Андешаҳои психологии бузургон

Афкори психологии мутафаккирони тоҷику форс таърихи қадима дошта, дар баробари ташаккулу инкишофи донишҳои психологию фалсафӣ рушду нумуъ ёфтааст. Як зумра адибон, олимону файласуфон, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Муҳаммад Ғазолӣ ва дигарон дар майдони илм ба омӯзиши масъалаҳои фалсафию психологӣ машғул шуданд.

Афкори психологии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар осори гаронбаҳояш инъикоси худро ёфтааст. Андешаҳои психологии шоирро, пеш аз ҳама, дар дос­тони «Калила ва Димна» мушоҳида кардан мумкин аст. Бояд қайд намуд, ки дар ин асар ҳиссиёт, ақлу хиради инсон, таҷриба, дониш ва илм дар мадди аввал меистад. Шоир чунин ҳолатҳои руҳӣ ва ҳиссиётеро фарқ мекунад, ки онҳо тавассути фаъолияти узвҳои бадан (дил ва асаб), на туфайли қувваҳои фавқуттабиӣ, зоҳир мешаванд. Ба қавли устод Рӯдакӣ, одам туфайли ақлу хирад ба моҳияти ҳодисаву ашё сарфаҳм меравад ва ҷиҳатҳоеро ошкор менамояд, ки ба ҷараёни эҳсос дастрас нестанд. Ақл имконияти тасаввур намудани он чизеро медиҳад, ки дар ҳодисаҳо ниҳон аст. Барои маърифат намудани моҳияти ҳодисаҳо мегӯяд:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Андешаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар масъалаҳои донистагирии олам ва татбиқ намудани донишҳо дар амалия ниҳоят арзишманданд:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доир ба масъалаҳои ҳиссиёти инсон андешаҳои ҷолиб дорад. Ба қавли шоир, ҳиссиёт ҳамчун ҳолати руҳӣ ба фаъолияти ҳаётии организми одам таъсири амиқ бахшида, дар ҷисми ӯ тағйироти дохилӣ ва беруниро ба вуҷуд меорад. Рӯдакӣ ба шахсияти инсонҳо, ба хусусиятҳои психикӣ ва тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Шароити ҳаёти одамон ва тарбия омилҳои асосии ташаккули шахсияти инсонанд.

Устод Рӯдакӣ таъкид мекунад, ки инсон ҳамеша бояд ба камбудиҳо муносибати интиқодӣ дошта бошад, одам бояд табиати покиза ва беолоишии ибтидоии худро нигоҳ дорад ва бо худтарбияткунӣ мунтазам машғул шавад.

Андешаҳои Абуалӣ ибни Сино доир ба психика табиати материалистӣ дошта, мутафаккир қайд мекунад, ки фаъолияти психикӣ бо фаъолияти системаи асаб алоқамандии зич дорад. Ӯ хуб дарк менамояд, ки функсияҳои асосии асаб таъмин намудани алоқаи организм бо олами беруна мебошад. Ибни Сино яке аз асосгузорони психофизиологияи эҳсос дар асоси таҷ­рибаҳои табиию илмӣ мебошанд. Хидмати Ибни Сино дар он аст, ки муносибати фардӣ намуданро бо мизоҷи ҳар шахс пешниҳод намуд. Ба қавли мутафаккирон, ҳар як фарди алоҳида дорои табиатест, ки шахсан ба ӯ хос аст. Бисёр кам мешавад, ки касе бо касе табиати якхела дошта бошад.

Андешаҳои Носири Хусрав хеле саҳеҳ ва суфта аст. Ӯ психикаи шахс­ро як навъи руҳи ҳайвон медонист. Он чизе, ки дар ҳайвон нест, нутқу ақл аст.

Ғайр аз ин, назарияи маърифат дар осори Носири Хусрав қисми муҳимми андешаҳои психологии ӯ аст. Шоир ҳамчун пайрави Ибни Сино масъалаи ҷараёни маърифатиро ба таври материалистӣ ҳал намудааст. Носири Хусрав қайд мекунад, ки сарчашмаи дониш на ақлу хирад, балки эҳсос аст, ки он туфайли узвҳои ҳиссӣ ба амал меояд. Мутафаккир дар чунин ақида аст, ки донишҳои модарзодӣ вуҷуд надоранд, онҳо дар асоси таҷрибаи ҳаётӣ ба даст оварда мешаванд. Шахсе, ки хоҳиши азхуд кардани илмро дорад, бояд дар ин пайроҳа устувору боирода қадам ниҳад. Илму дониш, ба қавли шоир, бартарафкунандаи ҳар гуна мушкилоту муаммо аст:

Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.

Асарҳои ахлоқии «Рӯшноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хусрав дар ташаккули психологии инсон саҳмгир шуда метавонанд.

Носири Хусрав ҳамчун олими равшанфикр ва мутафаккири ҳақиқатнигор хонандаро ба худогоҳӣ ташвиқ мекунад.

Хулоса, андешаҳои психологии бузургон дар ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти инсон, умуман, инкишофи психикаи насли наврас аҳаммияти калон дорад.

Сорбон МАҲМУДОВ,

равоншиноси МТМУ №38-и ноҳияи Айнӣ