кам истифода мешавад. Хонандагон дар муассиса ба хусусиятҳои фигураҳои геометрӣ ва мафҳумҳои математикӣ ошноянд, вале амалан онҳоро надидаанд. Агар хонандагон татбиқи математикаро барои ҳисоб кардани ин ё он соҳаи техника, чен кардани бузургиҳои математикӣ ва геометрӣ (дарозӣ, масоҳат, ҳаҷм) амалан бинанд, омӯзиш дар хотираи онҳо нақш мебандад. Масалан, экскурсия ба завод ё фабрика бо хонандагони синфҳои 6-7 мутобиқ мебошад, чунки дар он масъалаҳое вомехӯранд, ки ёфтани ҳисоби миёнаи маҳсулот, фоизнокӣ, ҳиссаи додашудаи ягон намуди маҳсулот аз рӯйи фоизи онро талаб мекунад.
Дар экскурсияи математикӣ дар боғ бошад, хонандагон фигураҳои геометрии гуногунро меомӯзанд: шаклҳои давра, доира дар сохтори нақшаи боғ ва қисмҳои тақсимоти замини боғ, гузаронидани хатти рости АВ, агар байни нуқтаҳои А ва В ҳамворӣ набошад, ҳисоб кардани масоҳати боғ ва бо тарзи параллелӣ ҷойгир намудани ниҳолони боғ ва ғайра.
Хулоса, ҳамаи омилҳое, ки дар боло зикр карда шуда, барои мустаҳкам кардани дониши хонандагон аз фанни математика хизмат мекунанд, хонандагонро водор месозанд, ки худомӯзӣ намоянд, дониш ва қобилияти эҷодкории худро инкишоф диҳанд.
Ҷамшед БОЙМУРОДОВ,
муовини директор оид ба таълими МТМУ №6-и ноҳияи Зафаробод