Ҳувияти фардӣ — тақвиятбахши пайкараи иҷтимоӣ

Ҳувияти фардӣ раванди иҷти­моиест, ки фард бо фарогирии донишҳо, арзишҳо ва маънавиёти ҷомеаи муайян аз кистиву чистии худ огоҳ мешавад. Худро мешиносад ва аз неруҳои инсониаш огоҳ гардида, ононро дар ташаккул додани шахсияти худ истифода менамояд. Тафаккури таҳлиливу интиқодӣ дар он ташаккул меёбад. Ҷаҳонро дарк менамояд ва дар ӯ тасаввуроти илмии ҷаҳон ба вуҷуд омада, равандҳо ва рухдодҳоро аз лиҳози сабабият ва қонунмандӣ дарк намуда, бо онҳо баҳогузорӣ мекунад. Инсон то ба ҳувияти фардӣ нарасад, ба ҳайси шахсияти комили таъсиргузори иҷтимоӣ баромад карда наметавонад. Зеро яке аз вижагиҳои шахсият соҳибназарӣ ва озодии фард аст, ки вазъиятҳо ва воқеаҳоро озодона таҳлил мекунад ва нисбат ба онҳо назару хулоси фардии хешро иброз медорад. Ҳувияти фардӣ бо ҳувияти милливу иҷтимоӣ дар робитаи мутақобила қарор дошта, ҳар қадар дар ҷомеа сафи инсонҳои огоҳи дорои ҳувияти фардӣ зиёд шаванд, ҳамон қадар пайкараи иҷтимоӣ қавӣ гардида, миллат ва ҷомеа пешрафт мекунад. Ҳувияти фардӣ таъминкунандаи озодиву истиқлоли фард ва дарки миллияту давлатмеҳварӣ аст. Ба ибораи дигар, танҳо инсонҳои дорои ҳувияти фардӣ эҳсос мекунанд, озодӣ чист ва ба он арзиш қоил мешаванд.

Яке аз масъалаҳое, ки боиси гаравидан ба тафсири хурофот мешавад, набуди ҳувияти фардӣ ва тафаккури таҳлилӣ аст. Одатан боварҳо ва ҳақиқатҳои боваргуна, ки ба тарзи дастаҷамъона аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатбардор таблиғ мешаванд, боиси он мегардад, ки афрод андешаи худиро аз даст дода, он чи ба тарзи дастаҷамъона ҳамчун ҳақиқат нишон дода шудааст, қабул мегардад. Яъне, дар тӯли таърих идеологияҳои динию мазҳабӣ сайъ намудаанд, то афродро аз ҳувият ва муҳтавои «ман»-и фардӣ холӣ намоянд. Онҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, то «мо»-и мазҳабӣ (яъне, ҳувияти динӣ)-ро бар ҳувияти фардӣ тарҷеҳ диҳанд. Вақте як фард аз ҳувияти фардии худ берун меравад, он дигар озодӣ ва андешаву таҳлили худиро аз даст медиҳад. Фарде аз ҳувият ва озодии фард холӣ шуд, ӯ бардавор мунтазири дастури дигарон қарор мегирад. Агар дастур аз арбоб содир шуд, фард худро масъули иҷрои он медонад. Фарди вобастаро арбоб аз ҳувияти фардӣ ё худии «ман» буданаш холӣ мекунад ва ба он андешаву боварҳо ва шинохтро таҳмил менамояд. Арбоб он даста инсонҳое, ки «мо будан»-ро қабул ва бовар намекунанд, чунин меҳисобанд, ки аз мо нестанд ва идеологияи мазҳабии худро чунон таблиғ мекунанд, ки дигарҳо бипазиранд, ки ин «мо» ҳувиятӣ аст ва шакли муттаҳид дошта, ҳузури ҳақиқии илоҳӣ дорад. Гурӯҳи иҷтимоие, ки андешаи фардӣ дорад ва назару таҳлили худро дар бораи падидаҳову ашё ба миён мегузорад ё ба таври дигар мехоҳад ҳувияти (мани фардӣ)-ро ҳифз намояд, мавриди бархурд қарор мегирад. Ӯ дар ин ҳолат маҷбур мешавад, дар баробари ҷомеаи суннатӣ боварҳои онҳоро қабул намояд ва андешаю таҳлили худро саркӯб кунад. Гурӯҳҳои таблиғгари ин гуна ҳувияти бовармандиву дастаҷамъона аз ба вуҷуд овардани ҳувияти умумӣ лаззат мебаранду аз ҷониби дигар, метавонанд аз чунин ҷомеаи дур аз андешаи пур аз балоҳат суд ва сармояҳои калоне ба даст оваранд.

Қобили зикр аст, ки дар чунин ҷомеаҳо ҳам ҳувияти мардии мардон ва ҳам ҳувияти фардии занон саркӯб карда мешавад. Мутаваллиёну дукондорони идеологияи бовармандӣ вобас­та аз манофеашон ончунон аҳкомеро мавриди таблиғ қарор медиҳанд, ки зердастон таҳти таъсир қарор мегиранд, дарки худӣ ё ба тарзи худ андешидан ва баррасӣ кардани масоилро аз даст медиҳанд. Ҳатто занон бо ин ки дар чунин навъи идеология баробар ба мардон дониста намешаванд ва онон ҳамчун инсони дараҷаи ду ва гоҳо ҳатто пасттар аз сатҳи инсонӣ арзёбӣ гардида, чун молу коло пазируфта мешаванд. Ҳуқуқи онон ниҳоятан маҳдуд буда, ба ҳайси бардаю вобастаи мард таллақӣ мешаванд, аммо чунин манзалати пасти инсонии хешро ба ҳайси бовару арзишу имонӣ қабул менамоянд ва ҳеҷ гуна вокунише дар баробари чунин вазъ надоранд. Ин ба он маънист, ки вақте фард ҳувияти фардии худро аз даст медиҳад, дигар барои ӯ ҳама чиз, ки аз ҷониби дигарон таҳмил карда мешавад, бечунучаро қабул мегардад.

Гурӯҳҳои манфиатдор ҳамеша ва дар ҳар вазъ посухҳои омодаеро барои ҳар гуна пурсиш бо дарназардошти қудсигардонии ин гуна посух ба мардум ироа мекунанд. Онҳо дар муқобил ҳар гуна андешаеро, ки дар баробари тааҳҳудоту боварҳои онон мухолифат мекунад, хушунати вайронгар нишон медиҳанд. Мутаваллиёни динӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳар гуна аҳком ақида ва ё андеша, ки ифодагари манофеашон набошад, мардум онро қабул нанамояд, рад кунанд ва ё вокуниш нишон диҳанд. Аз ин хотир, онҳо ҳамеша назарҳои шиоргунаи пурзарқубарқи бемуҳтавои мазҳабиро ба такрор ба афроди ҷомеа таблиғ мекунанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки авом қодир набошад, пурсишҳои мантиқӣ ва ба вазъи дун­ёи мутамаддин баробарро ба онҳо пешкаш кунад ва ё интизори ҷавоби мувофиқ, ки бо дарназардошти асри равон аст, ироа шавад. Чунин навъи муносибат боиси он мегардад, ки инсонҳо неруи моҳиятии шуур, андеша ва ҳушро аз даст диҳанд. Қишре, ки аз чунин вазъ манфиат мегирад, ҳамеша нодонию ҷаҳолатро ба бовари кӯркӯрона ҳамчун воқеияти ҷаҳон бар сари тӯдаҳо бор мекунанд. Онҳо авомфиребона, ба ҳеҷ ваҷҳ қодир нестанд, ба аҳли хирад посухи дархӯреро иброз кунанд. Вақте посух додани онҳо мушкилӣ пеш ояд, аз зургӯиву даъво ва зулм кор мегиранд, ки ин бархоста аз ҳамоқати бунёдии мактабашон аст.

Яке аз омилҳои асосие, ки мардуми авомро муфт мавриди сӯиистифодаи гурӯҳҳои манфиатбардори бовармандӣ месозад, ҳазфи андеша ва ҷаҳонбинии илмию таҳқиқӣ аст. Ин ҳоли табоҳии шуури ҷамъиятиест, ки дар он яксунигарӣ ва танҳо такя кардан ба боварҳои ғалати суннатӣ мебошад. Чунин ҷомеа, ки андеша, муносибат ва дарку фаҳми мардумонаш дар ҳоли таҳаввулу пуёӣ нест ва ҳама танҳо аз як дидгоҳ ба масъала назар меафкананд, пешрафта шуда наметавонанд. Он ҳамеша дар ҳоли парокандагӣ, азҳампошидагӣ, ҳараҷу мараҷ қарор гирифта, касодии иқтисодӣ ҳам яке аз далелҳои парешонии иҷтимоъ аст, ки он ҳам берун омада, аз дидгоҳҳои бовармандию мазҳабмеҳварӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар қадар фард саркӯбу беҳувият мешавад, ба ҳамон андоза муртакиб ба ҷурм гардиданаш дар он ҷомеа бештар мешавад. Судбардории ин бесарусомонии фарҳангию ахлоқӣ дар ҷомеа ҷуз ба ҷайби ҷамоати динмадор ва мубаллиғонаш ба ҷойи дигаре нахоҳад буд.

Мутақоид кардани тӯдаҳои нодон барои қабули як идея ё равиши хосе аз андешаи худ яке аз дардҳои дармоннопазири ҷомеаи хурофотзада ба ҳисоб меравад. Хеле душвор аст, ба мардуми фаҳмонд, ки доштани як хиради солим ва фаҳму рад кардани хурофот ниҳоят муҳим аст. Махсусан, навъи хурофоте, ки реша дар боварҳои мо дорад. Дар ин ҷомеа хеле душвор аст, ки аз илм дониш ва андеша ва аз воқеияти замону макон мардумашро таълим дод ва огоҳ намуд. Зеро ҳамеша бо саркӯб кардани андешаи фардӣ ба онҳо таълим дода мешавад, ки хирад надош­та бошанд. Шуур ва андеша ҳамеша саркӯб гардад, ононро ба беҳувиятӣ оварда мерасонад. Ин мардум гумон мекунанд, ки ҳамин шева аз тафаккур, ки реша дар тақлиди кӯркӯронаи онҳо аз дин дорад, асли он чизе ҳаст, ки бояд медонистанд ва дигар ҳеҷ ниёзе ба фаҳми ғайр аз ин надоранд. Ба онҳо бештар таъкид шудааст, ки аз суннати гузаштаҳои худ ба тарзи дастаҷамона ҳар гуна зуҳуротро шиносанд, на аз хиради хеш. Бештар чунин дастур аз ҷониби нафароне, ки мутаваллиён ё баҳрабардорони дукони бовармандианд, сурат мегиранд. Онҳо тақлидгарони худро ҳамеша дар пайравӣ аз худ дӯст медоранд. Ҳамеша мунтазиранд, ки мардум он чи аз ҷониби онҳо гуфта мешавад, бечунучаро қабул намоянд ва амалӣ созанд. Ин гурӯҳ ҳамеша вонамуд месозанд, ки асли ҳақиқатанд ва он чи аз ҷонибашон баён мегардад, ҳақиқати мутлақ аст.

Мардуми авом ҳеҷ гоҳ суолеро дар миён намегузоранд, ки бо такя кардан ба ин навъи бовар худро аз дарки ҳақиқат ва воқеияти айниву илмии ҷаҳон дур нигоҳ медоранд. Ҳеҷ гоҳ суол намекунанд, ки бо фиребидани боварҳои ботили дарунии худ фаҳмро аз масири зеҳнашон ба бероҳа кашонидаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ пурсиш намекунанд, ки чаро чунин ҷоҳил, мус­таманд ва вомондаанд ва ҳеҷ гоҳ аз гаронбаҳотарин неруи моҳиятӣ, яъне, аз хиради худ истифода наменоманд ва ба воситаи он худро аз ҷаҳолат раҳо намекунанд.

Тавре аз таҳлилҳои боло бармеояд, бояд тарбияти ҳувияти фардиро тақвият бидиҳем, кӯшиш намоем, то афроди ҷомеа ҳар воқеа, падида ё вазъро тавассути таҳлил, баррасӣ ва андеша мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор диҳанд. Онҳо бештар пайгири тафаккури ҷустуҷӯгар ва ҷаҳонбинии илмиву назарӣ бошанд. Бархӯрдашон ба худ, афроди ҷомеа ва ҳаводиси атроф воқеънигарона, мантиқӣ ва илмиасос бошад. Он гоҳ метавонем як ҷомеаи аз лиҳози илмию ҳувиятӣ қавӣ ва дар ҳоли пешрафтро ба вуҷуд оварем.

Ҳар қадар сафи нафарони дорои ҳувияти фардӣ дар ҷомеа афзояд, ҳамон андоза ҷомеа пешрафтаву пӯё мегардад. Фарди дорои ҳувияти фардӣ ҳатман дорои ҳувияти милливу иҷтимоӣ мешавад. Он соҳибназар аст ва андешаи дигаронро мавриди таҳлил қарор медиҳад ва аз он танҳо андешаеро қабул дорад, ки дорои воқеиятанд ва ё илман асонокшуда мебошанд. Инсони дорои ҳувияти фардиро зери таъсир қарор додан, мағзшӯӣ намудан сахт душвор аст, зеро он ҳама ҳаводису воқеиятро дар мизони хиради хеш бармекашад ва қазоват менамояд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа