Нақши ҷомеа дар мубориза бо коррупсия

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷомеаи муосир буда, на танҳо ба равандҳои иқтисодию сиёсӣ, балки ба низоми иҷтимоии кишварҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Он боиси коҳиши шаффофият, густариши беадолатӣ ва заиф гардидани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди оқибатҳои коррупсия борҳо таъкид намуда, онро яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои рушди устувори кишвар арзёбӣ кардаанд: «Коррупсия на танҳо ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар монеа эҷод мекунад, балки боиси коста гардидани эътимоди мардум ба ҳокимият ва коҳиши суботи ҷомеа мегардад.»

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба он ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони иҷтимоӣ шомиланд, метавонад нақши калидӣ дар мубориза бар зидди коррупсия дошта бошад. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ин зуҳуроти номатлуб ба коҳиши сатҳи фасод дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Коррупсия амале мебошад, ки иддае мансабдорон бо сӯйистифода аз ваколатҳои хизматии худ барои манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ даст ба он мезананд. Ин зуҳурот метавонад дар шаклҳои гуногун ба амал ояд, аз ҷумла, порагирӣ, ришвадиҳӣ, сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тамаркузи манфиатҳои шахсӣ дар қабули қарорҳо ва тасарруф намудани маблағҳои буҷети давлатӣ.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо роҳҳои гуногун барои коҳиши сатҳи омилҳои коррупсионӣ саҳми худро гузорад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди омил­ҳои коррупсионӣ баланд бар­доштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Сохторҳои ҳукуматӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ метавонанд ҷамъомадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ ташкил намуда, ҷомеаро дар бораи оқибатҳои манфии коррупсия ва роҳҳои пешгирии он хабардор намоянд. Воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо риояи меъёрҳои муайянкардаи қонунҳои амалкунанда метавонанд бо ошкорсозии ҳолатҳои коррупсионӣ ва таҳлили раванди иҷрои қонунгузории зиддикоррупсионӣ нақши муҳим бозанд. Ҳамчунин, расонаҳо метавонанд хизматчиёни давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматиро барои риояи принсипҳои шаффофият ва адолат ҳушдор намоянд намоянд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ

ва байналмилалӣ метавонанд мониторинги доимии риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ гузаронанд ва бо пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти давлатӣ дар беҳтарсозии сиёсати зиддикоррупсионӣ мусоидат намоянд. Иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди қабули қарорҳои давлатӣ метавонад шаффофият ва ҷавобгариро дар низоми ҳокимият тақвият бахшад.

Барои дарки хубтари нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия метавон таҷрибаи кишварҳоеро, ки дар ин самт муваффақ шудаанд, мавриди омӯзиш ва корбаст қарор дод.

Барои самараноктар гардидани мубориза бар зидди коррупсия ба назар гирифтани чунин тавсияҳо манфиатбор аст: таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва қабули қонунҳои қатъӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути чорабиниҳои иттилоотӣ ва таълимӣ, ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат, инчунин, ҷорӣ намудани платформаҳои рақамӣ барои афзоиши шаффофият. Танҳо дар ҳамкории фаъол миёни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, метавон дар мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Умедҷони ФАЙЗАЛӢ,

муовини директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе