Ҳифзи арзишҳои миллии даврони истиқлол

Дар раванди ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як силсила масъалаҳое рӯ ба рӯ гардид, ки ояндаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба чигунагии ҳалли онҳо сахт вобаста мебошад. Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақили ҷавон дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар нақши кишвари таъсирпазирро дошта, муқобилият ва истодагарии он дар баробари арзишҳо ва қонунмандиҳои ҷаҳонишавӣ то ҳадде душвор мебошад.

Истиқлоли Точикистон ба яке аз марҳалаҳои пуртаҳаввули таърихи инсоният рост омад. Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ ба хусусиятҳо, афкор ва фарҳанги миллӣ таҳдид намуда, рушди технология ба равнақи раванди ҷаҳонишавӣ мусоидат намуд. Яке аз падидаҳои ҷаҳонишавӣ дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ интернет ба ҳисоб меравад, ки ҳодисаҳои ҷаҳонро оҷилан ба тамоми сайёра мерасонад. Рӯ овардан ба технологияҳои навин талаби замон аст. Зеро интернет воситаест, ки мардумро ба сиёсат ва фарҳанги ҷаҳонӣ мепайвандад. Дар баробари ин, ҳаёти иҷтимоии шахс боз ҳам мураккабтар мегардад. Раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ, этникӣ, бегонашавии инсон аз худ, аз олами маънавии худ ва инчунин, аз олами гирду атроф, фаъолшавии фазои интернетиву иттилоотӣ ва ғайра то андозае барои ҳар як узви чомеа мушкилоти нав ба бор меоранд.

Дар ин раванд ҷаҳон ба эҳёи ахлоқи ҳамида, илм, фарҳанг ва маънавиёт ниёз дорад.

Илму фарҳанг дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд. Забон, адабиёт, таърих, манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаи Интернет ва воситаҳои ахбори омма дар тарбияи ахлоқию маънавии инсон нақши асосӣ доранд. Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии шаҳрванд наздик аст. Ҳарду аз ҳамдигар ғизо мегиранд ва дар тарбияи шаҳрвандӣ вазифаҳои муштаракро анҷом медиҳанд.

Омӯзиши консепсияи мазкур гувоҳи он аст, ки дар таркиби он зарурати дар раванди тарбияи насли наврас афзалият додани арзишҳои ахлоқию маънавии мардуми тоҷик, ки дар муддати садсолаҳо ташаккул ёфтааст, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода шудааст. Ахлоқи ҳамида ҳамчун маҳсули азхудкунии маънавию арзишии воқеияти ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа арзёбӣ шудааст. Тавре ки ҷомеашиносони мактабҳои гуногун нишон додаанд, ҳеҷ як аз низоми иҷтимоӣ, ҳеҷ як аз давлат наметавонад, бе низоми арзишҳои муттаҳидкунандаи аъзои он инкишоф ёбад. Миллате, ки аз арзишҳои худ маҳрум гардидааст, ба издиҳом табдил меёбад. Аз ин рӯ, бешубҳа, дар ташаккули арзишҳои мардум мақоми маориф дар ҷойи аввал қарор дорад.

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Арзишҳои муттаҳидкунандаи аъзои ҷомеа ҳамеша вобаста ба талаботи рушди он, зарурат ба такомул ва ҷустуҷӯи роҳҳои дар шуури мардум ҷой пайдо карданро доранд. Яке аз унсурҳои муҳимми дар ин самт истифодашаванда иттилоърасонӣ, таҳияи мақсадноки иттилоот мебошад. Аз ҷумла, дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла, Тоҷикистонро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошад.

Аз ин рӯ, аз ҷониби олимон пайваста таъкид мегардад, ки мавзуи фазои маҷозӣ ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ яке аз мавзуъҳои муб­рами рӯз ба шумор меравад. Зеро имрӯз созмонҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври васеъ истифода мекунанд. Технологияи тарғиботи ноаёни арзишҳои бегона ба дур намудани таваҷҷуҳи аъзои ҷомеа аз арзишҳои анъанавии ҷомеа замина мегузорад, ки барои истеҳкоми пояҳои давлати миллӣ хавфу хатари зиёд дорад. Субъектҳои мазкур бо мақсади таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ ва дур сохтани онҳо аз арзишҳои асили миллиямон дар гурӯҳҳои шабакавӣ, сомонаҳои интернетӣ дар бораи арзишҳои анъанавии ҷомеа иттилооти манфиро ба нашр расонида, бо ин роҳ кӯшиш менамоянд, ки нуфузу самаранокии арзишҳои бегонаро мусбат нишон диҳанд. Омили камбудию мушкилиҳои зиндагии одамонро маҳз дар пайравӣ аз арзишҳои миллӣ маънидод намуда, одамонро тадриҷан ба доми мафкураи зишти худ мекашанд. Мақсади ниҳоии чунин талошҳо, вайрон намудани ҷаҳонбинии одамон ва дар заминаи он, тағйир додани самти рафтори ҷамъиятии онҳо мебошад. Бинобар ин, афкори ҷамъиятии ҷомеа бояд ҳамеша тавассути таҳия ва татбиқи санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қобилияти муқобила намуданро бо чунин равандҳо инкишоф диҳад.

Хулоса, рушди устувори иҷти­моиву фарҳангии кишвар аз зами­наҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо вобаста аст. Барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ зарур буда, дар баробари ин, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ мақсади асосӣ аст. Амалӣ гардидани мақсадҳои олии давлат бе таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он, бе мавҷудияти тартиботи ҳуқуқӣ ва фазои орому босуботи ҷомеа ғайриимкон аст.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар тавассути эътироф, қабул ва дар амал татбиқ кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳаёти маънавии ҷомеа имкони бунёдгузории сохти усулан нави давлатдорӣ, аз ҷумла, давлати иҷтимоӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, қабули Конститутсия, баргузории интихоботи озоду демократӣ, қабули арзишҳои умумибашарию меъёрҳои эътирофгаштаи ҳуқуқҳои инсон, стандартҳои байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар сатҳи қонунӣ эътироф гардидани дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайра аз ҷумлаи комёбиҳои замони истиқлол ба шумор мераванд.

Суҳроб ЗОКИРЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, ёвари ректори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода