Ё ХУД ЗАРАРИ БОТОКС БА САЛОМАТИИ БОНУВОН
Зан олиҳаи ҳусну зебоист. Дар бораи ҳусну ҷамоли занону бонувон адибони классику муосири тоҷик ашъори зиёд таълиф намуда, рӯйи чу моҳу ғунчаи лаб, абрувони каманд, чашмони шаҳлову гесувони печони онҳоро васф намудаанд. Ҳофизи бузург фармуда:
Ҷамолат офтоби ҳар назар бод!
Зи хубӣ рӯйи хубат хубтар бод!
Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро,
Дили шоҳони олам зери пар бод!
Чунин мисолҳоро аз ашъори бузургони назми дарӣ зиёд овардан мумкин аст. Роҷеъ ба ин мавзуъ шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ гуфтааст:
Васфи рӯйи ту Камол ар накунад, нуқсон нест,
Набувад ҳоҷати машшота рухи зеборо.
Яъне, «рухи зебо» – зебоии асил ҳоҷат ба таърифу тавсиф ва обу рангро надорад. Ҳарчанд он замон занон барои ороиши орази худ бештар аз маҳсулоти табиӣ, амсоли ӯсмаву сурма истифода менамуданд, аммо ба андешаи шоир, одам бе кумаки машшотаву ороишот низ зебост. Бо гузашти солҳо меъёру талаботи зебоӣ дигар шуд. Ҷойи назокату латофати табииро акнун чеҳраҳои «сунъӣ»-и ба ҳам монанд, бо рухсораҳои барҷастаи варамшуда, лабҳои ғафс ва чашмони аз хами мижгонҳои дарози сохтаи базӯр бозшаванда гирифтанд. Мутаассифона, сол то сол сафи чунин занону духтарони «ороишёфта» дар ҷомеа меафзояд. Косметолог Зулфия Абдуҳамидова, ки дар ин соҳа таҷрибаи 25-сола дораду айни замон дар табобатгоҳи тиббии косметологии шаҳри Душанбе ба ҳайси сардухтур фаъолият менамояд, ин мавзуъро чунин шарҳ дод:
– Солҳои охир талабот ба ин намуди хидматрасонӣ зиёд гардидааст ва вобаста ба он сафи кошонаҳои ҳусни косметологию косметологон бештар шудааст. Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 5-6 нафар мизоҷ барои тағйир додани шакли лабу рӯй ба мутахассисони косметологияи мо муроҷиат мекунанд. Синну соли муроҷиаткунандагон гуногун буда, аз 18 то 60-соларо дар бар мегирад. Духтаракони ҷавон бештар мехоҳанд лабонашонро калонтар ва бонувон бошанд, ожангҳои рӯяшонро нест кунанд.
Ҷомеашинос Беҳрӯ Мансурова бар он ақида аст, ки синну соли физиологиро бо истифода аз ҳар гуна сӯзандоруву ҳабҳо пӯшонидан ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, пеш аз оне, ки занону бонувон ба ҳар гуна ороишоти ноҷову берабт ва тағйири қиёфаву сурати худ рӯй оранд, аввал бояд дар тарозуи ақл амалашонро баркашанд, ки оё чунин кор заруру муҳим аст.
Дар байни занону бонувони маърифатманд чунин падида кам ба назар мерасад. Дар нақлиёт, шабакаҳои телевизиону интернет мушоҳида менамоем, ки сафи бонувони ботоксшуда зиёданд. Чизи табиӣ ҳамеша арзиши баланд дорад. Бубинед, нархи маҳсули ҳунари дастӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбат ба оне, ки бо техника иҷро шудааст, баланд аст. Ҳамин гуна зебоии табиии инсон аз зебоии сунъӣ дида волотар аст. Мутаассифона, баъзе бонувон тақлид мекунанд ва шояд бо мурури вақт нолозиму нозебанда будани ботоксро низ дарк кунанду аз истифодааш даст кашанд.
Бояд қайд кард, тазриқҳои «зебоиофар», ки маъмултаринашон ботулотоксин маҳсуб мешавад, дар баробари дигар кардани шакли рӯю лабон, ҳамчунин, ба бунияи одам таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Аввалин бор ботулотоксин дар асри 17 дар Вюртенберги Олмон дар таркиби ҳасибҳои вайроншуда, ки дар натиҷаи истеъмоли он одамон ба бемории шадиди «ботулизм» («botulus»-ҳасиб) гирифтор шудаанд, падидор гаштааст. Дар натиҷаи гирифторшавӣ ба ин беморӣ бунияи одамон заҳролуд шуда, кашиши мушакҳову фалаҷшавии роҳи нафас тазъиқашон медод, ки оқибати марговар дошт. Танҳо оғоз аз солҳои 1960-1980 ботулотоксин дар тиб ба хотири фалаҷ кардани мушакҳои гирди чашм барои табобати олусӣ ва як қатор аз ин қабил бемориҳо истифода мешуд. Аз соли 1993 то ба имрӯз бошад, токсин дар соҳаи косметология низ ба таври васеъ барои дигар кардани шакли лаб ва қиёфаи рӯй истифода мегардад. Олимон муайян намудаанд, ки истифодаи ботулотоксин хеле хавфнок буда, танҳо 4 килограмми он қодир аст, одамони тамоми сайёраи Заминро ба нестӣ расонад. Аз ин хотир, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар истифодаи токсин набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод.
– Ботулотоксин на ба организми ҳама мувофиқ меояд. Одамоне ҳастанд, ки ҳассоснокии организмашон нисбат ба маводи косметологӣ бениҳоят баланд аст. Ба қарибӣ як нафар зан ба муассисаи мо муроҷиат кард, ки баъди гузаронидани ботулотоксин дар лабу рӯяш варами Квинке ба вуҷуд омада, пӯсташ кабуд гардида, дар он доначаҳои сурх ба назар мерасид. Занро муоинаву муолиҷа кардем ва пас аз он бо ӯ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем, то дигар ин амалро такрор нанамояд. Пеш агар соле 5-10 нафар бо ин гуна оризаҳо муроҷиат мекарданд, солҳои охир ин шумора ба маротиб зиёд гардидааст. Мо дар навбати худ кӯшиш мекунем, онҳоро саривақт табобат кунем, то ба оқибатҳои нохуш гирифтор нашаванд, – иброз дошт зимни суҳбат мудири шуъбаи аллергологияи Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов Хайриддин Қаюмов.
З. Абдуҳамидова сабаби асосии ба чунин мушкилот дучор омадани занонро дар баробари мутахассисони касбӣ ба ин соҳа роҳ ёфтани ҳар гуна «косметолог»-и тасодуфӣ, ки маълумоту дониши қазоӣ надоранд, медонад.
Дар баробари аз даст додани саломативу зебоии табиӣ омили дигаре, ки месазад, занону бонувон бояд пеш аз истифодаи ботокс оид ба он андеша кунанд, тарбияи ахлоқист. Зан-модар тарбиятгари бани башар аст. Вақте ки мо имрӯз дар тақлид ба дигар халқиятҳо симои табииву аслии худро тағйир медиҳем, фарзандонамон аз ин амал чӣ ибрате мегиранд? Мо таъриху фарҳанги ғанӣ дорем, ки ҷаҳониён аз он меомӯзанд. Пас, бояд фарзандонамонро дар руҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия созем ва аз ҳар гуна тақлидҳои нолозим даст кашида, таърих, асолат, фарҳанги миллӣ ва чеҳраи асливу табиии худро нигоҳ дорем.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
«Омӯзгор»