Ифтитоҳи ду кӯдакистон дар Душанбе

08.06.2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори кӯдакистон оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар кӯдакистони мазкур шинос гардиданд.

Муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кӯдак дар 9 гурӯҳи синну соли гуногун пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон дар масоҳати 0,24 га бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст ва ҳар як гурӯҳи таълимӣ бо ҷойи хоб, се ҷойи дастурӯйшӯӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин, утоқҳои кории ёрирасон, аз қабили логопед, методӣ, тиббӣ, муҳосибот, ҳуҷраи либосшӯӣ, утоқи мудир, толори варзишӣ, толори мусиқӣ ва ошхона бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошанд. Дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи оббозӣ ва нуҳ майдонча барои бозии кӯдакон омода карда шудааст. Дар муассиса 35 нафар корманди таълимӣ ва техникӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Таълиму тарбия дар кӯдакистон пурра ба забони англисӣ аз руйи барномаҳои таълимии ҷаҳонӣ STEAM (Science, Technology, Engineering, Art and Math), IYCS (International yearly curriculum) ва CAMBRIDGE ба роҳ монда шуда, мутахассисони он дорои маълумоти олии касбӣ ва сертификати байналмиллиалии «Cambridge» мебошанд.

Ҳамчунин, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино Муассисаи томактабии хусусии «Душанбе Монтессори»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Масоҳати умумии иншоот 1632 метри мураббаъро ташкил дода, аз се ошёна иборат аст ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳамчунин, тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи барномаи Мария Монтессорӣ ба кӯдакон таълим дода мешавад.

Иншоот дорои ошхона бо 120 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзишӣ, толори фарҳангӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, толори машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ, 4 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурӯҳҳо — логопед, мусаввирӣ, мусиқӣ, равоншинос мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.